26 сухани афкорсози устод Иброҳим Усмонов дар бораи зиндагӣ, сулҳ, журналистика ва сиёсат
Ифшои расонаҳои Амрико: Сенатори мусалмон бо бародараш издивоҷ кардааст
Ройтерз: Чин аз Тоҷикистон даъват кард мубориза бо ифротгароиро пурзӯр ва барои ҳифзи ҷони чиниҳо чораҳои қатъӣ андешад
Расонаҳои ҷаҳонӣ гузориш медиҳанд: Эрон 135 бор ба инфрасохтори низомии Амрико ҳамла кардааст
Ҳорун Самарқандӣ: “Ояндаи тоҷикони Афғонистон ба ташаккули стратегияи мустақили сиёсӣ вобаста аст
Ҳорун Самарқандӣ дар рустои Самарқанди вилояти Бағлони Афғонистон таваллуд шудааст. Дар даври ҳукумати устод Раббонӣ ба ҳайси донишҷӯ дар Донишгоҳи Кобул дарс хондааст. Дарсҳояш ба итмом нарасида, муқовимат бар зидди гурӯҳи террористии Толибон оғоз мешавад ва ӯ дар дафтари Аҳмадшоҳи Масъуд муддате кор мекунад. Баъди омадани ҳукумати ҷадид ба раҳбарии Ҳомид Карзай дарсҳояшро дар Донишгоҳи тиббии Кобул идома дода, ин донишгоҳро хатм мекунад. Дар ин давра дар созмонҳои байналмилалии тандурустӣ кор кардааст. Дар соли 2025 ӯ ба ҳайси масъули бахши тандурустӣ ва равонии вилояти Бағлон кор кардааст. Қабл аз фурӯпошии ҳукумати Ашраф Ғанӣ аз Кобул хориҷ шуд ва ҳоло дар Миср кору зиндагӣ мекунад. Ӯ як фаъоли ҷомеаи шаҳрвандӣ аст, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз ҳақи тоҷикон, забони форсӣ ва ҳамгироии мардуми форсизабон дифоъ мекунад.
- Панҷ сол аз ба қудрат расидани гурӯҳи террористии Толибон мегузорад ва дар ин муддат шоҳиди ҳокимияти фазои баста ва сиёсатҳои саркӯбгароёна дар Афғонистон будаем. Ба назари Шумо, чӣ омилҳое боиси шаклгирӣ ва ҳокимияти чунин фазое дар Афғонистон шудааст?
Ҳорун Самарқандӣ: - Тамоми ҳукуматҳои паштунмеҳвар дар Афғонистон диктаторӣ, саркӯбгар, занситез, таҷовузкор ба сарзаминҳои форсизабонҳо, тоҷикҳо ва дигар қавмҳои ғайрипаштун, фашист ва мутаассиб будаанд. Паштунмеҳварии сиёсӣ бар ин тасаввур устувор будааст, ки ин сарзамин бояд дар инҳисори як қавм қарор гирад ва қавмҳои дигар аз тариқи ҳазфи физикӣ ё ҳазфи ҳувиятӣ ва забонӣ ба ҳошия ронда шаванд. Дар ҳамин росто, ҷараёнҳои мухталифи паштун, чӣ онҳое, ки дар сохтори давлат ҳузур доштаанд ва чӣ онҳое, ки даст ба ҳамлаҳои интиҳорӣ задаанд ё дар кишварҳои ғарбӣ бузург шудаву зиндагӣ мекунанд, дар ҷиҳати таҳаққуқи як ҳадафи муштарак, яъне ташкил ва ҳифзи ҳукумати паштунмеҳвар фаъолият кардаанд.
Дар сатҳи минтақавӣ, Ҳинд ба манзури тазъиф ва таҷзияи Покистон аз ҳукуматҳои паштунмеҳвар ҳимоят кардааст. Дар ин чорчӯб шиори “қаламрав аз Омӯ то Атак” низ дар хидмати густариши ин лоиҳа қарор гирифта ва тайи даҳаҳо манбаъҳои молии ҳангуфте барои пешбурди он ихтисос ёфтааст.
Дар канори ин омилҳо пантуркизм низ ба далели зиддияти худ бо тоҷикон, форсизабонҳо ва эрониён дар маворидҳое ба суди ҷараёнҳои паштунмеҳвар амал кардааст. Дар ин миён ваъдаҳое дар бораи ташкили Туркистони Шарқӣ низ матраҳ шуда ва бархе кишварҳои дигар ҳам бар асоси манфиат ва муҳосиботи сиёсии худ, дар ин муодилот нақш доштаанд.
