Дар баъзе кӯчаҳои ду ноҳияи Душанбе барқ муваққатан хомӯш мешавад
Озмуни ҷумҳуриявии “Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат” ҷамъбаст шуд
Дар Душанбе аз як шаҳрванди хориҷӣ 386 грамм маводи нашъадор дарёфт гардид
Натиҷаҳои озмуни тақсимоти такрории давраи сеюми ИМД эълон шуд
Сафари Президенти кишвар ба Шаҳринав аз боздиди Маркази ҷумҳуриявии таълимию методии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода оғоз шуд
Имрӯз, 13-уми октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади ифтитоҳи як қатор иншооти соҳаҳои гуногун ва шиносоӣ бо вазъи зиндагии сокинон ба ноҳияи Шаҳринав сафар карданд.
Тавре ки хадамоти матбуоти Сарвари давлат иттилоъ медиҳад, боздиди Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз Маркази ҷумҳуриявии таълимию методии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ дар ноҳияи Шаҳринав оғоз гардид.
Дар маркази нав Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст бинои Кохи наҷотро ифтитоҳ намуда, аз осорхонаи он боздид намуданд. Иншооти навбунёд аз ду ошёна иборат буда, ба талаботи муосир ҷавобгу сохта шудааст ва аз толори барҳавои маҷлис, осорхонаи Пешвои миллат ва дигар ҳуҷраҳои ёрирасон иборат мебошад.
Гуфта мешавад, ки баъди ифтитоҳи Кохи наҷот ва шиносоӣ бо осорхона Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 16 иншооти муҳими Маркази ҷумҳуриявии таълимию методии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданиро тариқи фосилавӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд, аз ҷумла бинои маркази таълимию кинологӣ, маркази идоракунии машқгоҳ, машқгоҳи таълимию амалӣ барои омодасозии наҷотдиҳандагон, паноҳгоҳи мудофиаи гражданӣ, шаҳраки муваққатӣ барои ҷойгиркунии аҳолии аз офатҳои табиӣ ва дигар ҳолатҳои фавқулода зарардида, хобгоҳ, бунгоҳи тиббӣ ва ошхона, хобгоҳ барои дастурдиҳандагон ва наҷотдиҳандагони миллӣ ва хориҷӣ, гармхонаҳои хоҷагии ёрирасон, варзишгоҳ ва ҳаммом.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
“Нафси боиштиҳо”-и мошинҳо мақомоти Тоҷикистонро ба сӯйи Эрону Амрико мекашад
Сафари Президенти кишвар ба Шаҳринав аз боздиди Маркази ҷумҳуриявии таълимию методии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода оғоз шуд
Нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба Артиш 84 фоиз иҷро гардид
Файзалӣ Идизода бо иштирокчиёни Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ вохӯрӣ намуд