Вақте журналист ҷосус мешавад. Русия як журналисти ҷопониро боздошт кард
Ҳамлаи мушакии Яман ба Риёз: 4 нафар захмӣ ва 15 хона осеб дидаанд
Толибон: Итминон медиҳем, ки аз тарафи Афғонистон ба хоки Тоҷикистон ҳеч осебе нахоҳад расид
Файзалӣ Идизода бо иштирокчиёни Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ вохӯрӣ намуд
Толибон: Итминон медиҳем, ки аз тарафи Афғонистон ба хоки Тоҷикистон ҳеч осебе нахоҳад расид
Мақомоти гурӯҳи террористии Толибон ба расонаҳои афғонистонӣ гуфтаанд, ки дар марзи Тоҷикистону Афғонистон таҳдиди ҷиддии амниятӣ вуҷуд надорад ва марз дар зери назорати мақомоти ду кишвар аст.
Забеҳуллоҳ Муҷоҳид, сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии гурӯҳи террористии Толибон дар суҳбат ба расонаҳо гуфт, вазъият дар марзи ду кишвар таҳти назорат аст. Ба гуфтаи ӯ, неруҳои ду кишвар дар робита ба масъалаҳои марзӣ бо ҳам дар ҳамоҳангӣ кор мекунанд.
Ин изҳори назари Забеҳуллоҳ Муҷоҳид дар ҳоле садо медиҳад, ки чанд рӯз қабл мақомоти Тоҷикистон дар бораи кушта шудани ду шаҳрванди Афғонистон дар як даргирии мусаллаҳона дар марзи Тоҷикистону Афғонистон хабар дода буданд.
“Кадом бархӯрди низомӣ ва мушкили амниятии ҷиддӣ вуҷуд надорад ва неруҳои Иморати Исломӣ дар ҳамоҳангӣ бо тарафи Тоҷикистон дар мавзуъҳои сарҳадӣ мутаваҷҷеҳи ҳама мушкилот ҳастанд ва мо итминон медиҳем, ки аз хоки Афғонистон ба он тараф ҳеч осебе нахоҳад расид”- таъкид кард Забеҳуллоҳ Муҷоҳид.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Имсол дар хиёбони Саъдӣ Шерозӣ сохтмони эстакада ва як пули автомобилгард оғоз мегардад
Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид дар бораи ҳуқуқҳои маъюбонро Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ намуд
Имтиёз ба Русия ва фишор ба Киев. Трамп ба Зеленский: “Вақти рафтан фаро расид”
Аврупо аз наздикшавии эҳтимолии Вашингтон ва Маскав нигарон аст