Аз тарафи дигар, ҷараёнҳои порсигаро ва тоҷикгарои Афғонистон дар чанд даҳаи охир бо саркӯб, хориҷ кардан аз саҳнаи сиёсӣ ва куштор рӯ ба рӯ шудаанд.
Дар баробари ин, баъзе гурӯҳҳое, ки худро намояндаи тоҷикон ва форсизабонон медонанд, бештар зери таъсири андешаҳои “Ихвон-ул-муслимин” қарор гирифтаанд. Онҳо ба ҷойи ҳувият, забон, фарҳанг ва манфиатҳои таърихии ин ҷомеаҳо, бештар ба таъсиси давлати исломӣ ва бародарии мусулмонон аҳамият додаанд. Ин мавқеъ дар баъзе мавридҳо боиси рад ё шадидан маҳкум кардани андешаҳои порсигароӣ ва тоҷикгароӣ шудааст.
Дар натиҷа, тоҷикон ва форсизабонони Афғонистон аз набудани як андешаи сиёсии мушаххас, нақшаи равшан барои оянда ва барномаи дарозмуддат ранҷ мебаранд. Суоли асосӣ ин аст: чаро ташкили ҳизбҳо ва ҳаракатҳои мустақили тоҷикӣ ва форсизабон ин қадар душвор шудааст ва чӣ сабаб дорад, ки ин ҷомеа ба чунин вазъ расидааст?
Ба бовари ман, яке аз паёмадҳои ин вазъият он аст, ки афроди фурсатталаб, сиёсатмадорони беусул ва касони бидуни дидгоҳи рӯшани сиёсӣ дар раҳбарии бархе аз ҷараёнҳои тоҷикон ва порсизабонон қарор гирифтаанд. Онҳо ба ҷойи пайгирии барномаи мушаххаси сиёсӣ, бештар дар фикри ба даст овардани мақоми дуюмдараҷа, пулу мансаб, курсии қудрат ва ҳифзи нуфузи маҳаллӣ ва хонаводагии худ будаанд. Ин равиш боис шудааст, ки бархе аз ин чеҳраҳо амалан дар хидмати тарҳҳои хатарноки паштунизм қарор гиранд ва дар ба вуҷуд омадани вазъияти кунунӣ саҳм дошта бошанд.
Саранҷом натиҷаи ин равандро дар фурӯпошии давлати пешин ва таслим шудани қудрат мушоҳида кардем. Рухдоде, ки ба бовари ман, бидуни баррасии нақши ҷараёнҳои қавмӣ, муҳосиботи шахсии роҳбарон ва набуди як роҳбурди сиёсии мустақил барои тоҷикон ва форсизабонҳо ба дурустӣ қобили дарк нест.
Ҳамчунон, омилҳои муҳимми хориҷӣ дар сатҳи кишварҳои ҳамсоя ва кишварҳои минтақаро медонем, ки дар мухолифат бо Ғарб қарор доштаанд ва аз гурӯҳи террористӣ ва фашистии Толибон ҳимоят кардаанд ва амалан гувоҳи ҳимоятҳои Эрон, Чин, Русия, Туркманистон ва Ӯзбекистон аз Толибон будаем ва ин масъала сабаби як ҳимояти бузурги минтақаӣ ва ҷаҳонӣ аз ташкили ҳукумати паштунмеҳвари гурӯҳи террористӣ ва фашистии Толибон гардид.
- Шумо яке аз фаъолони ҷомеаи шаҳрвандии Афғонистон будед ва акнун дар хориҷ аз ин кишвар зиндагӣ мекунед. Чӣ омилҳое боис шуд, ки пеш аз суқути ҳукумати Ашраф Ғанӣ Афғонистонро тарк кунед?
Ҳорун Самарқандӣ: - Ман аз ҷумлаи он ҷомеаи шаҳрвандии минтақаи Ҳиндукуш дар вилояти Бағлон будам, ки аз аввалҳои соли 2013, ҳамзамон бо густариши ҷанг ба шимоли Афғонистон ошкоро дар бораи решаҳои ҷанг, нақши кишварҳои дахил ва ҳимояти бархе кишварҳои ҳамсоя ва минтақа аз Толибон менавиштам. Аз барномаи ташкили ҳукумати паштунмеҳвари гурӯҳи террористӣ ва фашистии Толибон менавиштам, ки ба воситаи президентҳо Ҳомид Карзай ва Ашраф Ғанӣ Аҳмадзай ва дигар мақомоти паштуни ҳукуматҳои пешин ҳимоят мешуданд. Ҳамчунин, аз фасод, бекифоятӣ ва хиёнати бархе мақомҳо ва афсарони давлатӣ интиқод мекардам ва дар бораи он чи ҷобаҷойии ҳадафманди ноқилин (гурезаҳо)-и паштун ва қавми гуҷур аз Покистон ва ҷануби Афғонистон ба шимолу минтақаҳои дигари кишвар медонистам, матолиб нашр мекардам. Ин фаъолиятҳо бароям ҳазинаҳои сангин дошт. Чандин бор дар мавриди таҳдид ва ҳамла қарор гирифтам. Як бор неруҳои полис ба гунаи ғайриқонунӣ вориди хонаам дар Пули Хумрӣ шуданд ва маро бо худ бурданд.
