24 Октябр 2026,
шанбе, 12:23, Душанбе
24.10.2026 11:04

Дидгоҳи як тоҷик дар Синхуа. Наздикшавии Чин ва Осиёи Марказӣ ояндаи СҲШ шакл медиҳад

Хабаргузории “Синхуа”-и Чин дар як гузориш бо Гузел Майтдинова, директори Маркази таҳқиқоти геополитикии Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон дар бораи тақвияти ҳамкории Чин ва Осиёи Марказӣ дар доираи Созмони ҳамкории Шанхай суҳбат намудааст. Коршинос дар ин суҳбат таъкид мекунад, ки афзоиши тиҷорат, рушди долонҳои нақлиётӣ ва ҳамкории технологӣ метавонанд самтҳои фаъолияти Созмони ҳамкории Шанхайро густариш диҳанд.

Хабаргузории “Синхуа”-и Чин бо нақл аз Гузел Майтдинова менависад, ки ҳамкории амиқтари Чин бо кишварҳои Осиёи Марказӣ метавонад барои густариш додани фаъолияти Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) имкониятҳои нав фароҳам кунад. 

Ӯ таъкид кардааст, ки дар солҳои охир Пекин ва панҷ кишвари Осиёи Марказӣ -  Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон ва Туркманистон ҳамкориҳои худ дар бахшҳои мухталифро густариш додаанд. Ин коршиноси Тоҷикистон зикр мекунад, ки яке аз нишондиҳандаҳои ин раванд афзоиши мубодилаи тиҷоратӣ аст.

Гузел Майтдинова гуфтааст, ҳаҷми тиҷорати Чин бо кишварҳои минтақа дар соли 2025 бори аввал аз 100 миллиард доллари Иёлоти Муттаҳидаи Амрико гузаштааст.

Ин коршинос таъкид мекунад, ки густариши гуфтугӯҳои сиёсӣ, беҳтар шудани робитаҳои нақлиётӣ ва рушди ҳамкориҳои саноатӣ ва технологӣ яке аз роҳкорҳои тақвияти робитаҳо мебошад. “Масъалаҳои ҳифзи муҳити зист ва робитаҳои башардӯстона низ тадриҷан ба рӯзномаи муштараки кишварҳо ворид мешаванд” – гуфтааст коршинос.

Иқтисоду амният дар меҳвари гуфтугӯҳои муштарак

Ба назари Гузел Майтдинова, ҳамгироии Чин ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба СҲШ имкон медиҳад, ки доираи ҳамкориҳои худро густариш диҳад. Ӯ мегӯяд, амнияти минтақавӣ агар яке аз самтҳои асосии фаъолияти созмон боқӣ монад, рушди иқтисодӣ, табдили рақамӣ, амнияти энергетикӣ, ҳифзи муҳити зист ва рушди сармояи инсонӣ низ метавонад нақши бештар пайдо намояд.

Ин коршинос ҳамчунин, ба равобити миёни Созмони ҳамкории Шанхай ва ташаббуси “Як камарбанд ва як роҳ”-и Чин ишора менамояд.

Тибқи гуфтаи ӯ, Созмони ҳамкории Шанхай заминаи сиёсӣ ва ниҳодиро барои ҳамоҳангсозии манфиатҳои кишварҳо фароҳам меорад. Ин дар ҳолест, ки ташаббуси “Як камарбанд ва як роҳ” ба рушди инфрасохтор, сармоягузорӣ ва тиҷорат мусоидат менамояд.

Ин коршинос таъкид мекунад, ки ҳамоҳангсозии ин ду раванд метавонад ба рушди долонҳои нақлиётии фаромарзӣ, шабакаҳои энергетикӣ, инфрасохтори рақамӣ ва занҷираҳои истеҳсолӣ замина гузорад.

Гузел Майтдинова ҳамчунин, ба суханони Си Ҷинпин, роҳбари давлати Чин дар нишасти сарони Созмони ҳамкории Шанхай дар шаҳри Бишкек дар моҳи сентябр ишора менамояд. Тибқи гуфтаи ӯ, роҳбари Чин ин созмонро яке аз самтҳои афзалиятноки пешбурди ҳамкориҳои босифат дар доираи “Як камарбанд ва як роҳ” ва татбиқи Ташаббуси ҷаҳонии рушд арзёбӣ намудааст.

