Путин: “Шикасти Русия дар ҷанг ғайриимкон аст”
Заминларза бо қувваи 7 бал дар Тибет: 16 нафар ба ҳалокат расида ва 65 тани дигар захмӣ шуданд
Вэнс: “Фиристодаи вижаи Иёлоти Муттаҳида гуфтугӯҳо бо Русия ва Украинаро аз сар гирифт”
Русия, Қазоқистон, Қирғизистон ва Беларусия ба Тоҷикистон таҷҳизоти низомӣ ирсол мекунанд
Заминларза бо қувваи 7 бал дар Тибет: 16 нафар ба ҳалокат расида ва 65 тани дигар захмӣ шуданд
Дар пайи заминларза бо қувваи 7 бал дар минтақаи Сисзан (Тибет)-и Чин, ки шоми панҷшанбе рух дод, дастикам 16 нафар ба ҳалокат расида, 65 тани дигар захмӣ шудаанд. Си Ҷинпин, роҳбари давлати Чин дастур додааст, ки амалиёти наҷот бо тамоми нерӯ анҷом дода шавад.
Бино ба гузориши хабаргузориҳои Чин заминларза соати 22:33-и шаби панҷшанбе ноҳияи Баченро дар минтақаи Тибет такон додааст. Мақомоти маҳаллӣ талафоти ибтидоиро 16 кушта ва 65 захмӣ эълон кардаанд.
Си Ҷинпин, роҳбари давлат ва дабири кулли Кумитаи марказии Ҳизби коммунисти Чин, таъкид кардааст, ки барои кам кардани талафоти ҷонӣ бояд тамоми имконот истифода шаванд.
Ӯ бо ишора ба он ки минтақаи осебдида дар баландии зиёд ҷойгир буда ва ҳарорати ҳаво дар он ҷо паст аст, дастур додааст, ки фаъолияти сейсмикӣ ва шароити обу ҳаво дақиқ назорат карда шаванд. Ҳадаф аз ин иқдом пешгирӣ аз офатҳои дуюмдараҷа мебошад.
Сарвари давлати Чин ҳамчунин, зарурати таъмини манзили муносиб барои сокинони осебдида, ҳарчи зудтар барқарор кардани зерсохторҳои харобшуда ва ҳифзи ҷони мардуму моликияти онҳоро таъкид кардааст.
Сарвазири Чин Ли Сян низ дар бораи заминларза изҳорот дода, хостори андешидани чораҳои қатъӣ барои пешгирӣ аз офатҳо шудааст.
Заминларзаҳои маргбор дар Тибет ҳодисаи бесобиқа нестанд. Моҳи январи соли 2025 низ бар асари заминларза дар ин минтақа 126 нафар ҷони худро аз даст дода буданд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Толибон бе Тоҷикистону Чин роҳи Долони Вахонро боз карданд. Чин гуфт, роҳ баста мемонад
Путин: “Шикасти Русия дар ҷанг ғайриимкон аст”
Заминларза бо қувваи 7 бал дар Тибет: 16 нафар ба ҳалокат расида ва 65 тани дигар захмӣ шуданд
Байни Тоҷикистону Узбекистон Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ дар соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ ба имзо расид