14 Октябр 2026,
чоршанбе, 11:13, Душанбе
14.10.2026 10:08

Имсол дар хиёбони Саъдӣ Шерозӣ сохтмони эстакада ва як пули автомобилгард оғоз мегардад

Тибқи қарордоди миёни Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон, консортсиуми ҶСК «Тоҷикгидроэлектромонтаж», ширкати чинии «Heze Urban Construction Engineering Development Group Co., Ltd (HUCG)» ва Гуруҳи татбиқи лоиҳаҳои таҷдиди роҳҳои шаҳри Душанбе то охири соли равон сохтмони як гузаргоҳ (эстакада) ва як пули автомобилгард дар хиёбони Саъдӣ Шерозӣ оғоз мегардад.

Бинобар иттилои маркази матбуоти Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон консортсиуми ҶСК «Тоҷикгидроэлектромонтаж» ва ширкати чинии «Heze Urban Construction Engineering Development Group Co., Ltd (HUCG)» дар озмуни интихоби пудратчии лоиҳа ғолиб дониста шудааст.

Интизор меравад, ки татбиқи лоиҳа то охири соли 2026 оғоз гардида, дар доираи он азнавсозии хиёбони С. Шерозӣ аз кӯчаи Н. Қарабоев то пули дарёи Душанбе бо шумули як гузаргоҳи 2 сатҳа (эстакада), азнавсозии пул аз болои дарёи Душанбе дар хиёбони С. Шерозӣ анҷом дода шавад.

“Қарор аст хиёбони С. Шерозӣ то 8 хати ҳаракат васеъ ва дар баъзе қисматҳои он хатҳои алоҳидаи ҳаракат барои нақлиёти ҷамъиятӣ ҷудо карда мешаванд ва зимни иҷрои корҳои сохтмону таҷдид технологияҳои муосир истифода мегарданд. Мақсади асосии лоиҳа кам кардани садамаҳо, баланд бардоштани бехатарии ҳаракати нақлиёт ва пиёдагардон, инчунин бартараф сохтани тамбашавӣ дар хиёбони Саъдӣ Шерозӣ ва кӯчаҳои  ҳамшафати он мебошад”, - навиштааст манбаъ.

Гуфта мешавад, ки доиҳаи мазкур дар доираи Созишномаи қарзӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Аврупоии таҷдид ва рушд, ки 29-уми апрели соли 2025 ба маблағи 28,4 млн евро ба имзо расидааст, амалӣ карда мешавад ва муҳлати корҳои сохтмонӣ тибқи қарордод 3 сол аз санаи баимзорасонӣ пешбинӣ шудааст.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

14.10.2026 10:08

Имсол дар хиёбони Саъдӣ Шерозӣ сохтмони эстакада ва як пули автомобилгард оғоз мегардад

Тибқи қарордоди миёни Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон, консортсиуми ҶСК «Тоҷикгидроэлектромонтаж», ширкати чинии «Heze Urban Construction Engineering Development Group Co., Ltd (HUCG)» ва Гуруҳи татбиқи лоиҳаҳои таҷдиди роҳҳои шаҳри Душанбе то охири соли равон сохтмони як гузаргоҳ (эстакада) ва як пули автомобилгард дар хиёбони Саъдӣ Шерозӣ оғоз мегардад.
14.10.2026 09:47

Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид дар бораи ҳуқуқҳои маъюбонро Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ намуд

13-уми октябр бо ташаббуси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Дафтари Барномаҳои Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон ва Ташкилоти ҷамъиятии «Иттиҳодияи миллии маъюбони Тоҷикистон» бо мақсади роҳандозӣ намудани муколамаи мустақим миёни мақомоти қонунгузор, иҷроия, шарикони рушд ва ҷомеаи шахсони маъюбиятдошта дар мавзуи «Тасдиқи Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид дар бораи ҳуқуқҳои маъюбон-ташаббуси навбатии Тоҷикистон дар татбиқи Ҳадафҳои Рушди Устувор» мизи мудаввар баргузор гардид.
14.10.2026 09:44

Имтиёз ба Русия ва фишор ба Киев. Трамп ба Зеленский: “Вақти рафтан фаро расид”

