Тоҷикистон низоми идоракунии рақамӣ ва истифодаи ҳуши маснуӣ дар соҳаи энергетикаи Қазоқистонро меомӯзад
Баррасии масъалаи сохтмони неругоҳҳои барқи офтобӣ ва бодӣ миёни Тоҷикистону Бонки Исломии Рушд
Бонки амрикоии EXIM Bank омодааст “хавфҳои иқтисодии” Тоҷикистонро бозбинӣ кунад
Барои бунёди зеристгоҳи нави барқӣ санги асос гузошта шуд
Тоҷикистон низоми идоракунии рақамӣ ва истифодаи ҳуши маснуӣ дар соҳаи энергетикаи Қазоқистонро меомӯзад
Далер Ҷумъа, вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи 8-уми ноябр дар ҷараёни мулоқот бо масъулони ширкати милли шабакаҳои барқи Қазоқистон “KEGOC” бо имкониятҳои нави идоракунии шабакаҳои барқӣ, аз ҷумла истифодаи ҳуши маснуӣ дар соҳаи энергетика шинос шудааст.
Рақамикунонии соҳаи энергетика ва ҷорӣ намудани технологияҳои муосир дар идоракунии таъминоти барқ аз мавзуъҳои асосии мулоқоти вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон Далер Ҷумъа бо масъулони ширкати миллии шабакаҳои барқи Қазоқистон – “KEGOC” будааст.
Ин мулоқот дар доираи сафари расмии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Қазоқистон баргузор шудааст.
Дар ҷараёни боздид намояндагони ширкати қазоқистонӣ имкониятҳои техникии шабакаи ягонаи энергетикии кишвар ва барномаҳои дар ҳоли татбиқро муаррифӣ кардаанд. Аз ҷумла, ба масъалаи истифодаи технологияҳои рақамӣ барои беҳтар кардани идоракунии интиқоли неруи барқ ва пешгирии мушкилот дар фаъолияти шабакаҳо таваҷҷуҳ шудааст.
Раиси раёсати “KEGOC” Наби Айтжанов зимни мулоқот дар бораи самтҳои фаъолияти ширкат, нақшаҳои рушди инфрасохтори энергетикӣ ва тарҳҳои сармоягузорӣ маълумот додааст.
Далер Ҷумъа таҷрибаи Қазоқистонро дар татбиқи навовариҳои технологӣ муҳим арзёбӣ карда, ба имкониятҳои истифодаи чунин роҳкорҳо дар соҳаи энергетика таваҷҷуҳ зоҳир намудааст.
Пас аз мулоқот ҷонибҳо барои тақвияти ҳамкориҳо ва мубодилаи таҷриба дар самтҳои рақамикунонӣ, ҳуши маснуӣ ва идоракунии низоми энергетикӣ изҳори омодагӣ кардаанд.
Таваҷҷуҳи Тоҷикистон ба таҷрибаи Қазоқистон дар ҳоле сурат мегирад, ки навсозии инфрасохтори энергетикӣ ва баланд бардоштани самаранокии истифодаи неруи барқ аз масъалаҳои муҳимми рушди иқтисодии кишвар ба шумор мераванд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Ба Тоҷикистон беш аз 1, 5 миллион сайёҳи хориҷӣ омадаанд
Русия барои Тоҷикистон 100 ҳазор тонна сӯзишвории дизелии иловагӣ ҷудо мекунад
Тоҷикистон низоми идоракунии рақамӣ ва истифодаи ҳуши маснуӣ дар соҳаи энергетикаи Қазоқистонро меомӯзад
Агентии обуҳавошиносӣ: “Борону барф пешгӯӣ мешавад”