Тоҷикистон дар Конфронси Доҳа ояндаи алоқаи ҷаҳонӣ ва рушди технологияҳои рақамиро баррасӣ кард
Ба Тоҷикистон беш аз 1, 5 миллион сайёҳи хориҷӣ омадаанд
Тоҷикистон низоми идоракунии рақамӣ ва истифодаи ҳуши маснуӣ дар соҳаи энергетикаи Қазоқистонро меомӯзад
Баррасии масъалаи сохтмони неругоҳҳои барқи офтобӣ ва бодӣ миёни Тоҷикистону Бонки Исломии Рушд
“Ҳамлаҳои Украина интернетро халалдор кард”. Тоҷикистон ба Чин роҳ мекушояд. Қудратҳо барои ояндаи рақамӣ дар Осиёи Марказӣ рақобат мекунанд
Ҳамлаҳои паҳподӣ ба марказҳои коркарди маълумоти Русия дар моҳи октябр фаъолияти бархе аз хизматрасониҳои рақамиро дар кишварҳои Осиёи Марказӣ халалдор карданд. Дар ҳамин замина, Тоҷикистон хатти нави нахи оптикиро аз тариқи Помир ба Чин ба кор андохт. Ин тарҳ на танҳо имкони пайвасти мустақим ба шабакаҳои интернетии Осиёро фароҳам меорад, балки метавонад мавқеи кишварро дар рақобати геополитикӣ барои назорат ва рушди инфрасохтори рақамии минтақа тағйир диҳад.
Рӯзи 17-уми октябр дар Душанбе як лоиҳа ба истифода дода шуд, ки аҳамияти он аз ҳудуди соҳаи алоқа берун меравад. Хатти нави нахи оптикӣ, ки аз Душанбе тавассути Хоруғ ва ағбаи Қулма ба қаламрави Чин мерасад, Тоҷикистонро бо яке аз марказҳои муҳимми мубодилаи интернетии минтақаи Осиё ва Уқёнуси Ором мепайвандад.
Ин хабар дар шароите нашр шуд, ки масъалаи амнияти рақамӣ дар Осиёи Марказӣ дигар танҳо мавзуи муҳандисон ва ширкатҳои телекоммуникатсионӣ нест. Вобастагии кишварҳои минтақа аз марказҳои коркарди маълумот ва шабакаҳои хориҷӣ онҳоро дар баробари қатъшавии хизматрасониҳо, ҳамлаҳои киберӣ ва ноустувории инфрасохтори берунӣ осебпазир мекунад.
Рӯзномаи “South China Morning Post” дар мақолае, ки рӯзи 10-уми ноябр бо номи “Раҳоӣ аз шабакаҳои Русия: Осиёи Марказӣ миёни шабакаҳои Чин ва маҳдудиятҳои технологии ИМА” нашр кард, ин масъаларо таҳлил кардааст.
Муаллифи мақола Лора Чжоу менависад, ки ҳамагӣ чанд рӯз пас аз ҳамлаи паҳподҳои Украина ба се маркази коркарди маълумоти Русия, ки фаъолияти барномаҳои таксӣ, расонидани молу маҳсулот ва пардохтҳои электрониро дар Осиёи Марказӣ халалдор карданд, Тоҷикистон хатти нави интернетиро миёни Душанбе ва Пекин ба кор андохт.
Ба навиштаи ин расона, хатти мазкур аз кӯҳҳои Помир мегузарад ва имкони пайвасти мустақим ба Ҳонконгро фароҳам меорад. Ҳонконг яке аз бузургтарин нуқтаҳои мубодилаи трафики интернетӣ дар минтақаи Осиё ва Уқёнуси Ором ба шумор меравад.
Помир ҳамчун долони нави рақамӣ
Хатти алоқа аз Душанбе оғоз шуда, тавассути Хоруғ, ағбаи Қулма ва Қаросӯ ба Пекин мерасад. Дарозии қитъаи Тоҷикистон 1010 километрро ташкил медиҳад, ки 435 километри он аз минтақаҳои кӯҳистонии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мегузарад.