Яке аз хатарноктарин рӯйдодҳо замоне рӯй дод, ки дар масири бузургроҳи Кобул- Парвон рабӯда шудам. Маро ба минтақаи Чикали Робот бурданд ва афроди мусаллаҳ қасди куштанамро доштанд. Аммо пеш аз он ки ба ман тир андозанд, гурӯҳи мусаллаҳи дигаре вориди минтақа шуд ва ҳуҷумкунандагон фирор карданд. Аъзои гурӯҳи дувум ба ман гуфтанд, ки ҳуҷумкунандагон қасд доштанд маро дар минтақаи таҳти нуфузи онон кушанд, то масъулияти қатл ба гардани он гурӯҳ афтад. Пас аз ин рӯйдод низ полиси Парвон ҳамкории муассире бо ман накард ва рафторҳое дошт, ки бароям машкук буд.
Дар канори ин фаъолиятҳо, аз ибтикорҳои ҳамбастагӣ миёни форсизабонҳо ва тоҷикон ҳимоят мекардам. Дар талошҳои маданӣ барои дифоъ аз шаҳри Пули Хумрӣ саҳм доштам ва бар зидди ҷанг, фасод ва ҷараёнҳое, ки онҳоро таҳдиде барои ҳувият ва ҳуқуқи тоҷикон медонистам, мавзеъ мегирифтам. Бо гузашти замон эҳсос кардам, ки ба бунбаст расидаам. Амнияти худро аз даст дода будам, дороиям осеб дида ё аз миён рафта буд ва фишорҳову инзивои дохилӣ идомаи зиндагӣ ва фаъолиятро бароям душвор сохта буд.
Дар чунин шароите барои ёфтани роҳе ҷиҳати наҷоти худ ва хонаводаам, дар озмуни як фурсати таҳсилӣ барои мақтаи коршиноси аршади сиҳати омма дар Донишгоҳи Қоҳира ширкат кардам. Ин фурсат ниёзмади пардохти ниме аз хароҷот буд. Шароити лозимро такмил кардам ва тасмим гирифтам аз ин масир барои хуруҷ аз Афғонистон истифода кунам. Дар он замон таҳаввулоти сиёсӣ ва амниятиро бо нигаронӣ дунбол мекардам ва бовар доштам, ки кишвар ба сӯйи вазъияте меравад, ки мумкин аст Толибон бори дигар қудратро ба даст гиранд. Намехостам хонаводаам низ қурбонии ин таҳаввулот шавад.
Ман пеш аз он низ дар давраи муқовимати нахуст дар канори Аҳмадшоҳи Масъуд, дар мубориза ҳузур доштам. Бинобар ин, тарки Афғонистон бароям тасмими сода ё вобаста аз беалоқагӣ ба сарзаминам набуд. Ин тасмим натиҷаи солҳо фаъолияти маданӣ, таҷрибаи мустақими таҳдид ва хушунат, аз даст додани амният ва имконияти зиндагӣ ва саранҷом расидан ба ин бовар буд, ки барои ҳифзи ҷони худ ва хонаводаам бояд роҳе барои рафтан ба муҳити амнтар пайдо кунам.
- Афғонистон хостгоҳи забони форсӣ ва тамаддуни тоҷикӣ аст. Имрӯз шоҳиди саркӯби ин забон ва фарҳанг ва густариши фарҳанги паштунӣ ва покистонӣ ҳастем. Ба назари Шумо, агар ин раванд идома ёбад, чӣ паёмадҳои фоҷеаборе дар интизори забон ва фарҳанги тоҷикӣ хоҳад буд?
Ҳорун Самарқандӣ: - Тамоми ҳукуматҳои паштунмеҳвар, бахусус аз соли 1921 ба баъд барои ҳазфи забони тоҷикӣ-порсӣ низ иқдом кардаанд. Он ҳам дар даврае, ки кишвари Бухоро ба дасти Сталин аз нақшаи ҷаҳон ҳазф гардид. Ҳатман аз муҷозотҳои даврони Сталин, аз ҷумла эъдом, куштор ва зиндонӣ сохтани тоҷикҳо огоҳӣ доред. Дар он замон, ҳатто барои пайдо шудани бархе китобҳои порсӣ дар хонаҳои тоҷикони Осиёи Миёна аҳкоме то сатҳи эъдом вуҷуд дошт.
