Масъалаи бунёди захираи боэътимоди матнҳои тоҷикӣ дар фазои рақамӣ баррасӣ шуд
Бонки ҷаҳонӣ ба Тоҷикистон 42,5 миллион доллар маблағҳои иловагӣ ҷудо мекунад
Дар Тоҷикистон беш аз 866 ҳазор тонна ғалла ҷамъоварӣ кардаанд
Тоҷикистон ва Қатар дар бораи сармоягузорӣ дар Тоҷикистон гуфтугӯ карданд
“Нафси боиштиҳо”-и мошинҳо мақомоти Тоҷикистонро ба сӯйи Эрону Амрико мекашад
Коҳиш ёфтани содироти сӯзишвории дизелӣ аз Русия ба кишварҳои Осиёи Марказӣ, мақомоти ин кишварҳоро водор кардааст, ки роҳҳои алтернативии таъмини бозори дохилӣ бо сӯзишвории дизелиро пайдо намоянд.
Мақомоти тоҷик тайи чанд моҳи охир ба дунболи пайдо намудани манбаъ ё бозори нави сӯзишвории дизелӣ дар ҷаҳонанд. Эрон, ки худ ба камбуди полоишгоҳҳои нафтӣ мувоҷҷеҳ аст, фақат нафти хом ба кишварҳои ниёзманд содир мекунад. Тоҷикистон низ бо Эрон барои дарёфти маводи хоми нафт ба созиш расид.
“Нафси боиштиҳо”-и мошинҳо Тоҷикистонро водор мекунад, ки дар пайи таъмини сӯзишворӣ аз манбаъҳои алтернативӣ шаванд.
Таҳримҳои нафтии Амрико ва ҳамлаҳои Украинаву ҳусиҳо ба полоишгоҳҳои кишварҳои таъминкунандаи сӯзишворӣ буҳрони ин маводи сӯхт дар ҷаҳонро ба вуҷуд овардааст. Ҳоло дар бархе кишварҳои Осиёи Марказӣ нишонаҳои камчин шудани сӯзишвории дизелӣ ба чашм мерасад. Дар раъси ин мушкилот Тоҷикистон ва Қирғизистон қарор доранд. Русия, ки таъминкунандаи асосии бозори ин ду кишвар бо сӯзишвории дизелӣ буд, ҳоло қарор кардааст, ки содироти сӯзишвории дизелӣ ба хориҷ аз Русияро коҳиш диҳад. Ин тасмими Русия бархе кишварҳои Осиёи Миёнаро нигарон намудааст.
Бар асоси иттилои расонаҳо, тайи моҳҳои гузашта мақомоти тоҷик бо мақомоти Эрон дар заминаи хариди нафти хом ба созиш расиданд. Дар моҳи ахир нахустин маҳмула ё континейри нафти хоми Эрон вориди Тоҷикистон шуд. Бар асоси нақша ин маҳмулаҳои нафтӣ дар корхона ё полоишгоҳи нафти ноҳияи Данғара мавриди коркард қарор гирифта, ба бозор арза хоҳад шуд. Бар асоси арзёбии коршиносон ҳаҷми истифодаи сӯзишвории дизелӣ дар Тоҷикистон зиёд аст ва ба истилоҳи оммавӣ гӯем, иштиҳои мошинҳои Тоҷикистон таг надорад. Ин ниёзи бозори сӯхтро ба назар гирифта, Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кишварҳои асосии таъминкунандаи сӯхти ҷаҳонӣ гуфтугӯ мекунанд.
Далер Ҷумъа, вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи 8 –уми октябр бо сафири Амрико дар Тоҷикистон мулоқот намуда, доир ба масъалаи таъмини сӯзишворӣ ва ҳамкориҳои энергетикӣ гуфтугӯ кард. Дар мулоқоти ду ҷониб масъалаи ҳаҷми истифодаи сӯзишворӣ ва таъмини сарчашмаҳои он, ки асосан аз Русия ворид мешавад, мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Таъкид шуд, ки дар 9 моҳи аввали соли 2026 ба маблағи 1,14 миллиард доллар маҳсулоти нафтӣ, гази моеъ ва дигар навъҳои сӯзишворӣ ба Тоҷикистон ворид шудааст. Русия бо ҳиссаи 73,2 фоизи арзиши умумии воридот таъминкунандаи асосии ин бозори Тоҷикистон боқӣ мондааст. Ин масъала дар мулоқоти Далер Ҷумъа бо Сафири Амрико дар шаҳри Душанбе баррасӣ шуд.
Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хусуси ҷузъиёти музокирот иттилооти бештар надодааст. Маълум нест, ки оё масъалаи пайдо кардани сарчашмаҳои нави таъмини сӯзишворӣ дар мулоқоти ду ҷониб мавриди баррасӣ қарор гирифтааст ва оё ду ҷониб дар бораи имзои ягон созишномаи мушаххас ҳарф задаанд ё не.
