Аббос Ироқчӣ: “Амрико барои дифоъ аз Исроил 11 миллиард доллар сарф кардааст”
Дар натиҷаи ҳамлаи Ҷабҳаи озодӣ ба фурудгоҳи низомии Багром 10 Толиб кушта шудааст
Толибон бе Тоҷикистону Чин роҳи Долони Вахонро боз карданд. Чин гуфт, роҳ баста мемонад
Путин: “Шикасти Русия дар ҷанг ғайриимкон аст”
Дар натиҷаи ҳамлаи Ҷабҳаи озодӣ ба фурудгоҳи низомии Багром 10 Толиб кушта шудааст
Ҷабҳаи озодии Афғонистон хабар додааст, ки неруҳои ин ҷабҳа ба иншоот ва марказҳои таълимии гурӯҳи террористии Толибон дар фурудгоҳи низомии Багром, воқеъ дар шимоли Кобул ҳамлаи мушакӣ анҷом додааст.
Ин ҷабҳа хабар додааст, ки дар натиҷаи ҳамлаи мушакӣ ба фурудгоҳи Багром 10 узви Толибон кушта шудаанд.
Ҷабҳаи озодӣ рӯзи 22-юми октябр дар ин бора дар саҳифаи корбарии худ дар шабакаи иҷтимоии “Х” хабар дода, зикр кардааст, ки ин ҳамла шоми рӯзи панҷшанбе анҷом дода шуд.
Ин ҷабҳа гуфтааст, ки амалиёти мазкур тибқи иттилооти иктишофӣ ва бо ҳамоҳангии қаблӣ сурат гирифтааст. Дар натиҷаи ин ҳамла ба гурӯҳи террористии Толибон талафоти ҷониву хисороти модӣ ворид гардидааст.
Ёсин Зиё, раҳбари Ҷабҳаи озодӣ аст ва бар зидди Толибон муборизаи мусаллаҳона мебарад. Ёсин Зиё борҳо таъкид кардааст, ки ягона роҳи наҷоти Афғонистон муборизаи мусаллаҳона бо ин гурӯҳ аст ва Ҷабҳаи озодӣ бо пирӯзӣ бар муқобили ин гурӯҳ ҷанг хоҳад кард.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Русия даст доштан бар таблиғоти интернетии зидди яҳудиёнро рад кард
Аббос Ироқчӣ: “Амрико барои дифоъ аз Исроил 11 миллиард доллар сарф кардааст”
Дар натиҷаи ҳамлаи Ҷабҳаи озодӣ ба фурудгоҳи низомии Багром 10 Толиб кушта шудааст
Хонаи истиқоматӣ ва мукофотпулӣ. Қадрдонии Шоҳрух Назаров пас аз муваффақият дар Бозиҳои V параосиёӣ