4 Октябр 2026,
якшанбе, 08:30, Душанбе
12.10.2024 17:19

Дар НБО “Себзор”-и ноҳияи Роштқалъаи ВМКБ 50 фоизи корҳо анҷом ёфтаанд

Аз рӯйи маълумоти роҳбарияти корҳои сохтмонии Нерӯгоҳи барқи обии “Себзор” айни ҳол дар ин нерӯгоҳ корҳои бунёдӣ дар се мавзеъ идома дорад.

Гуфта мешавад, ки дар банду басти таҷҳизоти дастгоҳҳои истеҳсоли барқ хобондани қубурҳо, ки аз тариқашон ба чархҳои агрегатҳо об равона мегардад ва дар сарбанди нигаҳдории об кор дар ҷараён аст. Корҳои асосии бетонрезӣ бошад дар пеш буда, барои анҷоми онҳо зиёда аз 200 ҳазор кубаметр бетон зарур дониста мешавад. Деворҳои бинои дастгоҳҳои истеҳсоли нерӯи барқ тавассути арматурбандӣ бардошта шуда, дар даруни он корҳои дигари васлкунӣ идома доранд.

Дар ин сохтмон ҳамаи таҷҳизоти дастгоҳҳои истеҳсоли барқ аз кишвари Чин дастрас гардида, зери роҳбарии муҳандисони чинӣ ва бо нерӯи кормандони ҳайати муҳандисӣ техникии Ширкати “Помир-энерҷӣ” банду баст мегардад. Дар сохтмон зиёда аз 80 фоизи муҳандисонро ҷавонон ташкил медиҳанд, ки ҳамаи онҳо дорои маълумоти олии техникӣ мебошанд.

Бояд гуфт, ки ин мавзеъ яке аз муҳимтарин қитъаҳои сохтмонии вилоят мебошад. Аз рӯйи иттилои ҳайати муҳандисӣ-техникӣ бунёди НБО “Себзор” аз дигар нерӯгоҳҳо, ки дар ҳудуди ВМКБ амал менамоянд, ба куллӣ фарқ мекунад.

Фаъолияти ҳамаи қисмҳои техникии НБО “Себзор” бо техникаи электронӣ муҷҷаҳаз ва аз тариқи дастгоҳҳои худкор назорат мегардад. Се дастгоҳи истеҳсоли барқ дар маҷмуъ 11 мегаВатт нерӯи барқ истеҳсол намуда, ҳаҷми оби ба чархҳои агрегатҳо воридшаванда, дар тамоми фаслҳои сол бе тағйир мемонад.

Ёдовар мешавем, ки бунёди НБО “Себзор” аз ҷиҳати устувории лоиҳа дар ҷаҳон дар яке аз мақомҳои пешқадам ҷо дошта, аз тарафи Ассотсиатсияи ҷаҳонии “Рушди устувори барқ” соҳиби сертификати тилло гардидааст.

Dialog.TJ

Хатти хабарҳо