Тоҷикистон низоми идоракунии рақамӣ ва истифодаи ҳуши маснуӣ дар соҳаи энергетикаи Қазоқистонро меомӯзад
Баррасии масъалаи сохтмони неругоҳҳои барқи офтобӣ ва бодӣ миёни Тоҷикистону Бонки Исломии Рушд
Бонки амрикоии EXIM Bank омодааст “хавфҳои иқтисодии” Тоҷикистонро бозбинӣ кунад
Барои бунёди зеристгоҳи нави барқӣ санги асос гузошта шуд
Ба Тоҷикистон беш аз 1, 5 миллион сайёҳи хориҷӣ омадаанд
Аз Тоҷикистон дар 9 моҳи аввали соли 2026 беш аз 1 миллиону 551 ҳазор сайёҳи хориҷӣ боздид кардаанд. Қисми зиёди сайёҳон аз кишварҳои узви кишварҳои Иттиҳоди давлатҳои мустақил будаанд.
Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ дод, ки дар ин давра 1 миллиону 396 ҳазору 960 нафар аз кишварҳои Иттиҳоди давлатҳои мустақил ба Тоҷикистон омадаанд. Шумори сайёҳон аз кишварҳои хориҷ аз ИДМ 154 ҳазору 240 нафарро ташкил додааст.
Ин омор нишон медиҳад, ки кишварҳои узви Иттиҳоди давлатҳои мустақил дар рушди соҳаи сайёҳии Тоҷикистон саҳми асосиро мегузоранд. Ҷалби меҳмонон аз дигар кишварҳо яке аз самтҳои рушди соҳаи сайёҳии кишвар боқӣ мемонад.
Тоҷикистон барои ин соҳа ба захираҳои табиӣ, кӯҳистон, кӯлҳо, ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ва анъанаҳои миллӣ такя мекунад. Дар солҳои охир мақомот барои муаррифии имкониятҳои сайёҳии кишвар ва ба роҳ мондани хатсайрҳои нав тадбирҳо андешидаанд.
Бар асоси иттилои Кумитаи рушди сайёҳии Тоҷикистон яке аз иқдомҳое, ки ба рушди соҳаи сайёҳӣ мусоидат мекунад, қабули Барномаи рушди сайёҳии дохилӣ барои солҳои 2027-2031 мебошад. Тибқи иттилои барномаи мазкур дар Тоҷикистон беш аз 400 захираҳои сайёҳӣ, тақрибан ҳазор дара ва ҳазор кӯл вуҷуд дорад.
Ин барнома ба густариши сайёҳӣ дар минтақаҳо, муаррифии мероси таърихию фарҳангӣ, ҳифзи манзараҳои табиӣ ва беҳтар шудани шароити зиндагии аҳолӣ мусоидат мекунад. Бар асоси ин барнома имкониятҳои нави сайёҳӣ муайян ва барои ҷалби меҳмонон муаррифӣ мешаванд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Ба Тоҷикистон беш аз 1, 5 миллион сайёҳи хориҷӣ омадаанд
Русия барои Тоҷикистон 100 ҳазор тонна сӯзишвории дизелии иловагӣ ҷудо мекунад
Тоҷикистон низоми идоракунии рақамӣ ва истифодаи ҳуши маснуӣ дар соҳаи энергетикаи Қазоқистонро меомӯзад
Агентии обуҳавошиносӣ: “Борону барф пешгӯӣ мешавад”