24 Октябр 2026,
шанбе, 11:46, Душанбе
24.10.2026 10:32

Русия даст доштан бар таблиғоти интернетии зидди яҳудиёнро рад кард

Вазорати корҳои хориҷии Федератсияи Русия бо пахши як изҳорот гуфт, ки иттиҳоми Бенямин Нетаняҳу дар мавриди нақш доштани Русия дар роҳандозии маъракаи интернетии зиддияҳудӣ беасос аст. Ин вазорат матраҳ шудани чунин иттиҳомро ба интихоботи Исроил, ки рӯзи 27-уми октябр бояд баргузор шавад, вобаста донист.

Вазорати корҳои хориҷии Русия гуфт, ки дар бораи ин иттиҳом сарвазири Исроил ҳеч далел пешниҳод накардааст. Вазорат аз он изҳори таассуф кард, ки ин масъала дар остонаи интихобот ба ҷойи гуфтугӯ миёни коршиносони амнияти киберии ду ҷониб, дар расонаҳо матраҳ шудааст.

Дар изҳороти Вазорати корҳои хориҷии Русия омадааст, Бенямин Нетаняҳу иддао кардааст, ки Маскав бо таъсиси шабакаи ботӣ дар интернет маъракаи зиддияҳудиро ба роҳ мондааст ва эҳсосоти зидди Исроилро дар кишварҳои ғарбӣ тақвият додааст.

Русия дар изҳороти худ зикр кардааст, дар соли 2018 ба Исроил пешниҳод кардааст, ки мақомоти ду кишвар барои ҳамкорӣ дар соҳаи амнияти иттилоотӣ созишномаи дуҷонибаро имзо намоянд. Исроил ба ин пешниҳод посух надодааст. Вазорат гуфтааст, чунин ҳамкорӣ метавонист аз ба миён омадани мушкилоти беасос пешгирӣ кунад.

Вазорати корҳои хориҷии Русия ин иттиҳомро дар доираи нашри хабарҳои гумроҳкунанда баррасӣ карда, гуфтааст, ки он ба мисли иддаоҳои қаблии дахолати хакерҳои рус ба интихоботи Амрико аст. Маскав он вақт иттиҳомҳои Ҳилларӣ Клинтонро “дурӯғи бузург” номида буд.

Вазорати корҳои хориҷии Русия гуфтааст, ки нигоҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба Исроил фақат аз рӯи амалкард ва сиёсати ин кишвар ташаккул меёбад.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

24.10.2026 11:07

Пешвои миллат дар шаҳри Ваҳдат маркази ташхисӣ ва табобатии Лормедро ифтитоҳ намуданд

Имрӯз, 24-уми октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади шиносоӣ бо вазъи зиндагии мардум ва ифтитоҳи як қатор иншооти ҷашнӣ ба шаҳри Ваҳдат сафар карданд.
24.10.2026 11:04

Дидгоҳи як тоҷик дар Синхуа. Наздикшавии Чин ва Осиёи Марказӣ ояндаи СҲШ шакл медиҳад

Хабаргузории “Синхуа”-и Чин дар як гузориш бо Гузел Майтдинова, директори Маркази таҳқиқоти геополитикии Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон дар бораи тақвияти ҳамкории Чин ва Осиёи Марказӣ дар доираи Созмони ҳамкории Шанхай суҳбат намудааст. Коршинос дар ин суҳбат таъкид мекунад, ки афзоиши тиҷорат, рушди долонҳои нақлиётӣ ва ҳамкории технологӣ метавонанд самтҳои фаъолияти Созмони ҳамкории Шанхайро густариш диҳанд.
24.10.2026 10:32

Русия даст доштан бар таблиғоти интернетии зидди яҳудиёнро рад кард

Вазорати корҳои хориҷии Федератсияи Русия бо пахши як изҳорот гуфт, ки иттиҳоми Бенямин Нетаняҳу дар мавриди нақш доштани Русия дар роҳандозии маъракаи интернетии зиддияҳудӣ беасос аст. Ин вазорат матраҳ шудани чунин иттиҳомро ба интихоботи Исроил, ки рӯзи 27-уми октябр бояд баргузор шавад, вобаста донист.
24.10.2026 10:23

