Путин: “Шикасти Русия дар ҷанг ғайриимкон аст”
Заминларза бо қувваи 7 бал дар Тибет: 16 нафар ба ҳалокат расида ва 65 тани дигар захмӣ шуданд
Вэнс: “Фиристодаи вижаи Иёлоти Муттаҳида гуфтугӯҳо бо Русия ва Украинаро аз сар гирифт”
Русия, Қазоқистон, Қирғизистон ва Беларусия ба Тоҷикистон таҷҳизоти низомӣ ирсол мекунанд
Толибон бе Тоҷикистону Чин роҳи Долони Вахонро боз карданд. Чин гуфт, роҳ баста мемонад
Чанд рӯз қабл масъулони гурӯҳи террористии Толибон бидуни ҳузури Чин роҳи Долони Вахонро, ки Афғонистонро бо Чин мепайвандад, ифтитоҳ намуданд. Чин фавран изҳорот дод, ки роҳ ба таври якҷониба аз сӯйи масъулони Толибон ифтитоҳ шуда, баста боқӣ мемонад ва ҳеч гуна равобити транзитӣ дар ин минтақа сурат нахоҳад гирифт.
Ба андешаи бархе таҳлилгарон роҳи Долони Вахон як роҳи транзитии геополитикӣ аст, ки муодилаи транзитӣ дар минтақаро тағйир медиҳад. Бо ин далел, Чин иқдоми якҷонибаи Толибонро бо вокуниши расмӣ қабул кард ва гуфт, ин роҳ баста боқӣ мемонад.
Қисмате аз минтақаи Вахон дар дохили Тоҷикистон аст ва боз шудани роҳи мустақим то марзи Чин нигарониҳои амниятӣ дар ин минтақаро афзоиш хоҳад дод. Бинобар ин, Тоҷикистон ва Чин бо нигарониҳои амниятӣ ин минтақаро дар зери назар доранд. Гурӯҳҳои ифротгарои ҷудоиталаби чинӣ, ки дар дохили хоки Афғонистон фаъолият мебаранд, яке аз омилҳои аслии нигарониҳои амниятии Чин ба шумор мераванд.
Долони Вахон агар ба як долони воқеии байналмилалӣ табдил шавад, масъала ва нақши Тоҷикистон комилан дигар мешавад. Институти “Central Asia-Caucasus Institute” дар таҳлили ин масъала мегӯяд, ки Тоҷикистон манфиатдор аст ба бозорҳои Чину Покистон роҳи кӯтоҳтар пайдо намояд ва ин метавонад ба воситаи Вахон ба як ҳалқаи муҳимми транзити мол миёни Осиёи Марказӣ ва Осиёи Ҷанубӣ табдил ёбад. Дар ин таҳлил зикр мешавад, ки Тоҷикистон, Афғонистон ва Покистон дар солҳои гузашта барои бунёди роҳ ба воситаи ағбаи Дораҳ гуфтугӯ намуда буданд, ки бо суқути ҳукумати Ашраф Ғанӣ ва рӯйи кор омадани гурӯҳи террористии Толибон ин нақша амалӣ нашуд. Яке аз сабабҳои асосии ин ки Чину Покистон ва Тоҷикистон дар робита ба масъалаи Долони Вахон бо гурӯҳи террористии Толибон музокира ва ҳамкорӣ намекунанд, масъалаи аз ҷониби ҷомеаи байналмилалӣ ба расмият нашинохтани ин гурӯҳ аст.
Рӯзномаи “Вашингтон пост” дар мақолае таҳти унвони “Роҳи Вахон: орзуи Толибон барои расидан ба Чин ва монеаҳое, ки Тоҷикистон бояд ба назар гирад” менависад, ки “барои Тоҷикистон масъалаи роҳи Вахон фақат бунёди як роҳи нави мошингард дар қаламрави Афғонистон нест. Ин тарҳ метавонад ба муносибатҳои нақлиётӣ ва иқтисодии кишварҳои атрофи Помир таъсир гузорад. Тоҷикистон аз шимол ва шарқ бо Афғонистон ва Чин ҳамсарҳад аст, аммо Долони Вахон аз қаламрави Афғонистон гузашта, ба минтақаи Синзяни Чин мерасад. Бо ин далел, бунёди он худ аз худ ба маънои пайваст шудани Тоҷикистон ба роҳи навро надорад”.
Коршиносон мегӯянд ин роҳ метавонад робитаҳои иқтисодии Кобул ва Пекинро густариш диҳад ва вобастагии Афғонистон аз роҳҳои тиҷоратии Покистонро коҳиш диҳад. Ҳамзамон, мушкилоти амниятии Покистон барои сармоягузориҳои Чин дар минтақа хатарҳои бештар эҷод менамояд.
Роҳи Долони Вахон, ки Афғонистонро бо Чин мепайвандад, 121 километр масофа дорад. Ин роҳ аз тариқи минтақаи Броғил то сарҳади Чин тӯл дорад ва барои барқарор намудани робитаҳои мустақими заминии ду кишвар пешбинӣ шудааст.
Гуфта шудааст, ки арзиши бунёди роҳи мазкур тақрибан 365 миллион афғонӣ, муодили 5, 5 миллион доллари амрикоӣ арзёбӣ мешавад. Лоиҳа аз тарафи муҳандисони афғонӣ амалӣ шудааст.
