31 созишнома бо 1,2 миллиард сомонӣ. Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест – 2026» баргузор гардид
Байни Тоҷикистону Узбекистон Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ дар соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ ба имзо расид
“Ҳар чизе дар дасти мо буд, кардем”. Нурулло Алиев ба муҳимтарин муҳорибааш омода аст
Ҷабҳаи озодӣ: Мо се Толибро дар вилояти Парвони Афғонистон куштем
Хонаи истиқоматӣ ва мукофотпулӣ. Қадрдонии Шоҳрух Назаров пас аз муваффақият дар Бозиҳои V параосиёӣ
Шоҳрух Назаров барандаи медали нуқраи Бозиҳои V параосиёӣ шуда, аввалин медали ҳайати мунтахаби Тоҷикистонро дар таърихи иштироки кишвар дар мусобиқаи мазкур ба даст овард.
Тавре ки сомонаи varzishtv.tj хабар додааст, Шоҳрух Назаров дар намуди параҷудо дар вазни то 81 кг ва синфи J1, ки барои варзишгарони нобино пешбинӣ шудааст, қувваозомоӣ карда, намояндаи Чин ва ду намояндаи Қазоқистонро шикаст дода, ба даври ниҳоӣ роҳ ёфт. Дар финал варзишгари тоҷик аз намояндаи Узбекистон шикаст хурда, сазовори медали нуқра гардид.
Иттилоъ дода мешавад, ки ба Шоҳрух Назаров аз ҷониби президенти Федератсияи ҷудои Тоҷикистон Исмоил Маҳмадзоир 150 000 сомонӣ мукофотпулӣ ҷудо карда шуд.
Ҳамчунин, барои ин дастовари таърихӣ аз ҷониби президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон Маҳмуд Амонзода ба Шоҳрух Назаров хонаи истиқоматӣ туҳфа карда мешавад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Дидгоҳи як тоҷик дар Синхуа. Наздикшавии Чин ва Осиёи Марказӣ ояндаи СҲШ шакл медиҳад
Русия даст доштан бар таблиғоти интернетии зидди яҳудиёнро рад кард
Аббос Ироқчӣ: “Амрико барои дифоъ аз Исроил 11 миллиард доллар сарф кардааст”
Дар натиҷаи ҳамлаи Ҷабҳаи озодӣ ба фурудгоҳи низомии Багром 10 Толиб кушта шудааст