Бо фармони Эмомалӣ Раҳмон гули лола ва сиёҳгӯш гулҳои миллӣ эълон шуданд
Президенти кишвар чанд қонун, аз ҷумла «Дар бораи муҳоҷират»-ро имзо карданд
Нимпайкараи Қаҳҳор Маҳкамов дар Хуҷанд гузошта шуд
Дипломати аршади тоҷик дар Бағдод рушди ҳамкориҳои сиёсиву тиҷоратӣ ва фарҳангиро баррасӣ кард
Бо фармони Эмомалӣ Раҳмон гули лола ва сиёҳгӯш гулҳои миллӣ эълон шуданд
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо содир намудани як фармон гулҳои лола ва сиёҳгӯшро “гулҳои миллии Тоҷикистон” эълон намуданд.
Гуфта мешавад, ки ин иқдом барои ҳифзи мероси фарҳангӣ, густариши ҳувияти миллӣ ва ошно кардани насли ҷавон бо арзишҳои анъанавии мардуми тоҷик гирифта шудааст.
Тибқи фармони Президент, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд барои муаррифӣ ва таблиғи ин ду гул дар дохили кишвар ва баргузории чорабиниҳои байналмилалӣ тадбир андешад.
Дар шарҳи расмии ин фармон омадааст, ки лола ва сиёҳгӯш бо суннати истиқболи баҳор дар фарҳанги тоҷикон пайванди наздик дорад ва дар анъанаҳои мардумӣ мақоми хоса касб кардаанд.
Сиёҳгӯш номи мардумии гули бойчечак аст. Он рамзи покӣ ва адолат дониста мешавад. Гули лола бошад, рамзи зебоӣ, сарбаландии мардум ва шукуфоии табиати Тоҷикистон аст.
Дар шарҳ ҳамчунин, зикр мешавад, ки интихоби ин гулҳо метавонад ба рушди завқи зебоипарастӣ, шинохти арзишҳои фарҳанги миллӣ, бахусус дар миёни наврасону ҷавонон мусоидат намояд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Ироқчӣ ба Амрико бори дигар ҳушдор дод
Тоҷикистон мехоҳад бо ширкатҳои чинӣ неругоҳҳои офтобӣ ва бодӣ бунёд кунад
Бо фармони Эмомалӣ Раҳмон гули лола ва сиёҳгӯш гулҳои миллӣ эълон шуданд
Тавҳини Трамп бар миллати Эрон: “Эрониҳо бадтарин миллати рӯи заминанд”