Вақте журналист ҷосус мешавад. Русия як журналисти ҷопониро боздошт кард
Ҳамлаи мушакии Яман ба Риёз: 4 нафар захмӣ ва 15 хона осеб дидаанд
Толибон: Итминон медиҳем, ки аз тарафи Афғонистон ба хоки Тоҷикистон ҳеч осебе нахоҳад расид
Файзалӣ Идизода бо иштирокчиёни Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ вохӯрӣ намуд
Вақте журналист ҷосус мешавад. Русия як журналисти ҷопониро боздошт кард
Як журналисти ҷопонӣ ба иттиҳоми ҷосусӣ дар ҷазираи Сахалин аз ҷониби мақомоти амниятии Русия боздошт шудааст. Ӯ дар ҷараёни ҷамъоварии иттилоот дар хусуси иқтидори ҳарбии Русия боздошт шудааст.
Ин журналисти ҷопонӣ аз ҷониби неруҳои Хадамоти федеролии амнияти Русия (ФСБ) боздошт шудааст.
Ин журналист дар намояндагии рӯзномаи ҷопонии “Hokkaido Shimbun”, дар шаҳри Южно-Сахалинск, маркази маъмурии вилояти Сахалин, фаъолият мекард.
Бар асоси иттилои расонаҳои Русия нисбат ба ӯ тиқби моддаи 276-и Кодекси ҷиноятии Русия ба иттиҳоми ҷосусӣ парвандаи ҷиноӣ боз гардидааст.
Ин рӯзноманигор бо супориши як ниҳоди ҷосусии хориҷӣ иттилоотро дар хусуси имкониятҳои дифоии Русия ҷамъоварӣ ва нигаҳдорӣ мекард. ФСБ гуфт, иттилооти мазкур метавонист бар зидди амнияти Русия истифода шавад.
Додгоҳи ноҳияи Лефортовои Маскав барои гумонбаршуда ҳукми ҳабс содир намудааст. ФСБ гуфтааст, чораҳои иловагии тафтишотӣ ва амалиётӣ нисбат ба ин парванда идома дорад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Имсол дар хиёбони Саъдӣ Шерозӣ сохтмони эстакада ва як пули автомобилгард оғоз мегардад
Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид дар бораи ҳуқуқҳои маъюбонро Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ намуд
Имтиёз ба Русия ва фишор ба Киев. Трамп ба Зеленский: “Вақти рафтан фаро расид”
Аврупо аз наздикшавии эҳтимолии Вашингтон ва Маскав нигарон аст