Аббос Ироқчӣ: “Амрико барои дифоъ аз Исроил 11 миллиард доллар сарф кардааст”
Дар натиҷаи ҳамлаи Ҷабҳаи озодӣ ба фурудгоҳи низомии Багром 10 Толиб кушта шудааст
Толибон бе Тоҷикистону Чин роҳи Долони Вахонро боз карданд. Чин гуфт, роҳ баста мемонад
Путин: “Шикасти Русия дар ҷанг ғайриимкон аст”
Аббос Ироқчӣ: “Амрико барои дифоъ аз Исроил 11 миллиард доллар сарф кардааст”
Сайид Аббос Ироқчӣ, вазири корҳои хориҷии Эрон гуфт, ки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар се соли охир 11 миллиард доллар аз маблағҳои андозсупорандагони худро барои дифои мушакии Исроил харҷ кардааст.
Вазири корҳоии хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон дар шабакаи иҷтимоии “Х” навишт, ки Амрико барои дифоъ аз Исроил дар худи ин кишвар мушакҳои боздорандаро партоб кардааст.
Сайид Аббос Ироқчӣ мегӯяд, ки чунин вазъият муносибатҳои ду кишварро, ки бояд ба манфиатҳои дуҷониба асос ёбанд, ба муносибатҳои якҷониба табдил додааст.
“Ин дигар робита бар асоси манфиатҳои мутақобил нест, балки як робитаи паразитӣ ва яктарафа аст” – зикр кардааст Сайид Аббос Ироқчӣ.
Дар рӯзҳои ахир ҳамлаҳои лафзии мақомоти Эрон ва Амрико бар зидди якдигар бештар шудааст. Президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар давраи интихоботи миёндавраӣ бо ҳамлаҳои лафзӣ сиёсати мақомоти Эронро танқид мекунад.
Мақомоти Эрон низ дар посух бо мавқеи мушаххас Амрикоро сабабгори нооромӣ ва аз байн рафтани амният дар кишварҳои Ховари Миёна медонанд. Онҳо таъкид мекунанд, ки барои роҳи ҳалли дипломатӣ Амрико бояд шартҳои Эронро қабул кунад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Пешвои миллат дар шаҳри Ваҳдат маркази ташхисӣ ва табобатии Лормедро ифтитоҳ намуданд
Боздошти марде бо гумони қаллобӣ: "Ваъда мекард, ки тавассути никоҳи сохта ба Амрико равон мекунад"
Дидгоҳи як тоҷик дар Синхуа. Наздикшавии Чин ва Осиёи Марказӣ ояндаи СҲШ шакл медиҳад
Русия даст доштан бар таблиғоти интернетии зидди яҳудиёнро рад кард