Шанхай ва низоми бисёрқутбии ҷаҳон

Ба андешаи Гузел Майтдинова дар ин шароите, ки вазъияти ҷаҳонӣ дар ҳоли тағйир аст, Созмони ҳамкории Шанхай метавонад дар ҳамоҳангсозии манфиатҳои кишварҳои Авруосиё ва пешбурди дипломатияи бисёрҷониба нақши муҳимтар бозад.

Ба андешаи ӯ, ин созмон дар тӯли 25 соли фаъолияти худ як майдони ҳамкориҳои минтақавӣ дар масъалаҳои амниятӣ ба сохтори фарогире табдил ёфтааст, ки дар он масъалаҳои амният бо рушди иқтисодӣ ва табодули мардумӣ пайванд аст.

Коршиноси Тоҷикистон арзёбӣ мекунад, ки СҲШ на фақат барои ҳамоҳангсозии иқдомҳои амниятӣ ва гуфтугӯҳои амниятӣ хизмат менамояд, балки ба кишварҳо имкон медиҳад, ки дар шароити ташаккули низоми бисёрқутбии ҷаҳонӣ манфиатҳои худро ҳамоҳанг созанд.

Ӯ зикр мекунад, ки дар чунин шароит муколама ва машварат барои нигоҳ доштани ҳамкорӣ дар миёни кишварҳое муҳим аст, ки низомҳои сиёсӣ, сатҳи рушди иқтисодӣ ва афзалиятҳои сиёсати хориҷии мухталиф доранд.

Принсипҳои ҳамкории Шанхай чист?

Коршинос Гузел Майтдинова “Руҳи Шанхай”-ро принсипи асосии фаъолияти СҲШ ва ҳамзамон намунаи хоси муносибатҳои байнидавлатӣ номидааст.

Ба таъкиди ӯ, ин мафҳум шаш принсипро дарбар мегирад: эътимоди мутақобил, манфиати мутақобил, баробарӣ, машварат, эҳтиром ба гуногунии тамаддунҳо ва талош барои рушди муштарак.

Ин коршинос таъкид менамояд, ки маҳз ин принсипҳо метавонанд ҳамкории кишварҳоеро таъмин кунанд, ки аз лиҳози низоми сиёсӣ, имкониятҳои иқтисодӣ ва самтҳои хориҷӣ аз ҳам фарқ мекунанд.

Дар соли 2026 аз таъсиси СҲШ 25 сол сипарӣ мешавад. Тибқи гуфтаи Гузел Майтдинова таҷрибаи созмони мазкур собит мекунад, ки ҳамкориҳои бисёрҷониба метавонанд масъалаи амниятиро бо рушди иқтисодӣ ва робитаҳои миёни мардумон пайванд диҳанд.

Ба гуфтаи ӯ, то такя ба “Руҳи Шанхай” – и созмони мазкур метавон муколамаи байни кишварҳоро ба натиҷаҳои мушаххас дар соҳаҳои мухталифи ҳамкорӣ табдил дод.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

24.10.2026 11:07

Пешвои миллат дар шаҳри Ваҳдат маркази ташхисӣ ва табобатии Лормедро ифтитоҳ намуданд

Имрӯз, 24-уми октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади шиносоӣ бо вазъи зиндагии мардум ва ифтитоҳи як қатор иншооти ҷашнӣ ба шаҳри Ваҳдат сафар карданд.
24.10.2026 11:04

Дидгоҳи як тоҷик дар Синхуа. Наздикшавии Чин ва Осиёи Марказӣ ояндаи СҲШ шакл медиҳад

Хабаргузории “Синхуа”-и Чин дар як гузориш бо Гузел Майтдинова, директори Маркази таҳқиқоти геополитикии Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон дар бораи тақвияти ҳамкории Чин ва Осиёи Марказӣ дар доираи Созмони ҳамкории Шанхай суҳбат намудааст. Коршинос дар ин суҳбат таъкид мекунад, ки афзоиши тиҷорат, рушди долонҳои нақлиётӣ ва ҳамкории технологӣ метавонанд самтҳои фаъолияти Созмони ҳамкории Шанхайро густариш диҳанд.
24.10.2026 10:32