Аббос Ироқчӣ: “Амрико барои дифоъ аз Исроил 11 миллиард доллар сарф кардааст”

Сайид Аббос Ироқчӣ, вазири корҳои хориҷии Эрон гуфт, ки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар се соли охир 11 миллиард доллар аз маблағҳои андозсупорандагони худро барои дифои мушакии Исроил харҷ кардааст.
24.10.2026 10:17

Дар натиҷаи ҳамлаи Ҷабҳаи озодӣ ба фурудгоҳи низомии Багром 10 Толиб кушта шудааст

Ҷабҳаи озодии Афғонистон хабар додааст, ки неруҳои ин ҷабҳа ба иншоот ва марказҳои таълимии гурӯҳи террористии Толибон дар фурудгоҳи низомии Багром, воқеъ дар шимоли Кобул ҳамлаи мушакӣ анҷом додааст.
24.10.2026 09:06

Хонаи истиқоматӣ ва мукофотпулӣ. Қадрдонии Шоҳрух Назаров пас аз муваффақият дар Бозиҳои V параосиёӣ

Шоҳрух Назаров барандаи медали нуқраи Бозиҳои V параосиёӣ шуда, аввалин медали ҳайати мунтахаби Тоҷикистонро дар таърихи иштироки кишвар дар мусобиқаи мазкур ба даст овард.
24.10.2026 07:05

31 созишнома бо 1,2 миллиард сомонӣ. Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест – 2026» баргузор гардид

Дар шаҳри Бохтар Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест – 2026» бо иштироки 1000 нафар, аз ҷумла соҳибкорон, сармоягузорон ва меҳмонон аз 30 давлати ҷаҳон баргузор гардид.
24.10.2026 07:04

Сироҷиддин Муҳриддин дар мулоқоти вазирони корҳои хориҷии давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Гурҷистон иштирок намуд

Имрӯз, 23-юми октябр дар шаҳри Батуми вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин дар мулоқоти вазирони корҳои хориҷии давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Гурҷистон иштирок кард.
23.10.2026 14:15

Толибон бе Тоҷикистону Чин роҳи Долони Вахонро боз карданд. Чин гуфт, роҳ баста мемонад

Чанд рӯз қабл масъулони гурӯҳи террористии Толибон бидуни ҳузури Чин роҳи Долони Вахонро, ки Афғонистонро бо Чин мепайвандад, ифтитоҳ намуданд. Чин фавран изҳорот дод, ки роҳ ба таври якҷониба аз сӯйи масъулони Толибон ифтитоҳ шуда, баста боқӣ мемонад ва ҳеч гуна равобити транзитӣ дар ин минтақа сурат нахоҳад гирифт.
23.10.2026 13:55

Путин: “Шикасти Русия дар ҷанг ғайриимкон аст”

Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия изҳор дошт, ки шикасти ин кишвар дар майдони ҷанг ғайриимкон буда, идеяи расонидани шикасти стратегӣ ба Маскав воқеӣ нест. Ӯ ҳамчунин, гуфт, ки Русия нияти ҷанг бо Аврупоро надорад.
23.10.2026 13:45

Заминларза бо қувваи 7 бал дар Тибет: 16 нафар ба ҳалокат расида ва 65 тани дигар захмӣ шуданд

Дар пайи заминларза бо қувваи 7 бал дар минтақаи Сисзан (Тибет)-и Чин, ки шоми панҷшанбе рух дод, дастикам 16 нафар ба ҳалокат расида, 65 тани дигар захмӣ шудаанд. Си Ҷинпин, роҳбари давлати Чин дастур додааст, ки амалиёти наҷот бо тамоми нерӯ анҷом дода шавад.