16 Июл 2025,
чоршанбе, 03:20, Душанбе
20.10.2024 12:40

ЯҲЁ СИНВОР ТАҚРИБАН ТАСОДУФӢ КУШТА ШУД. ДАР БОРАИ МАРГИ РОҲБАРИ ҲАМОС ЧӢ МАЪЛУМ АСТ?

Нерӯҳои Исроил беш аз як сол раҳбари Ҳамос - Яҳё Синворро, ки пас аз ташкили ҳамлаҳои террористии 7-уми октябр дар Ғазза нопадид шуд, шикор карданд.

Гуфта мешавад, ки Синвори 61-сола дар ин муддат асосан дар нақбҳои зери Ғазза бо як гурӯҳи муҳофизон ва дар зери ҳимояи қалъаи зиндаи гаравгонҳо, ки дар Исроил забт карда шуда буданд, пинҳон гардидааст.

Дар ниҳоят чунин ба назар мерасад, Синворро дар натиҷаи вохӯрии тасодуфӣ бо посбонони исроилӣ дар ҷануби Ғазза дастгир карданд. Дар он вақт як гурӯҳи хурд Синворро муҳофизат мекардаанд. Аммо дар наздикии он гаравгонҳо ёфт нашудаанд.

Тафсилоти марги ӯ кам аст. Мо ҳама маълумотеро, ки дар ин бора маълум аст, ҷамъ овардем.

ПОСБОНОНИ МАЪМУЛӢ

Тибқи маълумот рӯзи чоршанбе қисми ҳарбии 828-и "Бисламаҳ" ноҳияи Рафаҳи Тал-ал-Султон посбонӣ мекард.
Низомиён се нафарро диданд, ки дар ҷустуҷӯи паноҳгоҳ ба сӯи хонаҳои наздиктарин давиданд. Дар натиҷа посбонони исроилӣ ба сӯйи онҳо оташ кушоданд.

Яке аз онҳо ба хонаи харобшуда давид ва баъд ба он ҷо як ҳавопаймои хурди бесарнишин ворид шуда, лаҳзаҳои охири ҳаёти ин мардро ба навор гирифт.

Дар наворҳои нашркардаи рӯзи панҷшанбеи Артиши дифои Исроил (САХАЛ) дида мешавад, чӣ гуна ин инсони фирорӣ кӯшиш мекунад, ки дар байни партовҳои ошёнаи якуми бино пинҳон шавад. Аз ҳаракатҳои ӯ бармеояд, ки вай аз дасташ захмӣ шудааст. Вақте дрон ба ӯ наздик мешавад, бо дасташ чӯберо ба сӯйи дрон ҳавола медиҳад.

Дар наворҳои нашркардаи рӯзи панҷшанбеи Артиши дифои Исроил маълум шуда, ки фарде дар миёни ошёнаи якуми бино, рӯйи мехрубаҳо пинҳон шудааст. Баъдан маълум мешавад, ки ин фард Яҳё Синвор аст. Ҳоло маълум нест, ки ӯ дар натиҷаи ҳамлаи дрон кушта шудааст ё дар натиҷаи тирпаронӣ аз ҷониби посбонони исроилӣ. Танҳо маълум аст, дар ихтиёри Сахал аксҳое ҳастанд, ки дар онҳо дида мешавад, Синвор аз сараш захмӣ шуда, ба замин афтодааст.

АНГУШТ БАРОИ ТАШХИС

Дар ҷараёни ҷанг ва тирпаронӣ тасаввур мешуд, ки ҳамаи ҷангиён мурдаанд ва низомиён ҷойи ҳодисаро тарк намуданд. Рӯзи дигар ба он ҷо баргаштанд.

Дар ҷараёни тафтиши ҷасадҳои кушташудагон маълум гардид, ки яке аз онҳо ба пешвои Ҳамос хеле монанд аст.
Низомиён бо сабаби мавҷудияти минаҳо ба ҷасад даст нарасониданд, вале қисми ангушти кушташударо барои ташхис ба Исроил фиристоданд. Баъдтар, пас аз риояи тамоми меъёрҳои амниятӣ ҷасад ба Исроил оварда мешавад.