Дар нуқтаи пайвастшавӣ ба шабакаи Чин, дар ағбаи Қулма, хатти нахи оптикӣ аз баландии 4363 метр аз сатҳи баҳр мегузарад. Аз он ҷо маълумот тавассути инфрасохтори телекоммуникатсионии Чин ба самти Пекин интиқол меёбад.
Дар марҳилаи аввал иқтидори техникии ин хат то як терабит дар як сония муайян шудааст. Тибқи маълумоти “Тоҷиктелеком”, дар оянда имкони зиёд кардани ин нишондиҳанда то 10 терабит дар як сония вуҷуд дорад. Ин панҷумин нуқтаи байналмилалии пайвасти телекоммуникатсионии Тоҷикистон мебошад. Ширкати “Тоҷиктелеком” оғози кори ин долонро як қадами стратегӣ номидааст.
Бахтовар Абдусатторзода, директори генералии ширкат гуфтааст: “Ба кор андохтани долони байналмилалии рақамии Тоҷикистон ва Чин як қадами стратегӣ мебошад, ки мавқеи кишвари моро ҳамчун маркази рақамии Осиёи Марказӣ тақвият мебахшад”.
Лу Ҷин, намояндаи “China Mobile International” дар минтақаи Авруосиё низ таъкид кардааст, ки ин долон метавонад барои табдили рақамии минтақа ва рушди иқтисоди рақамии ҷаҳонӣ заминаи боэътимод фароҳам оварад.
Аммо аҳамияти асосии лоиҳа танҳо дар зиёд шудани суръати интиқоли маълумот нест. Барои Тоҷикистон, ки кишваре бе роҳи мустақим ба баҳр ва бо релефи мураккаби кӯҳистонӣ мебошад, пайдо кардани масирҳои алтернативии алоқа масъалаи амнияти иқтисодӣ ва технологӣ низ ҳаст.
Вобастагӣ аз Русия ва осебпазирии шабакаҳои минтақа
То солҳои охир қисми муҳимми пайвасти байналмилалии интернетии Тоҷикистон тавассути шабакаҳои кишварҳои ҳамсоя, аз ҷумла масирҳое, ки ба инфрасохтори Русия мепайванданд, таъмин мешуд. Ин ҳолат на танҳо ба Тоҷикистон хос аст. Бисёре аз кишварҳои Осиёи Марказӣ барои дастрасӣ ба шабакаҳои байналмилалӣ аз хатҳои нахи оптикӣ ва марказҳои коркарди маълумоти берун аз ҳудуди худ истифода мекунанд. Оқибатҳои чунин вобастагӣ моҳи октябр равшантар зоҳир шуданд.
Бино ба гузориши хабаргузории “Ассошиэйтед пресс” (Associated Press) ҳамлаҳои паҳподии Украина ба чанд маркази бузурги коркарди маълумоти Русия фаъолияти як қатор хизматрасониҳои рақамиро халалдор карданд. Дар миёни ширкатҳои осебдида Яндекс, Сбербанк ва ВК (VK) низ буданд. Пас аз ин ҳодисаҳо мушкилот дар кори барномаҳои таксӣ, тиҷорати электронӣ, хизматрасониҳои абрӣ ва баъзе низомҳои пардохтӣ ба мушоҳида расиданд.
Нашрияи “Bne IntelliNews” низ 13-уми октябр хабар дод, ки қатъшавии хизматрасониҳои Яндекс дар Қазоқистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон мушкилоти воқеии вобастагии рақамии минтақаро ошкор кард. Дар ин миён Тоҷикистон низ аз ин раванд хулосаи муҳим гирифта метавонад: фаъолияти иқтисоди рақамӣ наметавонад танҳо ба як ё ду масири байналмилалии интиқоли маълумот такя кунад.
Таҳлилгарони Маркази Карнегӣ (Carnegie Endowment for International Peace) низ дар баррасии вазъи инфрасохтори рақамии Осиёи Марказӣ ба масъалаи норасоии масирҳои алтернативӣ ишора мекунанд. Ба арзёбии онҳо, ҳатто мавҷудияти шабакаҳои дохилии нахи оптикӣ кафолати устувории интернет нест. Барои таъмини амнияти рақамӣ кишварҳо бояд чандин масири мустақил ва нуқтаҳои гуногуни пайвастшавӣ дошта бошанд.