Ба ҳамин далел, барои нахустин бор меҳани мо бо номи ҷаълии Афғонистон аз сӯйи русҳо ба расмият шинохта шуд. Албатта, бо ин пешшарт, ки бархе сарзаминҳо, монанди Хева ва Панҷдеҳ, ба русҳо вогузор шаванд ва дар саркӯби муборизони Бухоро бо русҳо ҳамкорӣ сурат гирад ва монеи бозгашти муборизон аз он сӯйи Омӯ шаванд. Дар натиҷа Амир Олимхон дар Кобул таҳти назорат қарор гирифт.
Русҳо барои ин ки форсизабонҳоро аз якдигар ҷудо кунанд, чандин номи дигар барои забони порсӣ ба вуҷуд оварданд ва номи “дарӣ”-ро дар миёни порсивонҳои меҳани мо ривоҷ доданд. Ҳамчунин, бо ворид намудани вожаҳои пашту дар забони порсӣ, дар воқеъ мехостанд дар ин забон бомбагузорӣ кунанд. Дар ин замина, ба мусоҳибаи устод Восиф Бохтарӣ муроҷиат кунед, ки бо ҷузъиёт дар бораи ин мавзуъ тавзеҳ додааст. Аз он замон ба баъд, ҳамон гуна ки тоҷикҳо дар Осиёи Миёна саркӯб шуданд ва кишвари Бухоро аз нақшаи ҷаҳон ҳазф гардид, дар меҳани мо низ ба гунаи ҳадафманд бар зидди забону ҳувияти порсӣ - тоҷикӣ амал шуд. Дар воқеъ, душмание, ки имрӯз бо забони форсӣ дар меҳани мо мебинем, пешинаи тӯлонӣ дорад.
Аз сӯйи дигар, ҳамон гуна ки забони порсӣ дар Ҳинд барчида шуд, ба бовари ман, Ҳинд низ барои ташкили як давлати қудратманди паштунӣ, ки ташвиқкунандаи пайвастани паштунҳои Покистон ба он бошад ва дар ниҳоят бо ҳимояти балуҷҳо ва паштунҳо битавонад Покистонро таҷзия карда ва сарзаминҳои ҷудошударо дубора ба хоки худ ҳамроҳ кунад, ҳамчунон аз ҷараёнҳои мухолифи забон ва ҳувияти порсӣ ҳимоят мекунад. Ба бовари ман, решаи таърихии барномаҳои кунуниро низ бояд дар ҳамин рақобатҳои минтақа ҷустуҷӯ кард.
Шумо беҳтар медонед, ки забони форсӣ дар сатҳи минтақа бо душманони зиёд рӯ ба рӯ аст. Бо ин ҳол, ман забони порсиро он қадр қудратманд медонам, ки метавонад аз миёни ин боду газандҳо убур кунад ва ба ҳаёт ва пӯёӣ идома диҳад.
- Номи хонаводагии Шумо Самарқандӣ аст. Чӣ пайванде бо шаҳри Самарқанд доред?
Ҳорун Самарқандӣ: - Бар асоси ривоятҳо, мардум дар пайи ҳуҷуми Чингизхон ва ҷангҳои он давра ба муҳоҷирати маҷбурӣ дар дохили минтақа дучор шуданд. Баъдан, бо ташаккул ёфтани марзҳои мустамликавӣ, тоҷикон ва форсизабонон дар қаламравҳое, ки ҳазорон сол дар онҳо зиндагӣ карда буданд, аз ҳам ҷудо шуданд.
Мо худро аз назари таърихӣ ва фарҳангӣ тоҷик-порсизабон медонем ва тахаллуси “Самарқандӣ”- ро барои ҳифзи пайванди таърихӣ ва ҳувияти тоҷикии худ интихоб кардаам. Рустои мо низ дар шаҳристони Хусти вилояти Бағлони Самарқанд ном дорад. Ба далели ин тахаллус ва ҳувият борҳо бо табъиз рӯ ба рӯ шудаам. Бо ин ҳол, ҳамвора ба ҳувияти тоҷикии худ ифтихор кардаам.
- Яке аз мушкилоте, ки ваҳдатро тазъиф мекунад, гароишҳои минтақагароёна ва маҳалгароӣ аст. Падидае, ки имрӯз дар миёни тоҷикони Афғонистон низ дар ҳоли густариш аст. Ба назари Шумо, чаро бархе аз фаъолони тоҷики Афғонистон тухми тафриқа ва ихтилофро дар миёни мардум мепошанд?
Ҳорун Самарқандӣ: - Миллигароӣ, мутассифона, яке аз бузургтарин заъфҳои тоҷикон аст.
