Иштирок ва суханронии вазири рушди иқтисод ва савдо дар муколамаи шарикони рушд
Дар ҳашт моҳ 995,2 ҳазор метри мураббаъ хонаи истиқоматӣ сохта ва ба истифода дода шудааст
Путин: “Русия барномаи ҳамла ба Аврупоро надорад”
Эрон: гузоришҳои расонаҳои Ғарб дар бораи музокирот бо Амрико дурӯғанд
Тоҷикистон ва Чин ҳамкориро дар бахши саноат тақвият медиҳанд
Тибқи Иттилои Вазорати саноат ва технологияҳои нави ҶТ, 17 октябри соли 2024 дар майдонҳои 26-уми форум-намоишгоҳи Байналмилалии "China Mining - 2024" мулоқоти Ҳайати Тоҷикистон бо муовини вазири саноат Ва технологияҳои иттилоотии Чин Ван Жиангпинг баргузор гардид.
Дар ҷараени мулоқот ҷонибҳо имкониятҳои густариши ҳамкориҳои дуҷонибаро дар бахшҳои калидии саноат, таҳкими заминаи шартномавию ҳуқуқии байни сохторҳои давлатии ҳар ду кишвар ва дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷӯҳи тарафайнро баррасӣ намуданд.
Тақвияти корҳои муштарак оид ба татбиқи муқаррароти созишномаи имзошуда байни вазорати саноат ва технологияҳои нави ҶТ ва Вазорати саноат Ва технологияҳои иттилоотии Чин, ки таъсиси парки инноватсионии саноатӣ, таҳкими ҳамкорӣ байни корхонаҳои саноатӣ ва тайер кардани мутахассисони баландихтисосро дар бар мегирад, қайд карда шуд.
Ғайр аз ин, вохӯриҳои Ҳайати Тоҷикистон бо Намояндагони China Minmetals ВА CNMC ташкил карда шуданд.
Ҷонибҳо оид ба самтҳои афзалиятноки ҳамкорӣ дар соҳаи истихроҷи маъдан ва таҳияи лоиҳаҳои муштарак дар соҳаи саноати кӯҳӣ мубодилаи афкор карданд.
Dialog.TJ
Хатти хабарҳо
Сергей Лавров: “Дабири кулли СММ ба манфиати кишварҳои аврупоӣ кор мекунад”
Ироқчӣ: “Шартҳои Эрон барои бозгушоии тангаи Ҳурмуз ба Амрико пешниҳод шуд”
Мақоми эронӣ: Трамп намедонад аз музокирот бо Эрон чӣ мехоҳад
Ҳайати амрикоии «Комиссияи ҷанги Афғонистон» бо Осим Мунир дидор кард