Русия даст доштан бар таблиғоти интернетии зидди яҳудиёнро рад кард

Вазорати корҳои хориҷии Федератсияи Русия бо пахши як изҳорот гуфт, ки иттиҳоми Бенямин Нетаняҳу дар мавриди нақш доштани Русия дар роҳандозии маъракаи интернетии зиддияҳудӣ беасос аст. Ин вазорат матраҳ шудани чунин иттиҳомро ба интихоботи Исроил, ки рӯзи 27-уми октябр бояд баргузор шавад, вобаста донист.
24.10.2026 10:23

Аббос Ироқчӣ: “Амрико барои дифоъ аз Исроил 11 миллиард доллар сарф кардааст”

Сайид Аббос Ироқчӣ, вазири корҳои хориҷии Эрон гуфт, ки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар се соли охир 11 миллиард доллар аз маблағҳои андозсупорандагони худро барои дифои мушакии Исроил харҷ кардааст.
24.10.2026 10:17

Дар натиҷаи ҳамлаи Ҷабҳаи озодӣ ба фурудгоҳи низомии Багром 10 Толиб кушта шудааст

Ҷабҳаи озодии Афғонистон хабар додааст, ки неруҳои ин ҷабҳа ба иншоот ва марказҳои таълимии гурӯҳи террористии Толибон дар фурудгоҳи низомии Багром, воқеъ дар шимоли Кобул ҳамлаи мушакӣ анҷом додааст.
24.10.2026 09:06

Хонаи истиқоматӣ ва мукофотпулӣ. Қадрдонии Шоҳрух Назаров пас аз муваффақият дар Бозиҳои V параосиёӣ

Шоҳрух Назаров барандаи медали нуқраи Бозиҳои V параосиёӣ шуда, аввалин медали ҳайати мунтахаби Тоҷикистонро дар таърихи иштироки кишвар дар мусобиқаи мазкур ба даст овард.
24.10.2026 07:05

31 созишнома бо 1,2 миллиард сомонӣ. Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест – 2026» баргузор гардид

Дар шаҳри Бохтар Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест – 2026» бо иштироки 1000 нафар, аз ҷумла соҳибкорон, сармоягузорон ва меҳмонон аз 30 давлати ҷаҳон баргузор гардид.
24.10.2026 07:04

Сироҷиддин Муҳриддин дар мулоқоти вазирони корҳои хориҷии давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Гурҷистон иштирок намуд

Имрӯз, 23-юми октябр дар шаҳри Батуми вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин дар мулоқоти вазирони корҳои хориҷии давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Гурҷистон иштирок кард.
23.10.2026 14:15

Толибон бе Тоҷикистону Чин роҳи Долони Вахонро боз карданд. Чин гуфт, роҳ баста мемонад

Чанд рӯз қабл масъулони гурӯҳи террористии Толибон бидуни ҳузури Чин роҳи Долони Вахонро, ки Афғонистонро бо Чин мепайвандад, ифтитоҳ намуданд. Чин фавран изҳорот дод, ки роҳ ба таври якҷониба аз сӯйи масъулони Толибон ифтитоҳ шуда, баста боқӣ мемонад ва ҳеч гуна равобити транзитӣ дар ин минтақа сурат нахоҳад гирифт.
23.10.2026 13:55

Путин: “Шикасти Русия дар ҷанг ғайриимкон аст”

Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия изҳор дошт, ки шикасти ин кишвар дар майдони ҷанг ғайриимкон буда, идеяи расонидани шикасти стратегӣ ба Маскав воқеӣ нест. Ӯ ҳамчунин, гуфт, ки Русия нияти ҷанг бо Аврупоро надорад.
23.10.2026 13:45

Заминларза бо қувваи 7 бал дар Тибет: 16 нафар ба ҳалокат расида ва 65 тани дигар захмӣ шуданд

Дар пайи заминларза бо қувваи 7 бал дар минтақаи Сисзан (Тибет)-и Чин, ки шоми панҷшанбе рух дод, дастикам 16 нафар ба ҳалокат расида, 65 тани дигар захмӣ шудаанд. Си Ҷинпин, роҳбари давлати Чин дастур додааст, ки амалиёти наҷот бо тамоми нерӯ анҷом дода шавад.