Аз ин нуктаи назар, хатти нави Душанбе–Пекин метавонад як роҳи эҳтиётӣ ва ҳамзамон алтернативаи муҳим барои шабакаи байналмилалии Тоҷикистон бошад.
Чин: шарики технологӣ ё маркази нави вобастагӣ?
Пайвасти мустақим ба Чин барои Тоҷикистон имкониятҳои нав мекушояд. Аммо он ҳамзамон масъалаи дигареро ба миён мегузорад: оё кишвар бо коҳиш додани вобастагӣ аз инфрасохтори Русия ба вобастагии бештар аз технологияҳои Чин рӯ ба рӯ намешавад?
Пекин солҳои охир ҳузури худро дар бозори технологияҳои иттилоотӣ ва алоқаи Осиёи Марказӣ тақвият додааст. Ширкатҳои чинӣ дар сохтмони шабакаҳои нахи оптикӣ, таҷҳизоти телекоммуникатсионӣ, низомҳои алоқаи мобилӣ ва инфрасохтори рақамӣ фаъоланд.
Мувофиқи маълумоти Идораи тиҷорати байналмилалии ИМА, бахши технологияҳои иттилоотӣ ва алоқаи Тоҷикистон то андозае ба таҷҳизоти ширкатҳои чинӣ, аз ҷумла “Huawei” ва “ZTE”, такя мекунад. Дар баробари ин, ширкатҳои Русия низ дар бозори алоқаи кишвар ҳузур доранд. Ин вазъ Тоҷикистонро дар миёни ду маркази бузурги технологии минтақа қарор медиҳад.
Аз як тараф, Чин метавонад бо сармоягузорӣ ва технологияҳои худ рушди инфрасохтори рақамии кишварро суръат бахшад. Аз тарафи дигар, маҳдудиятҳои содиротии ИМА нисбат ба бархе аз технологияҳои пешрафта ва рақобати Вашингтон бо Пекин метавонанд барои кишварҳои хурди минтақа интихоби шарикони технологиро мураккабтар кунанд.
Дар чунин шароит барои Душанбе муҳим аст, ки сиёсати рақамии худро танҳо ба интихоби як шарики хориҷӣ маҳдуд насозад. Доштани масирҳои гуногуни алоқа, дастрасӣ ба технологияҳои гуногун ва ҳифзи маълумоти миллӣ метавонанд аз омилҳои асосии амнияти рақамӣ бошанд.
Аз интернети баландсуръат то иқтисоди ҳуши маснуӣ
Долони нави рақамӣ метавонад барои Тоҷикистон на фақат воситаи дастрасӣ ба интернет, балки заминаи ҷалби сармоя ба соҳаҳои нав бошад. Яке аз самтҳое, ки дар ин замина бештар мавриди таваҷҷуҳ қарор мегирад, таъсиси марказҳои коркарди маълумот ва истифодаи ҳуши маснуӣ мебошад.
Чунин марказҳо барои нигоҳдорӣ, коркард ва таҳлили ҳаҷми бузурги маълумот истифода мешаванд. Онҳо ба неруи барқи зиёд, пайвасти устувори интернет ва таҷҳизоти махсуси компютерӣ ниёз доранд. Тоҷикистон дар ин рақобат як бартарии муҳим дорад: захираҳои бузурги гидроэнергетикӣ.
Истеҳсоли неруи барқ аз манбаъҳои обӣ метавонад барои рушди марказҳои маълумот ва инфрасохтори зеҳни сунъӣ имконият фароҳам оварад. Агар ин захира бо шабакаҳои устувори алоқа ва муҳити муносиб барои сармоягузорӣ пайваст шавад, кишвар метавонад ба яке аз нуқтаҳои ҷолиби рушди хизматрасониҳои рақамӣ дар минтақа табдил ёбад.