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар як қарор маҳдудиятҳои фурӯши сӯзишвории дизелии Русияро бекор кард ва ҳамлаи Украина ба полоишгоҳҳои нафти Русияро маҳдуд намуд.
14.10.2026 09:13

Аврупо аз наздикшавии эҳтимолии Вашингтон ва Маскав нигарон аст

Дидори намояндагони Украина, Аврупо ва Амрико дар Флорида тақрибан 6 соат идома ёфт. Қисми зиёди он ба баррасии масъалаҳои асосии созиши сулҳи эҳтимолӣ, аз ҷумла ояндаи қаламравҳои мавриди баҳс ва имкони узвияти Украина дар Иттиҳоди Аврупо бахшида шудааст.
14.10.2026 09:02

Вақте журналист ҷосус мешавад. Русия як журналисти ҷопониро боздошт кард

Як журналисти ҷопонӣ ба иттиҳоми ҷосусӣ дар ҷазираи Сахалин аз ҷониби мақомоти амниятии Русия боздошт шудааст. Ӯ дар ҷараёни ҷамъоварии иттилоот дар хусуси иқтидори ҳарбии Русия боздошт шудааст.
14.10.2026 08:55

Ҳамлаи мушакии Яман ба Риёз: 4 нафар захмӣ ва 15 хона осеб дидаанд

Дар натиҷаи ҳамлаҳои мушакии неруҳои мусаллаҳи Яман ба шаҳри Риёзи Арабистони Саудӣ 4 нафар захмӣ ва 15 хона осеб дидаанд. Гуфта мешавад, ки пораҳои мушакҳои раҳгиришуда ба маҳалли истиқоматии Риёз афтодаанд.
14.10.2026 06:35

Толибон: Итминон медиҳем, ки аз тарафи Афғонистон ба хоки Тоҷикистон ҳеч осебе нахоҳад расид

Мақомоти гурӯҳи террористии Толибон ба расонаҳои афғонистонӣ гуфтаанд, ки дар марзи Тоҷикистону Афғонистон таҳдиди ҷиддии амниятӣ вуҷуд надорад ва марз дар зери назорати мақомоти ду кишвар аст.
13.10.2026 13:46

“Нафси боиштиҳо”-и мошинҳо мақомоти Тоҷикистонро ба сӯйи Эрону Амрико мекашад

Коҳиш ёфтани содироти сӯзишвории дизелӣ аз Русия ба кишварҳои Осиёи Марказӣ, мақомоти ин кишварҳоро водор кардааст, ки роҳҳои алтернативии таъмини бозори дохилӣ бо сӯзишвории дизелиро пайдо намоянд.
13.10.2026 13:45

Сафари Президенти кишвар ба Шаҳринав аз боздиди Маркази ҷумҳуриявии таълимию методии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода оғоз шуд

Имрӯз, 13-уми октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади ифтитоҳи як қатор иншооти соҳаҳои гуногун ва шиносоӣ бо вазъи зиндагии сокинон ба ноҳияи Шаҳринав сафар карданд.
13.10.2026 13:43

Нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба Артиш 84 фоиз иҷро гардид

Бинобар маълумоти Раёсати иттилоот ва робита бо ҷомеаи Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар даҳ рӯз нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар 84 фоиз иҷро гардид.
13.10.2026 13:42

Файзалӣ Идизода бо иштирокчиёни Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ вохӯрӣ намуд

Имрӯз, 13-уми октябр раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзалӣ Идизода бо иштирокчиёни Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ мулоқот намуд.
13.10.2026 13:03

Даври сенздаҳуми машваратҳои сиёсӣ миёни Тоҷикистону Австрия баргузор гардид

Дар шаҳри Душанбе даври сенздаҳуми машваратҳои сиёсӣ миёни Тоҷикистону Австрия бо иштироки сардори Раёсати кишварҳои Аврупо ва Америкаи Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Соҳибназар Ғайратшо ва сардори Департаменти сиёсии Вазорати федеролии корҳои аврупоӣ ва байналмилалии Ҷумҳурии Австрия Томас Мюлманн баргузор гардид.