Ба бовари ман, набуди биниши жарф, бовар надоштан ба барномаҳои бузург ё адами тавоноӣ дар сохтани чунин барномаҳо ва интихоби роҳи осон барои расидан ба манофеи моддии фардӣ боис шудааст, бархе афрод бо таҳрики ашхоси бесавод ва камсавод ва эҷоди шурои маҳаллӣ дар пайи расидани сареътар ба аҳдофи шахсии худ бошанд.
Аммо он чи ба густариши созмонёфтаи маҳалгароӣ анҷомид, сиёсати Ҳомид Карзай барои густариши маҳалгароӣ ва эҷоди ихтилоф ва пешгирӣ аз шаклгирии созмонҳои қудратманд дар миёни тоҷикон ва фарсизабонон буд. Ӯ аз Шурои маҳаллии ғайриқонунии шаҳристонӣ ҳимоят кард ва ба шуморе аз афроди фурсатталаб ва ҳамсӯ бо худ, пул ва қудрати давлатӣ дод. Ва интихоботи шуроҳои расмии шаҳристонӣ мутобиқ ба “Қонуни асосӣ”-ро баргузор накард. Ба бовари ман, ин яке аз муҳимтарин дасисаҳо барои тазъифи ҳамбастагии форсизабонон ва тоҷикон буд. Сиёсате, ки паёмадҳои он то имрӯз идома дорад.
Мутаассифона, бархе ҷараёнҳои сиёсӣ, низомӣ ва ҷабҳаҳои шаклгирифта низ ҳамчунон даргири рақобатҳои манфӣ ва ихтилофи маҳаллианд ва барои поён додан ба ин вазъият, иқдоми ҷиддӣ ва муассир накардаанд. Имрӯз низ афроди фурсатталаб ва бемасъулият аз сӯйи бархе аҳзоб, ҷабҳаҳо ва ҷараёнҳои сиёсӣ барои рақобат ва душманӣ бо якдигар ба кор гирифта мешаванд ва ба ихтилофафканӣ ва ташдиди кина ва кудурат дар ин ҳавза доман мезананд.
Масъулияти ин вазъият бар дӯши ҷараёнҳои сиёсиву низомӣ, роҳбарон ва масъулони ташкилотии онҳост, зеро бидуни убур аз маҳалгароӣ ва рақобатҳои харобкунанда, шаклгирии ҳамбастагии пойдор ва созмонҳои қудратманд дар миёни тоҷикон ва форсизабонон душвор хоҳад буд.
- Дидгоҳҳо ва ёфтаҳои Шумо дар бораи Тоҷикистон ва низоми шакл гирифта дар ин кишвар чист?
Ҳорун Самарқандӣ: Тоҷикистон кишваре ба масоҳати наздик ба 143 ҳазор километр мураббаъ ва ҷамъияте ҳудуди 11 миллион нафар аст. Шаклгирии давлати мустақили Тоҷикистон ва таҷрибаи давлатдорӣ дар даврони муосир, фурсати арзишманд барои тақвияти ҳувияти тоҷикиву порсӣ ва бозшиносии мероси давлатҳои таърихии ин ҳавза, ба вижа Сомониёнро фароҳам кардааст.
Ба бовари ман, Тоҷикистон акнун бояд бо дидгоҳе густурда ва барномаҳои баландмуддат, барои рушди кишвар ва афзоиши нақши минтақаии худ гомҳои бузургтаре бардорад. Яке аз ин гомҳо, фароҳам кардани заминаи пазириш ва додани шаҳрвандӣ барои донишмандон, мутахассисон, навоварон ва кунишгарон ва сиёсатмадорони тоҷик, порсизабонон, бар асоси қавонини кишвар аст ва Тоҷикистон битавонад аз тавоноиҳои илмӣ ва инсонии онон баҳрманд шавад ва ҳам итминон аз ҳимоятҳои пойдори Тоҷикистон ба унвони меросдори таърихи форсизабонҳои Эрони Шарқӣ ва тоҷикон ҳосил гардад ва бо шуҷоат битавонанд аз гузаштаи ҳувиятӣ ва таърихии худ дар минтақа дифоъ ва мубориза кунанд.
Таҷрибаи кишварҳои пешрафта нишон медиҳад, ки ҳизб неруи инсонии мутахассис, сармоягузорӣ дар улум, ихтироот, фановарӣ, омӯзиш ва иқтисод метавонад ба пешрафт ва шукуфоии кишварҳо кумак кунад. Тоҷикистон низ зарфият дорад бо итихози сиёсатҳои навоварона дар ин арсаҳо, тавоноиҳои худро густариш диҳад ва ба субот ва рушди пойдор даст ёбад.