Барои тасдиқи шахсияти ӯ чанд соате лозим шуд ва дар давоми он санҷишҳои дандон, изи ангушт ва ДНК гузаронида шуданд. Дар натиҷа низомиёни исроилӣ муайян намуданд, ки шахси кушташуда Яҳё Синвор аст.

Дар шарҳи марги Синвор, сарвазири Исроил Бинёмин Натаняҳу гуфт, ки “ба бадӣ зарба задаанд”, вале боз ҳушдор дод, ки ҷанг дар Ғазза ҳанӯз ба анҷом нарасидааст.

Яҳё Синвор дар ҷараёни фирор шикор шуд. Вай на ҳамчун фармондеҳ, балки ҳамчун шахсе, ки танҳо дар бораи худ ғамхорӣ мекард, мурд. Ин як сигнали возеҳ ба ҳамаи душманони мост, таъкид кард вазири дифои Исроил.

ҲАЛҚАИ АНГУШТАРИН ТАНГ ШУД

Дар изҳороти худ намояндаи расмии Сахал Даниэл Хагари қайд кард, ки дар лаҳзаи бархӯрд бо посбонони исроилӣ ҳамроҳи Синвор ҳеч муҳофизе вуҷуд надошт. Ин, ба андешаи фармондеҳи Исроил метавонад он маъноеро дошт бошад, ки ин гурӯҳ кӯшиш мекард бехабар ҳаракат кунад ё дар атрофи Синвор талафоти калон ба амал орад. Дар ҷойи тирпаронӣ гаравгонҳое набуданд, ки Синвор онҳоро ҳамчун "қалъаи зинда" истифода мебурда бошад.

Бо вуҷуди он ки Синвор дар амалиёти мақсаднок кушта нашудааст, Сахал изҳор дошт, ки дар тӯли якчанд ҳафта ҷосусӣ ҳузури ӯро дар ин минтақа нишон дод ва низомиён дар он ҷо тасодуфан амал накардаанд.

Неруҳои исроилӣ радиуси ҷустуҷӯи Синворро то ноҳияҳои ҷанубии Рафаҳ танг карданд ва оҳиста-оҳиста ба сӯйи макони он ҳаракат намуданд. Синвор зиёда аз як сол фирорӣ буд. Вай бешубҳа ҳис мекард, ки фишори Исроил меафзояд. Дар тӯли чанд моҳ Исроил тавонист дигар пешвоёни Ҳамосро, ба монанди Муҳаммад Дейф ва Исмоил Ҳанияро пайдо ва нест кунад. Илова ба ин, Исроил пайваста инфрасохторро вайрон кард, ки дар он ҷангиён метавонанд пинҳон шаванд. Дар изҳороти Сахал гуфта мешавад, ки амалиёти ҳафтаҳои охир дар ҷануби Ғазза бахши “ҳаракати оперативии Яҳё Синворро маҳдуд кард”.

Рӯзи ҷумъа Ҳамос изҳороте нашр кард ва итминон дод, ки бо марги роҳбари Созмон ҳаракати муқовимати мардуми Фаластин хотима нахоҳад ёфт. Дар ин изҳорот гуфта мешавад, ки дар тӯли таърихи гурӯҳ пас аз ҳар куштори шахси барҷаста, онҳо қавитар шудаанд: "Бале, аз даст додани одамони маҳбуб, бахусус пешвоёни барҷаста, ба мисли Яҳё Синвор хеле дардовар ва аламнок аст, аммо он чизе ки мо итминон дорем, ин аст, ки мо дар ниҳоят пирӯз хоҳем шуд - барои ҳамаи онҳое, ки барои озодии худ мубориза мебаранд ва бояд чунин бошад.” 

ҲАДАФИ БУЗУРГ, АММО НА ОХАР

Куштани Синвор яке аз ҳадафҳои асосии низомии Исроил пас аз ҳамлаи террористии 7-уми октябр буд. Аммо марги ӯ маънои анҷоми ҷанги Ғаззаро надорад. Ба гуфтаи Бенёмин Натаняҳу амалиёт ҳадди аққал то озод кардани гаравгонҳое, ки ҳанӯз ҳам аз ҷониби Ҳамос нигоҳ дошта мешаванд, идома меёбад.

