Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид дар бораи ҳуқуқҳои маъюбонро Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ намуд
Сафари Президенти кишвар ба Шаҳринав аз боздиди Маркази ҷумҳуриявии таълимию методии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода оғоз шуд
Дар баъзе кӯчаҳои ду ноҳияи Душанбе барқ муваққатан хомӯш мешавад
Озмуни ҷумҳуриявии “Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат” ҷамъбаст шуд
Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид дар бораи ҳуқуқҳои маъюбонро Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ намуд
13-уми октябр бо ташаббуси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Дафтари Барномаҳои Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон ва Ташкилоти ҷамъиятии «Иттиҳодияи миллии маъюбони Тоҷикистон» бо мақсади роҳандозӣ намудани муколамаи мустақим миёни мақомоти қонунгузор, иҷроия, шарикони рушд ва ҷомеаи шахсони маъюбиятдошта дар мавзуи «Тасдиқи Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид дар бораи ҳуқуқҳои маъюбон-ташаббуси навбатии Тоҷикистон дар татбиқи Ҳадафҳои Рушди Устувор» мизи мудаввар баргузор гардид.
Гуфта мешавад, ки мизи мудавварро Мавсума Муинӣ, муовини раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ифтитоҳ намуда, ба аҳаммияти тасдиқи Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид дар бораи ҳуқуқҳои маъюбон ва зарурати муайян намудани вазифаҳои аввалиндараҷа ва тадбирҳои амалии татбиқи муқаррароти он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид кард.
Маркази матбуоти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон навиштааст, ки ҳадафи чорабинӣ баррасии вазифаҳои аввалиндараҷа ва тадбирҳои амалии татбиқи Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид дар бораи ҳуқуқҳои маъюбон дар заминаи тасдиқи он аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин, муайян намудани роҳҳои таҳкими ҳамоҳангсозии фаъолияти сохторҳои дахлдор ва таъмини иҷрои уҳдадориҳои тибқи Конвенсия ба зиммаи Ҷумҳурии Тоҷикистон вогузоршуда мебошад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Имсол дар хиёбони Саъдӣ Шерозӣ сохтмони эстакада ва як пули автомобилгард оғоз мегардад
Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид дар бораи ҳуқуқҳои маъюбонро Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ намуд
Имтиёз ба Русия ва фишор ба Киев. Трамп ба Зеленский: “Вақти рафтан фаро расид”
Аврупо аз наздикшавии эҳтимолии Вашингтон ва Маскав нигарон аст