Аз сӯйи дигар, тоҷикон дар густураи васеъ аз Осиёи Миёна то Афғонистон ва бахшҳое аз кишварҳои ҳамсоя ва минтақа зиндагӣ мекунанд ва бисёре аз онон бо чолишҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ рӯ ба рӯ мебошанд. Тоҷикистон метавонад бо тақвияти пайвандҳои фарҳангӣ, илмӣ ва густариши ҳамкориҳои минтақавӣ, додани паноҳандагӣ ба ҳамбастагии ин ҷомеаҳо кумак кунад ва дар чорчӯби эҳтиром ба ҳокимияти кишварҳо, ба неруи муассир барои субот, пешрафтҳои илмӣ, фановарӣ ва иқтисоди минтақа табдил шавад. Ман бовар дорам, ки Тоҷикистон ба марҳилае расидааст, ки бояд бо барномарезии баландмуддат, истифода аз беҳтарин зарфиятҳои инсонӣ ва иттихози сиёсатҳои оянданигар, барои рушди кишвар ва ифои нақши созандатар дар минтақа иқдом кунад ва ба қудрати бартари минтақа табдил гардад.
- Тоҷикистон сиёсатҳои минтақавии вижае дорад ва дар арсаҳои байналмилалӣ, аз ҳуқуқи тоҷикони Афғонистон дифоъ мекунад. Рӯйкарди сиёсати хориҷии Тоҷикистон дар қиболи тоҷикони Афғонистонро чӣ гуна арзёбӣ мекунед?
Ҳорун Самарқандӣ: - Нақши минтақавии Тоҷикистон тайи даҳаҳои ахир барҷаста шуда ва ба вижа, дар панҷ соли гузашта, фаъолонатар амал кардааст. Ин кишвар дар заминаи ҳимоят аз тоҷикони Афғонистон ва фароҳам намудани заминаи фаъолияти бархе ҷараёнҳои муқовимат, шуҷоат ва дурандешии қобили таҳсине нишон додааст, аммо ин иқдомот ба танҳоӣ кофӣ нест.
Тоҷикистон бояд барои нухбагон, кунишгарон, роҳбарон ва муборизони тоҷикони Афғонистон низ заминаи паноҳандагӣ ва шаҳрвандӣ фароҳам кунад. Миллионҳо тоҷик дар Афғонистон дар густураи васеъ аз сарзамин, дар шароити бесуботӣ ва бесарнавиштӣ зиндагӣ мекунанд. Ояндаи тоҷикони ду сӯйи Омӯ хоҳ бихоҳем ва хоҳ нахоҳем, бо якдигар пайванд дорад.
Агар ин ҷамеаҳо натавонанд ба гунаи муассир ва роҳбурдӣ ҳамкорӣ кунанд, ҳамчунон осебпазир хоҳанд монд.
Мубориза ва истодагӣ дар баробари беадолатӣ ба як пуштибони мутмаин ниёз дорад. Аз ҳамин рӯ, Тоҷикистон бояд бо нишон додани зарфият ва масъулиятпазирӣ бештар ба унвони пойгоҳ ва ҳомии аслӣ дар заминаи ҳимоят аз паноҳҷӯён ва нухбагони тоҷики Афғонистон, заминаи эътимоди дуҷониба ва ҳамкории роҳбурдӣ миёни тоҷикони минтақаро тақвият кунад.
- Замоне баҳси ҳамгироӣ миёни тоҷикон ва эрониён матраҳ буд ва Шумо низ аз ҷумлаи тарафдорони ин дидгоҳ ба шумор мерафтед. Аммо дар солҳои охир, бархе масоил ва ихтилофҳо боиси афзоиши фосила ва ташдиди шикофҳо шудааст. Ба назари Шумо, чӣ роҳкорҳое метавонад ин ду ҷомеаро бори дигар ба якдигар наздик кунад?
Ҳорун Самарқандӣ: - Бале, хушбахтона дар даврае фурсати ошноӣ ва шинохт бо шуморе аз кунишгарон ва фарҳангиён, шахсиятҳои муҳтарами порсизабони кишварҳои минтақаро доштам. Ин ошноӣ сабаб шуд пайвандҳои забонӣ ва таърихии мо, моро ба якдигар бисёр наздиктар созад, гӯи ҳама бародар ҳастем, дар як хонавода зиндагӣ мекунем ва якдигарро бисёр дӯст дорем.
