18 Ноябр 2026,
чоршанбе, 14:31, Душанбе
18.11.2026 09:02

Чин: Бо ҳамаи кишварҳо ҳамкорӣ мекунем

Си Ҷинпин, роҳбари Чин мегӯяд, ки новобаста аз тағйироти вазъи байналмилалӣ, сиёсати кишвараш дар самти ҳамкорӣ бо ҳамаи давлатҳои ҷаҳон тағйир нахоҳад кард.

Ӯ ин нуктаро субҳи рӯзи чоршанбе зимни суханронӣ дар маросими ифтитоҳи нишасти Созмони ҳамкориҳои иқтисодии Осиё ва Уқёнуси Ором (APEC) дар шаҳри Шэнҷен баён кардааст.

Си Ҷинпин гуфтааст, ки Чин ба ҳамкорӣ бо ҳамаи кишварҳо ва ба даст овардани натиҷаҳои судманд барои ҷонибҳо идома медиҳад.

Ба гузориши хабаргузориҳо, роҳбари Чин ҳамчунин, таъкид кардааст, ки кишварҳо бояд ба рушди мардуммеҳвар таваҷҷуҳ зоҳир карда, ҳамкориҳои иқтисодӣ ва фанновариро бо кишварҳои рӯ ба рушд тақвият диҳанд.

Ба гуфтаи ӯ, Осиё ва Уқёнуси Ором ба шарофати суботи дарозмуддати минтақаӣ ба яке аз муҳаррикҳои асосии рушди иқтисоди ҷаҳонӣ табдил ёфтааст.

Си Ҷинпин афзудааст, ки Пекин омода аст бо кишварҳои узви APEC барои таҳкими эътимод, рафъи мушкилот ва бунёди ҷомеаи муштараки Осиё ва Уқёнуси Ором ҳамкорӣ кунад.

Вай ҳамчунин, аз кишварҳои пешрафтаи иқтисодии узви ин созмон даъват кардааст, ки ҳамкориро дар соҳаи навовариҳои фанноварӣ густариш диҳанд, дар бахшҳои иқтисоди рақамӣ ва ҳуши маснуӣ ҳамкории бештар дошта бошанд ва аз низоми тиҷорати бисёрҷониба бо меҳварияти Созмони ҷаҳонии тиҷорат ҳимоят кунанд.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

18.11.2026 14:21

Ёсин Зиё ба Ҳайбатуллоҳ: “Мо барои курсӣ намеҷангем, барои озодӣ меҷангем”

Роҳбари Ҷабҳаи озодии Афғонистон дар вокуниш ба изҳороти ахири роҳбари гурӯҳи террористии Толибон Мулло Ҳайбаттулоҳ гуфт, ки пешниҳоди Ҳайбатуллоҳ Охунзода дар хусуси ҷалби мухолифон ба сохтори ҳукумат наметавонад онҳоро аз мубориза бар зидди Толибон боз дорад.
18.11.2026 14:09

Талаби 55 сол ҳабс: Ҷузъиёти парвандаи Мансур Манучеҳрӣ аз сӯи Вазорати адлияи Амрико нашр шуд

Вазорати адлияи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ҷузъиёти шаҳрванди Тоҷикистон Мансур Манучеҳриро нашр кард. Ӯ ба иттиҳоми ҳамкорӣ ва маблагузаронӣ ба ДОИШ як сол қабл боздошт шуда буд.
18.11.2026 13:17

Муовини вазири дифои Русия аз Пойгоҳи низомии 201 дар Тоҷикистон боздид кард

Муовини вазири дифои Русия, генерал-лейтенант Павел Фрадков дар ҷараёни сафари корӣ ба Тоҷикистон аз Пойгоҳи низомии 201-уми ин кишвар боздид карда, ба анҷоми сохтмони як қатор иншооти низомию иҷтимоӣ дастур додааст.
18.11.2026 13:13

Самтҳои афзалиятноки ҳамкории Тоҷикистон ва UNCCD муҳокима шуданд

Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳодур Шерализода бо котиби иҷроияи Конвенсияи СММ оид ба мубориза бо биёбоншавӣ (UNCCD) Ясмин Фуад мулоқот намуд.
18.11.2026 12:12

Дурнамои ҳамкории Тоҷикистон ва Амрико дар дидори Сарвари давлат бо Кристофер Ландау баррасӣ гардид

Имрӯз, 18-уми ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муовини Котиби давлатии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Кристофер Ландауро ба ҳузур пазируфтанд.
18.11.2026 10:38

“Тарс аз Эрон”. Мақомоти амрикоӣ аз тарси Эрон ба паноҳгоҳҳо мераванд

Дар тӯли як ҳафтаи ахир лаҳни гуфтори мақомоти Эрону Амрико тағйир карда ва онҳо ҳамдигарро ба ҳамлаи мутақобил таҳдид мекунанд. Амрико аз тарси ҳамлаи Эрон ба мақомоти олирутбааш онҳоро дар маконҳои муҳофизатшуда ҷо дода ва иддао мекунад, ки Эрон дар пайи террори мақомоти амрикоӣ ва ҳамлаи, ҳатто кимиёӣ ба Амрико аст.
18.11.2026 09:02

Чин: Бо ҳамаи кишварҳо ҳамкорӣ мекунем

Си Ҷинпин, роҳбари Чин мегӯяд, ки новобаста аз тағйироти вазъи байналмилалӣ, сиёсати кишвараш дар самти ҳамкорӣ бо ҳамаи давлатҳои ҷаҳон тағйир нахоҳад кард.
18.11.2026 07:32

Бонки аврупоии таҷдид ва рушд: сармоягузорӣ дар Тоҷикистон 44,9 фоиз афзоиш ёфтааст

Ҳаҷми сармоягузорӣ дар Тоҷикистон дар 9 моҳи соли 2026 нисбат ба ҳамин давраи соли гузошта 44,9 фоиз афзоиш ёфтааст. Дар ин давра маҷмуи маҳсулоти дохилии Тоҷикистон низ 8,3 фоиз зиёд шудааст.