Боздошти марде бо гумони қаллобӣ: "Ваъда мекард, ки тавассути никоҳи сохта ба Амрико равон мекунад"
Хонаи истиқоматӣ ва мукофотпулӣ. Қадрдонии Шоҳрух Назаров пас аз муваффақият дар Бозиҳои V параосиёӣ
31 созишнома бо 1,2 миллиард сомонӣ. Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест – 2026» баргузор гардид
Байни Тоҷикистону Узбекистон Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ дар соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ ба имзо расид
Боздошти марде бо гумони қаллобӣ: "Ваъда мекард, ки тавассути никоҳи сохта ба Амрико равон мекунад"
Мақомоти интизомии пойтахт мардеро дастгир карданд, ки ба ҷурми фиреб додани шаҳрвандон дар мавриди ба Амрико сафарбар намудан, гумонбар аст.
Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе навиштааст, ки ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти қаллобӣ аз ҷониби кормандони милитсияи пойтахт шаҳрванд Умаров Рустам, сокини 36-солаи шаҳри Душанбе, дастгир карда шуд.
Афзуда мешавад, ки номбурда ширкати хусусии худро таъсис дода, ба ҳуҷҷатгузорӣ барои иштирок дар лотереяи бурдноки «Green Card» машғул мебошад. Дар ин росто, ӯ бо роҳи фиреб ваъда додааст, ки тавассути бастани ақди никоҳи сохта барои рафтан ба Амрико мусоидат мекунад ва аз шаҳрвандон маблағҳои гуногуни пулӣ талаб намуда, гирифтааст.
Ба навиштаи манбаъ, то ҳол зиёда аз 10 далели чунин кирдори ҷиноятии гумонбаршуда ошкор карда шуда, зарари ба шаҳрвандон расонидашуда беш аз 163 ҳазор доллари амрикоиро ташкил медиҳад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Пешвои миллат дар шаҳри Ваҳдат маркази ташхисӣ ва табобатии Лормедро ифтитоҳ намуданд
Боздошти марде бо гумони қаллобӣ: "Ваъда мекард, ки тавассути никоҳи сохта ба Амрико равон мекунад"
Дидгоҳи як тоҷик дар Синхуа. Наздикшавии Чин ва Осиёи Марказӣ ояндаи СҲШ шакл медиҳад
Русия даст доштан бар таблиғоти интернетии зидди яҳудиёнро рад кард