Мутаассифона, бархе сиёсатҳое, ки кишварҳои ҳамсоя дар қиболи меҳани мо пиёда кардаанд, моро ба ҳайрат овард. Дар канори он, омилҳои дигаре низ вуҷуд дошт. Аз ҷумла, мудохилаи чандин кишвар дар умури шаҳрвандони худ, ки дар ин раванди ҳамгироӣ иштирок доштаанд ва дар натиҷаи он, бархеи онон боздошт ва муҷозот шуданд. Мутаассифона, дар он солҳо ҳанӯз бисёре аз кишварҳои порсизабон бо вожаҳо ва шиорҳои ҳамгироии порсизабонон муваффақ набуданд ва чунин ҳамгироиро дар ростои манофеи худ намедиданд. Шояд ҳукуматҳои бархе кишварҳое, ки порсизабонон дар онҳо дар ақалият қарор доранд, аз чунин ҳамбастагиҳои фарҳангӣ ва маданӣ эҳсоси хатар кунанд. Аммо ҳукумати кишварҳое, ки ҷомеаҳои форсизабон дар онҳо аксарият ҳастанд, набояд шаҳрвандони худро ба далели мушорикат дар чунин фаъолиятҳои фарҳангиву маданӣ муҷозот мекарданд.
Ман ҳамчунон ба ҳамгироии минтақаии порсизабонон бовар дорам ва бовар дорам, ки бояд дар ростои рафтуомади озод, раҳоӣ аз марзҳои баҷомонда аз истеъмор ва ҳатто шаклгирии як конфедаратсион, бар пояи маданияти демократӣ ва ба дур аз ифротгароии мазҳабӣ ва динӣ талош кунем.
Ман ба мубориза барои ҳамбастагии порсизабонони ҷаҳон идома медиҳам ва умедворам рӯзе ҷанг ва ифротгароӣ дар минтақаи мо поён ёбад, марзҳои баҷомонда аз даврони истеъмор дигар мардумони моро аз якдигар ҷудо накунанд ва танҳои ҷудоафтода бори дигар ба пайкари муштарак бипайвандад.
Бисёр миллатҳое, ки аз сарзамини аслӣ ва хостгоҳи таърихии худ дур афтодаанд, барои ҳифзи ҳувияти миллии худ, беш аз пеш ба забон, фарҳанг ва шеваи зиндагии модарии худ такя мекунанд. Барои намуна метавон аз қирғизҳо ва туркманҳо ишора кард. Ба назар мерасад, чунин раванде дар миёни тоҷикони Афғонистон дида намешавад. Манзурам ин аст, ки бахши қобили таваҷҷуҳе аз тоҷикони Афғонистон, фарҳанг ва шеваи зиндагии Тоҷикистонро улгӯи зиндагии худ қарор намедиҳанд ва гароишҳои исломгароёна дар миёни онон пурранг аст. Дар ҳоле, ки дидгоҳҳои секулор дар миёнашон ривоҷи чандоне надорад. Ба назри Шумо, чаро фаъолони сиёсӣ ва иҷтимоии Афғонистон ин падидаро ба таври ҷиддӣ мавриди баррасӣ ва пажӯшиш қарор намедиҳанд?
Ҳорун Самарқандӣ: Бо эҳтиром ба ақалиятҳои қавмие, ки ном бурдед, бояд гуфт ки пешинаи таърихӣ ва шаклгирии ҳувияти миллии онҳо ба пешинаи таърихии тоҷикон тафовут дорад. Дар ҳоле, ки тоҷикон аз мардумони бумии ин сарзаминанд ва дар чорчӯби тамаддуни таърихии Эрони бузург дар шаклгирии яке аз тамаддунҳои бузурги башарӣ саҳм доштаанд. Дар таърихи ин тамаддун шахсиятҳо, донишмандон, шоирон ва нависандагони бузург зуҳур кардаанд, ки осор ва андешаҳояшон бахше аз мероси башарӣ аст. Мо меросдорони тамаддунҳо ва давлатҳои таърихии бузург чун Ҳахоманишиён, Сосониён, Ҳафтолиён ва Сомониёнем.
Бинобар ин, ба бовари ман набояд ҷойгоҳи таърихӣ ва тамаддунии тоҷиконро бидуни дар назар гирифтани тафовутҳои таърихӣ, бо гурӯҳҳои қавмии ёдшуда муқоиса кард. Гароишҳои мазҳабӣ дар миёни тоҷикон низ пешинаи тӯлонӣ дорад. Шумо бо нақши мароказҳои илмӣ ва уламои бузурги исломӣ дар кишвари тоҷикии бузурги Бухоро ва дигар шаҳрҳои таърихии минтақа ошноед. Чунон ки осори Имом Бухорӣ, Имом Тирмизӣ ва Имом Абудовуд ҳанӯз аз манобеи муҳимми ҳадис дар ҷаҳони ислом ба шумор мераванд.
