Барои бунёди зеристгоҳи нави барқӣ санги асос гузошта шуд
Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар оянда дар Тоҷикистон 900 миллион сармоягузорӣ мекунад
Зиёда аз 54 километр. Сохтмони роҳи автомобилгарди «Балҷувон – Сари Хосор» оғоз мегардад
Созишномаи грантӣ оид ба бунёди зеристгоҳи барқӣ дар Душанбе ба имзо расид
Бонки амрикоии EXIM Bank омодааст “хавфҳои иқтисодии” Тоҷикистонро бозбинӣ кунад
Тоҷикистон ва Бонки содироту воридоти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико (EXIM Bank) имкони бозбинии арзёбии хавф (риск)-ҳои иқтисодии Тоҷикистон ва густариши ҳамкориҳо барои маблағгузории лоиҳаҳои сармоягузориро баррасӣ намудаанд.
Дар ин бора Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ИМА хабар дода, навиштааст, ки Юсуф Маҷидӣ, муовини якуми Вазири молияи Тоҷикистон дар мулоқоти маҷозӣ бо ҳайати EXIM Bank, ки таҳти роҳбарии ноиби Президенти бонк ва иқтисоддонҳои аршади Ариан Васкес масъалаҳои зиркшударо баррасӣ кард.
Дар ин мулоқоти маҷозӣ Сафири Тоҷикистон дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Завқӣ Завқизода ва намояндагони чанд вазорату идораҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ширкат доштанд. Ин мулоқот ва гуфтугӯ бо ташаббуси Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат гирифтааст.
Тибқи хабар дар ин мулоқот ду ҷониб ба арзёбии хавфҳои иқтисодии Тоҷикистон тибқи меъёрҳои Созмони ҳамкории иқтисодӣ ва рушд (OECD) таваҷҷуҳ намудаанд. Ҳамчунин, имкони бозбинии нишондиҳандаҳои вобаста ба ин арзёбӣ ва ҷалби ширкатҳои амрикоӣ ба лоиҳаҳои афзалиятноки сармоягузорӣ баррасӣ шудааст.
Сафири Тоҷикистон дар ин мулоқот дар хусуси вазъи иқтисодии Тоҷикистон ва арзёбиҳои созмонҳои байналмилалӣ иттилоъ додааст. Ӯ гуфта, дар вақти муайян намудани рейтинги хавфҳои иқтисодӣ бояд дастовардҳои воқеии иқтисоди Тоҷикистон ба назар гирифта шавад. Тибқи гуфтаи сафир, ин масъала ҳам ба арзёбиҳои дохилии EXIM Bank ва ҳам ба меъёрҳои OECD рабт дорад.
Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон аз омодагии Тоҷикистон барои тақвияти ҳамкорӣ бо ин ниҳоди молиявии амрикоӣ барои татбиқ намудани лоиҳаҳои сармоягузорӣ хабар додааст. Ӯ намояндагони бонки зикршударо барои боздид аз Тоҷикистон ва ширакат дар ҳамоиши сеюми тиҷоратии Осиёи Марказӣ + Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар қолаби В5+ 1 даъват намудааст. Ин ҳамоиш моҳи апрели соли 2027 дар шаҳри Душанбе доир мегардад.
Юсуф Маҷидӣ дар навбати худ ба ҳайати амрикоӣ дар хусуси вазъияти кунунии иқтисоди кишвар, ислоҳоти ҷорӣ ва имкониятҳои сармоягузорӣ иттилоъ додааст. Ӯ гуфтааст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳамкории амалӣ бо EXIM Bank барои бозбинӣ намудани арзёбии хавфҳои кишвар ва ширкати бештари ширкатҳои амрикоӣ дар лоиҳаҳои муҳим манфиатдор аст.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Муомилаи бузурги Риёз ва Димишқ: оё Ҷавлонӣ дар ивази миллионҳо доллар ба Яман ҷанговар мефиристад?
Путин: “Забони русӣ омили ҳифзи давлатдорӣ ва ваҳдати халқҳои Русия аст”
Фаррух Ҳамрализода хостори ҳамкории байналмилалӣ барои муқовимат ба таҳдидҳои амниятӣ шуд
Бонки амрикоии EXIM Bank омодааст “хавфҳои иқтисодии” Тоҷикистонро бозбинӣ кунад