"Ман ба оилаҳои гаравгонони азиз мегӯям: ин як лаҳзаи муҳим дар ҷанг аст. Мо то он даме, ки ҳамаи наздикони шумо ва наздикони мо дар хона набошанд, муборизаро пурра идома хоҳем дод", - гуфт Натаняҳу.

Наздикони гаравгонҳо умедвор ҳастанд, ки баъди марги Синвор Натаняҳу ба хотири бозгашти гаравгонҳо оташбас мекунад.

Манбаъ: бахши русии "BBC"

Хатти хабарҳо

14.07.2025 10:08

Шоҳин Муродов: “Дар блогинги тоҷик шахсони ҳирфаӣ кам ҳастанд”

Дуруст аст, ки роҳи расидан ба муваффақият ҳамвор нест ва ҳар кас аз ноҳамвориҳои зиёд мегузарад. Илова бар ин, ҳеч кас пешгӯӣ карда наметавонад, ки дар кадом соҳа муваффақ шуда метавонад, зеро бисёриҳоро медонем, ки дар касбу кори тамоман дигар комёб шудаанд. Яке аз чунин касон ҳамсуҳбати мо Шоҳин Муродов мебошад.
13.07.2025 08:59

И. Усмонов: “Ҳамкорӣ бо Русия агар аз ҳарду тараф софдилона иҷро шавад, ба ҳарду тараф ҳам фоида меорад”

Дар шаҳри Маскав бо ташаббуси мақомоти масъули идеологии Федератсияи Русия, аз ҷумла Дастгоҳи иҷроияи Президенти Русия, Вазорати корҳои хориҷӣ ва як қатор муассисаҳои таҳсилоти олии соҳавӣ, аз ҷумла Донишгоҳи иқтисод ва сиёсати хориҷии ба номи Е.М. Примаков, Форуми байналмилалии илмӣ-коршиносии “Хонишҳои Примаков” баргузор гардид. Дар маросими кушодашавии он, ки рӯзи 23-уми июн баргузор гардид, Юрий Ушаков, ёрдамчии Президенти Федератсияи Русия, муовини Думаи давлатӣ ва Дмитрий Песков, сухангӯи Президенти Русия иштирок ва суханронӣ намуданд. Рӯзи дуюми чорабинӣ Сергей Лавров, вазири корҳои хориҷии Русия суханронӣ кард.
12.07.2025 10:26

Меҳрнигори Рустам: “Агар суруди миллиро намедонистам...”

Шоми гузашта дар шабакаҳои иҷтимоӣ як навори кӯтоҳе ба гардиш даромад, ки дар он сарояндаи шинохтаи тоҷик Меҳрнигори Рустам суруди миллиро қироат карда, дар мисраи дуюми он хато мекунад. Дар шарҳи навори мазкур корбарон ҳар гуна суханҳои қабеҳ гуфтанд.
12.07.2025 10:21

Ироқчӣ: “Агар Амрико кафолат диҳад, ки ба Эрон ҳамла намешавад, ба музокира бармегардем”

Сайид Аббос Ироқчӣ, вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон дар гуфтугӯ бо рӯзномаи “Ле Монд” –и Фаронса гуфт, ки Эрон ҳамеша ба музокирот бар асоси иззат, мантиқ ва эҳтироми мутақобил пойбанд буда. Ӯ дар ин хусус афзуд, ки ҳамеша миёни Эрон ва кишварҳои дигар тамосҳои дипломатӣ ҷараён дорад.
12.07.2025 10:07

Эмомалӣ Раҳмон оғози сохтмони корхонаи сурмаи Айниро расман эълон намуданд

Эмомалӣ Раҳмон, президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи сафари расмӣ ба ноҳияи Айнӣ ба таври маҷозӣ оғози сохтмони корхонаи истихроҷи сурмаи ҶСК “Паҳандра Майнинг”-ро эълон карданд. Дар ин бора дафтари матбуоти президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар додааст.
12.07.2025 09:48

Ӯзбекистон гузориши СММ дар бораи Гулнора Каримоваро беасос номид

Ҳукумати Ӯзбекистон ба изҳороти ахири Гурӯҳи кории Шурои ҳуқуқи башари СММ оид ба боздоштҳои худсарона, ки дар он масъалаи боздошти духтари президенти пешин Ислом Каримов — Гулнора Каримова баррасӣ шуда буд, вокуниш нишон дод.