4 Октябр 2026,
якшанбе, 07:50, Душанбе
21.10.2024 11:46

Хатлон 56 фоизи маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистонро истеҳсол мекунад

Дар Форуми байналмилалии сармоягузорӣ-содиротии “Хатлон-инвест” таъкид шуд, ки истеҳсоли 56 фоизи маҳсулоти кишоварзии мамлакат ба вилояти Хатлон рост меояд.

Тибқи иттиллои мақомоти вилояти Хатлон 62 фоизи ғалла дар ҷумҳурӣ, 67 фоиза пахта, 52 фоизи пилла, 60 фоизи сабзавот, 78 фоиз маҳсулоти  зироати полезӣ, 60 фоиз гӯшт, 42 фоиз шир, 43 фоиз маҳсулоти саноатӣ дар ин вилоят истеҳсол мегардад.

Тибқи омор дар соли 2023 дар вилоят  1,1 миллион тонна ғалладона, 1.8 миллион тонна сабзавот, 227, 3 ҳазор тонна картошка, 276, 2 ҳазор тонна мева, 125 ҳазор тонна ангур ва 229 ҳазор тонна пахта истеҳсол шудааст.

Вилояти Хатлон солона 100 ҳазор тонна маҳсулоти кишоварзӣ ба хориҷ содирот менамояд.

Дар форуми “Хатлон-инвест” соҳибкорони дохиливу хориҷӣ ширкат намуда, оид ба имкониятҳои сармоягузорӣ дар вилоят ва стратегияи рушди он гуфтугӯ намуданд.

Dialog.TJ

Хатти хабарҳо