Аммо ба бовари ман, густариши ифротгароии исломгароӣ дар миёни бахше аз тоҷикони Афғонистон, ба вижа дар даҳаҳои охир, бо таваҷҷуҳ ба Иттиҳоди Шӯравӣ ва тақобули шарқу ғарб пайванд дорад. Ба далели мазҳабӣ будани ҷомеаи Афғонистон кишварҳои ғарбӣ барои муқобила бо рақиби худ аз ҷиҳод бар зидди Шӯравӣ ҳимоят кардаанд. Дар ҳамин раванд андешаҳои ихвонӣ, дидгоҳҳои сахтгиронаи девбандӣ ва ҷараёнҳое чун ваҳобият ва салафият дар канори гурӯҳҳои мухталифи исломгаро, аз ҳимоятҳои сиёсӣ ва молӣ бархӯрдор шудаанд. Ин раванд ба тақвияти ҷараёнҳои мазаҳабии сиёсӣ ва шалгирии заминаҳое барои рушди ифротгароӣ дар ҷомеа анҷомид ва ба тадриҷ бар сохторҳои сиёсӣ ва иҷтимоии тоҷикон низ таъсир гузошт.
Кишварҳои ҳамсоя, ки дар ҷараёнҳое аз ихтилофҳои Шӯравӣ хориҷ буданд низ аз гурӯҳҳои исломгаро ҳимоят кардаанд. Пас аз шикасти Иттиҳоди Шӯравӣ ҳимоят аз ҷараёнҳои исломгаро идома ёфт, дар ҳоле ки ҷараёнҳои секулории Афғонистон аз пуштибонии мушобеҳе бархӯрдор нашуданд. Ба бовари ман ин адами тавозун дар ҳимоятҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ яке аз омилҳоест, ки сабаб шуда андешаи ташкили давлати исломӣ ҳамчунон дар миёни бахшҳое аз ҷомеа ва неруҳои сиёсии Афғонистон низ нуфузи густурдае дошта бошад.
Ин масъаларо ҳатто дар миёни бахше аз мухолифони Толибон низ метавон мушоҳида кард, зеро бархе аз онон ба ҷойи дифои рӯшан аз як давлати секулор, аз ташкили давлати исломӣ бо қироате муътадил сухан мегӯянд. Ба бовари ман, ин рӯйкард ба танҳоӣ барои эҷоди низоми демократӣ, фарогир ва вобаста бар ҳуқуқи баробари шаҳрвандон кофӣ нест.
Ман муътақидам, ки барои поён додан ба чархаи ифротгароӣ ва баҳрабардории сиёсӣ аз дин, бояд дар меҳани мо, давлати секулорӣ шакл бигирад ва ҷудоии ниҳоди дин аз давлат ба унвони яке аз усулҳои асосии низоми сиёсӣ пазируфта шавад. Бояд ба дӯкондории сиёсӣ ба номи дин поён дод ва иҷоза надод, ки боварҳои динии мардумӣ василае барои касби қудрат ва саркӯби дигарон қарор гирад. Дар айни ҳол, бояд миёни диндории фардӣ ва истифодаи абзорӣ аз дин дар сиёсат тафовут қоил шуд.
Дар як низоми секулори демократӣ дин на саркӯб мешавад ва на аз ҷомеа ҳазф мегардад, балки дар фазои озод ва муҳтарамона ба дур аз мудохила ва султаи давлат ба ҳаёти худ идома медиҳад. Мардум метавонанд озодона ба боварҳои динии худ пойбанд бошанд ва аз арзишҳои ахлоқӣ ва маънавии он баҳра баранд, дар ҳоле ки давлат дар баробари ҳамаи шаҳрвандон, сарфи назар аз дин, мазҳаб ё бебоварии онон, бетараф ва посухгӯ боқӣ мемонад. Ман барои таҳаққуқи чунин ояндае мубориза мекунам ва онро яке аз пешшартҳои асосии озодӣ, баробарӣ ва пешрафти ҷомеа медонам.
Дар поён аз ҷаноби Шумо барои пурсишҳо, фароҳам кардани заминаи ин гуфтугӯ ва фурсатҳое, ки барои баёни дидгоҳоям дар ихтиёрам гузоштаед, самимона сипосгузорӣ мекунам.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Ҳорун Самарқандӣ: “Ояндаи тоҷикони Афғонистон ба ташаккули стратегияи мустақили сиёсӣ вобаста аст
“Ҳар чизе дар дасти мо буд, кардем”. Нурулло Алиев ба муҳимтарин муҳорибааш омода аст
Ироқчӣ ба Амрико бори дигар ҳушдор дод
Тоҷикистон мехоҳад бо ширкатҳои чинӣ неругоҳҳои офтобӣ ва бодӣ бунёд кунад