Вақте журналист ҷосус мешавад. Русия як журналисти ҷопониро боздошт кард
Ҳамлаи мушакии Яман ба Риёз: 4 нафар захмӣ ва 15 хона осеб дидаанд
Толибон: Итминон медиҳем, ки аз тарафи Афғонистон ба хоки Тоҷикистон ҳеч осебе нахоҳад расид
Файзалӣ Идизода бо иштирокчиёни Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ вохӯрӣ намуд
Ҳамлаи мушакии Яман ба Риёз: 4 нафар захмӣ ва 15 хона осеб дидаанд
Дар натиҷаи ҳамлаҳои мушакии неруҳои мусаллаҳи Яман ба шаҳри Риёзи Арабистони Саудӣ 4 нафар захмӣ ва 15 хона осеб дидаанд. Гуфта мешавад, ки пораҳои мушакҳои раҳгиришуда ба маҳалли истиқоматии Риёз афтодаанд.
Бар асоси гуфтаи сухангӯи ниҳоди мудофиаи шаҳрвандии Арабистони Саудӣ пораҳои мушакҳои болдори раҳгиришуда ба чанд минтақаи Риёз афтодаанд.
Қабл аз ин расонаҳои арабӣ аз шунида шудани садои таркишҳои шадид дар шимоли Риёз хабар дода буданд. Ҳамчунин, гузоришҳое дар хусуси садои таркишҳо дар наздикии иншооти ширкати нафтии Амрико дар Заҳрон, фурудгоҳи байналмилалии Малик Холид ва корхонаи коркарди нафти Риёз нашр шуданд.
Ин ҳодиса дар шароите рӯй медиҳад, ки низои Яман ва эътилофи таҳти роҳбарии Арабистони Саудӣ аз соли 2015 ба ин сӯ идома дошта, боиси буҳрони тӯлонии амниятӣ ва башардӯстона дар Яман шудааст.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Имсол дар хиёбони Саъдӣ Шерозӣ сохтмони эстакада ва як пули автомобилгард оғоз мегардад
Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид дар бораи ҳуқуқҳои маъюбонро Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ намуд
Имтиёз ба Русия ва фишор ба Киев. Трамп ба Зеленский: “Вақти рафтан фаро расид”
Аврупо аз наздикшавии эҳтимолии Вашингтон ва Маскав нигарон аст