Таҳлилгари Маркази Карнегӣ Аружан Мейрхонова дар таҳқиқоти худ оид ба дурнамои иқтисоди рақамии Осиёи Марказӣ таъкид мекунад, ки рушди чунин соҳа танҳо бо бунёди шабакаҳои интернетӣ имконнопазир аст. Ба гуфтаи ӯ, се омили асосӣ - неруи барқ, роҳҳои интиқоли маълумот ва сиёсати мувофиқи давлатӣ бояд ҳамзамон рушд кунанд.
Ин масъала барои Тоҷикистон аҳамияти махсус дорад. Зеро доштани неруи барқи нисбатан арзон ва захираҳои гидроэнергетикӣ худ аз худ барои ҷалби ширкатҳои бузурги технологӣ кофӣ нест. Сармоягузорон ҳамчунин, ба устувории таъминоти барқ, сифати шабакаҳо, қоидаҳои истифодаи маълумот ва кафолатҳои ҳуқуқӣ аҳамият медиҳанд.
Оё Тоҷикистон ба маркази транзити маълумот табдил меёбад?
Яке аз ҳадафҳои дарозмуддати лоиҳаи Душанбе-Пекин метавонад табдил додани Тоҷикистон ба долони транзити маълумот байни Чин, Осиёи Марказӣ ва дар оянда Осиёи Ҷанубӣ бошад. Ҷойгиршавии ҷуғрофии кишвар барои чунин нақш имконият фароҳам меорад. Тоҷикистон бо Чин ҳамсарҳад аст ва тавассути Ӯзбекистон, Қирғизистон ва Афғонистон метавонад ба дигар бозорҳои минтақа пайваст шавад. Аммо расидан ба ин ҳадаф танҳо бо як хатти нахи оптикӣ имконнопазир аст. Барои он сохтани инфрасохтори иловагӣ, созишномаҳои байнидавлатӣ ва ҷалби ширкатҳои байналмилалии телекоммуникатсионӣ зарур хоҳад буд. Ҳамзамон, Тоҷикистон дар ин самт бо рақобати кишварҳои дигари минтақа рӯ ба рӯст.
Моҳи октябр Қазоқистон ва Озарбойҷон низ хатти нахи оптикиро дар қаъри баҳри Каспий ба истифода доданд. Ин лоиҳа, ки бо дастгирии ташаббуси “Global Gateway” Иттиҳоди Аврупо амалӣ шудааст, бояд пайвасти рақамии Осиёи Марказиро бо Қафқоз ва Аврупо тақвият бахшад. Ҳамин тариқ, дар минтақа ду самти нави муҳимми алоқа шакл мегирад: яке тавассути Помир ба Чин ва дигаре аз тариқи баҳри Каспий ба самти Аврупо.
Барои кишварҳои Осиёи Марказӣ ин танҳо рақобати ширкатҳои телекоммуникатсионӣ нест. Сухан дар бораи он меравад, ки маълумоти рақамии минтақа тавассути кадом кишварҳо интиқол меёбад, кадом давлатҳо инфрасохтори онро месозанд ва кӣ имкони бештар барои таъсиргузорӣ ба иқтисоди рақамии ояндаро пайдо мекунад.
Барои Тоҷикистон хатти нави Душанбе–Пекин метавонад оғози марҳилаи дигар бошад. Аммо арзиши воқеии он на танҳо бо суръати интиқоли маълумот ё ҳаҷми сармоягузорӣ муайян мешавад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
“Ҳамлаҳои Украина интернетро халалдор кард”. Тоҷикистон ба Чин роҳ мекушояд. Қудратҳо барои ояндаи рақамӣ дар Осиёи Марказӣ рақобат мекунанд
Котиби Шурои амнияти Эрон: “Посухи Амрико фиребкорона аст. Бо Вашингтон музокира надорем
Путин: “Мавзуи иқтисод ва амният дар меҳвари нишасти СААД қарор мегирад”
Дар Москва ҷанбаҳои муҳимми амнияти минтақавӣ ва байналмилалӣ баррасӣ гардид