1 Октябр 2026,
панҷшанбе, 04:21, Душанбе
18.10.2024 10:26

Бонки миллии Тоҷикистон ба фаъолияти бонки нав дар кишвар иҷоза дод

Бонкии миллии Тоҷикистон ба фаъолияти бонки нав – Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи “Фридом Бонк Тоҷикистон” ва низоми интиқоли амалиёт бо асъори хориҷӣ иҷозатнома дод.

Фирдавс Толибзода, раиси Бонки миллии Тоҷикистон дар маросими супоридани иҷозатнома бар сарпарасти раёсати ҶСП “Фридом Бонк Тоҷикистон” гуфтугӯ намуда, барои густариши шабакаи фаъолияти Бонк, ҷалби амният ва пасандозҳо, додани қарзҳо, кушодани воҳидҳои сохторӣ дар минтақаҳои ҷумҳурӣ, зиёд намудани хизматрасониҳои бонкӣ, ҷорӣ намудани хизматрасониҳои рақамӣ ва ғайра тавсияҳо дод.

Сарпарасти ҶСП “Фридом Бонк Тоҷикистон” дар гуфтугӯ бо раиси Бонки миллии Тоҷикистон таъкид кард, ӯ талош хоҳад кард, то ҶСП “Фридом Бонк Тоҷикистон” дар низоми бонкӣ мавқеи муносиб пайдо намуда, дар бозори хизматрасонии бонкӣ аз имкониятҳои мавҷуд истифода кунад.

Дар баробари додани иҷозатнома ба фаъолияти бонки нав дар Тоҷикистон, Бонки миллии Тоҷикистон ба низоми интиқоли пули “Unionpay international” низ иҷозатномаи фаъолият дод.

Dialog.tj 

Хатти хабарҳо

30.09.2026 15:45

Манзаралӣ Шералӣ: “Филми хуб ҳам худаш тамошобинро пайдо намекунад”

Аз 22-юми октябр дар кинотеатрҳои кишвар филми «Хуршеду Моҳ» ба намоиш гузошта мешавад. «Хуршеду Моҳ филми нави ошиқона буда, дар бораи ишқи нокоми Хуршед ва Моҳ қисса мекунад. Dialog.tj бо коргардон ва муаллифи филмномаи «Хуршеду Моҳ» Манзаралӣ Шералӣ суҳбат кард, ки фишурдаи онро пешкаши хонандагон мекунем.
30.09.2026 15:04

Тоҷикистон ва Қатар дар бораи сармоягузорӣ дар Тоҷикистон гуфтугӯ карданд

Мақомоти Тоҷикистону Қатар масъалаи сармоягузорӣ ва амалӣ намудани лоиҳаҳои муштараки иқтисодии ду кишварро мавриди баррасӣ қарор доданд. Дар мулоқоти мақомоти ду кишвар раванди иҷрои лоиҳаи “Диёри Душанбе” мавриди гуфтугӯ қарор гирифт.
30.09.2026 14:33

Гардиши савдои Қазоқистон бо Тоҷикистон 25 фоиз афзоиш ёфтааст

Гардиши тиҷорати Қазоқистон ва Тоҷикистон дар ҳафт моҳи соли 2026 назар ба ҳамин давраи соли гузашта 25 фоиз зиёд шудааст. Ҳаҷми савдои ду кишвар дар ин давра ба тақрибан 855 миллион доллар расидааст.
30.09.2026 06:37

Маркази хабарнигорони Афғонистон: тақрибан 300 хабарнигор ва корманди расонаӣ аз сӯйи Толибон боздошт шудаанд

Маркази хабарнигорони Афғонистон эълом кардааст, ки аз замони тасаллути гурӯҳи террористии Толибон дар соли 2021, тақрибан 300 хабарнигор ва корманди расонаӣ ба иттиҳоми риоя накардани дастурҳои сахтгиронаи расонаии ин гурӯҳ боздошт ё зиндонӣ шудаанд.