Бархе расонаҳо бо нашри мақолаҳои таҳлилӣ мегӯянд, ки аҳамияти роҳ аз арзиши нисбатан ками сохтмонаш фаротар меравад. Ин масир метавонад барои Афғонистон имконияти нави тиҷорат бо яке аз бузургтарин иқтисодҳои ҷаҳонро фароҳам созад ва барои Чин роҳи иловагии дастрасӣ ба Афғонистон ва бозорҳои минтақа бошад.
Чаро Чин ба роҳҳои нав ниёз дорад?
Танишҳои миёни Афғонистону Покистон масъалаи амнияти роҳҳои тиҷоратӣ ва вобастагии Кобул аз қаламрави кишвари ҳамсояро дубора ба миён овардааст.
Мақомоти Афғонистон Покистонро ба анҷом додани ҳамлаҳои ҳавоӣ ва ноором намудани минтақаҳои наздимарзӣ муттаҳам мекунанд. Исломобод дар навбати худ гуфт, ки амалиёташ ба муқобили гурӯҳҳои мусаллаҳ равона шудааст. Гузоришҳо дар хусуси талафоти ғайринизомиён низ танишҳои ду кишварро бештар намудааст.
Дар чунин шароит доштани роҳи мустақим ба Чин метавонад барои Кобул аҳамияти иқтисодиву сиёсӣ пайдо намояд. Гуфта мешавад, агар ин масир барои интиқоли молу маҳсулот истифода шавад, Афғонистон метавонад имкониятҳои тиҷоратии худро васеъ ва вобастагиаш аз гузаргоҳҳои Покистонро кам кунад.
Барои Чин низ диверсификатсияи роҳҳои минтақавӣ хеле муҳим аст. Чин мехоҳад робитаҳои иқтисодии худ бо кишварҳои ҳамсояро густариш диҳад, вале ноамнӣ дар Афғонистону Покистон метавонад ба лоиҳаҳои инфрасохторӣ ва манфиатҳои стратегии он таъсир гузорад.
Амният яке аз масъалаҳои асосӣ барои Чин аст
Яке аз нигарониҳои асосии Чин дар мавриди роҳи транзитии Афғонистон нигаронии амниятӣ аст. Чин аз он нигарон аст, ки ин роҳ аз тарафи гурӯҳҳои мухолиф ва мусаллаҳи зидди Чин мавриди истифода қарор нагирад. Пекин аз он хавф дорад, ки ноамнӣ метавонад ба вилояти Синзян паҳн шуда, амнияти ин минтақа ва манфиатҳои Чинро таҳти таъсир қарор диҳад.
Дар ҳамин ҳол, ҳамлаҳои террористӣ ба шаҳрвандон ва кормандони чинӣ дар Покистон ба як мушкили ҷиддӣ табдил ёфтааст. Дар солҳои ахир лоиҳаҳои иқтисодӣ ва инфрасохтории Чин дар ин кишвар борҳо мавриди ҳамлаи гурӯҳҳои мусаллаҳ қарор гирифтааст.
Вазъият дар вилояти Балучистон, ки дар он гурӯҳҳои ҷудоихоҳ, аз ҷумла Артиши озодибахши Балуч фаъол мебошанд, махсусан нигаронкунанда мебошад. Мавриди ҳадаф қарор гирифтани шаҳрвандони Чин ва иншооти марбут ба долони иқтисодии Чину Покистон -СРЕС- хароҷоти амниятии Пекинро афзоиш медиҳад.
Дар натиҷа Чин маҷбур аст на фақат барои бунёди роҳҳо, неругоҳҳо ва дигар иншоот маблағ сарф намояд, балки барои ҳифзи кормандон ва сармоягузориҳои худ низ захираҳои иловагӣ ҷудо намояд.
Долони Вахон имконият ё мушкили нав?
Роҳи транзитӣ ё иртиботии нави заминӣ метавонад муносибатҳои иқтисодии Афғонистон ва Чинро ба марҳилаи дигар савқ диҳад. Аммо барои табдил ёфтани роҳ ба масири воқеии тиҷоратӣ фақат бунёди сохтмони он кофӣ нест.
Таъмин намудани амният, бунёди иншооти марзӣ, ташкили низоми гумрукӣ ва ба роҳ мондани интиқоли мунтазами мол ва маҳсулот, аз ҷумлаи шартҳои асосии истифодаи иқтисодии роҳи Долони Вахон аст. Мавқеи географии Вахон ва шароити кӯҳистонии он низ метавонад суръат ва ҳаҷми ҳаракати нақлиётро маҳдуд кунад.
Аз ин рӯ, роҳ ҳанӯз наметавонад нақши долони иқтисодии Чин ва Покистонро пурра иваз намояд. Аммо он метавонад барои Афғонистон ва Чин як имкони иловагӣ фароҳам кунад ва дар оянда ба тағйири масирҳои тиҷоратӣ дар минтақа мусоидат намояд.
Масъалаи асосӣ ин аст, ки оё Кобул ва Пекин метавонанд роҳи нави Вахонро аз як лоиҳаи инфрасохторӣ ба долони устувори тиҷоратӣ табдил диҳанд. Посух ба ин суол на фақат ба вазъияти роҳ, балки ба муносибатҳои сиёсиву амниятӣ дар Афғонистон, Покистон ва минтақа вобаста хоҳад буд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Толибон бе Тоҷикистону Чин роҳи Долони Вахонро боз карданд. Чин гуфт, роҳ баста мемонад
Путин: “Шикасти Русия дар ҷанг ғайриимкон аст”
Заминларза бо қувваи 7 бал дар Тибет: 16 нафар ба ҳалокат расида ва 65 тани дигар захмӣ шуданд
Байни Тоҷикистону Узбекистон Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ дар соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ ба имзо расид