4 Октябр 2026,
якшанбе, 07:50, Душанбе
24.10.2024 11:25

БЕШ АЗ 26 ҲАЗОР ТОННА АНГУР ДАР ТУРСУНЗОДА ҶАМЪОВАРӢ ШУД

Дар шаҳри Тунсунзода дар ин мавсими сол беш аз 26 320 тонна ангур ҷамъоварӣ шудааст, ки 11 ҳазор тоннаи он аллакай содир шудааст. Дар ин бора мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода хабар медиҳад.

Гуфта мешавад, ки ҳоло дар анборҳои махсуси шаҳр 5800 тонна ангур захира карда шудааст. Дар шаҳр 78 камераи яхдон мавҷуд аст, ки иқтидори умумии онҳо беш аз 24 ҳазор тонна мебошад.

Бояд гуфт, ки кишоварзони таҷрибадори шаҳри Турсунзода дар самтҳои мухталифи ҳавзаи агросаноатӣ муваффақиятҳои назаррасро соҳиб шудаанд. Дар ин минтақа махсусан боғдориву парвариши ангур сол аз сол рушд мекунад.

Ёдовар мешавем, ки шаҳри Турсунзода дар маҷмуъ 4100 гектар токзор дорад, ки дар он навъҳои “Ҳусайнии сиёҳ”, “Ҳусайнии сайф”, “Ғалаба”, “Шоҳона”, “Пешпазак”, “Кишмиши сафед” ва ғайра парвариш карда мешаванд.

Dialog.TJ

Хатти хабарҳо