Бар асоси омори тиҷорати хориҷӣ дар моҳҳои январ- сентябри соли 2026 Тоҷикистон тақрибан 1,37 миллион тонна маҳсулоти нафтӣ, гази моеъ ва дигар маҳсулоти вобаста ба ин гурӯҳро ба маблағи умумии 1,13 миллиард доллар ворид намудааст.
Зикр мешавад, ки дар моҳҳои ахир ба бозори дохилии Тоҷикистон аз хориҷ 424,8 ҳазор тонна сӯзишвории дизелӣ, ба маблағи 399,1 миллион доллар ва 333, 2 ҳазор тонна бензин ба маблағи умумии 292, 2 миллион доллар ворид гардидааст.
Бар асоси иттилои баъзе манбаъҳо, дар ин давра воридоти гази моеъ 321, 3 ҳазор тонна ва арзиши он 218, 9 миллион долларро ташкил додааст. Ҳамчунин, Тоҷикистон 50, 7 ҳазор тонна керосин, аз ҷумла сӯзишвории ҳавопаймоӣ, ба маблағи 56, 2 миллион доллар харидааст.
Ин рақамҳо нишон медиҳанд, ки таъмини бозори дохилӣ бо сӯзишворӣ яке аз бахшҳои муҳимми тиҷорати хориҷии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.
Қайд кардан ба маврид аст, ки Русия дар бозори сӯзишвории Тоҷикистон мавқеи асосӣ дорад ва таъминкунандаи асосии сӯзишвории Тоҷикистон аст. Дар 9 моҳи соли 2026 аз Русия тақрибан 708 ҳазор тонна маҳсулоти нафтӣ, ба маблағи умумии 628, 9 миллион доллар ворид гардидааст. Ин ба 73, 2 фоизи арзиши умумии воридоти маҳсулоти ин гурӯҳ вобаста мебошад. Русия аз ҷиҳати таъмини сӯзишворӣ дар бозори Тоҷикистон ҷойи аввалро мегирад. Туркманистон бошад бо содироти 100,3 ҳазор тонна маҳсулоти нафтӣ, ба маблағи умумии 117, 4 миллион доллар дар ҷойи дувум қарор гирифтааст.
Ӯзбекистон, Беларусия ва Эрон низ аз ҷумлаи кишварҳои таъмикунандаи бозори Тоҷикистон бо сӯзишворӣ мебошанд. Дар моҳҳои ахир, Тоҷикистон аз Ӯзбекистон 36, 2 ҳазор тонна, аз Беларусия 19,7 ҳазор тонна ва аз Эрон 15,6 ҳазор тонна маҳсулоти нафтӣ ворид намудааст. Ҳаҷми воридоти Тоҷикистон аз Қазоқистон 9,1 ҳазор тонна ва аз Қирғизистон 10,2 ҳазор тоннаро ташкил додааст.
Ҳоло ин суол пеш омадааст, ки Тоҷикистон манбаъи таъмини бозори дохилии худ бо сӯзишвориро дигаргун кардааст? Маълумоти оморӣ нишон медиҳад, ки бо вуҷуди вуҷуд доштани таъминкунандагони дигар, вобастагии Тоҷикистон аз маҳсулоти нафтии Русия ҳанӯз ҳам зиёд мебошад. Бо ин далел, густариши ҳамкорӣ бо кишварҳои дигар метавонад барои гуногун намудани манбаъҳои таъминот аҳамият дошта бошад.
Тавре дар боло ишора намудем, Эрон аз ҷумлаи кишварҳоест, ки нав ба бозори сӯзишвории Тоҷикистон ворид шуд ва Тоҷикистон аз он маҳсулоти нафти хом дарёфт мекунад. Ҳаҷми воридоти нафт аз Эрон ба Тоҷикистон дар муқоиса бо Русия хеле камтар мебошад. Дар ҳамин ҳол, имконияти густариши тиҷорат аз роҳҳои интиқол, хароҷот, шароити пардохт ва маҳдудиятҳои байналмилалӣ вобаста хоҳад буд.
Мулоқоти вазири тоҷик бо намояндаи дипломатии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар ин замина таваҷҷуҳро ба масъалаи таъмини устувори бозори дохилӣ бо сӯзишворӣ ҷалб мекунад. Амрико яке аз танзимкунандагони асосии бозори нафт дар ҷаҳон ба шумор меравад ва мушкилоти таъмини сӯзишворӣ, ки бо оғози ҷангу таҳримҳои якҷонибаи Амрико ба вуҷуд омад, баъзе кишварҳо ниёз доранд, ки дар сари як миз бо ин кишвар масъалаи таъмини сӯзишвориро мавриди баррасӣ қарор диҳанд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
“Нафси боиштиҳо”-и мошинҳо мақомоти Тоҷикистонро ба сӯйи Эрону Амрико мекашад
Сафари Президенти кишвар ба Шаҳринав аз боздиди Маркази ҷумҳуриявии таълимию методии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода оғоз шуд
Нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба Артиш 84 фоиз иҷро гардид
Файзалӣ Идизода бо иштирокчиёни Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ вохӯрӣ намуд