Бо фармони Эмомалӣ Раҳмон гули лола ва сиёҳгӯш гулҳои миллӣ эълон шуданд
Президенти кишвар чанд қонун, аз ҷумла «Дар бораи муҳоҷират»-ро имзо карданд
Нимпайкараи Қаҳҳор Маҳкамов дар Хуҷанд гузошта шуд
Дипломати аршади тоҷик дар Бағдод рушди ҳамкориҳои сиёсиву тиҷоратӣ ва фарҳангиро баррасӣ кард
Тоҷикистон мехоҳад бо ширкатҳои чинӣ неругоҳҳои офтобӣ ва бодӣ бунёд кунад
Мақомоти Тоҷикистон ва як ширкати чинӣ имконияти бунёди неругоҳҳои бодӣ ва офтобӣ дар Тоҷикистонро баррасӣ намудаанд.
Дар ин бора Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ дода, зикр намудааст, ки масъулони ин вазорат бо ширкати чинии “China Electrical Equipment Group” имконияти манбаъҳои барқароршавандаи энергия ва истифода аз технологияҳои рақамиро баррасӣ кардаанд.
Ширкати чинии China Electrical Equipment Group бо масъулони тоҷик дар бораи бунёди неругоҳҳои офтобӣ ва бодӣ ва истифодаи таҷҳизоти истеҳсоли ширкати мазкур дар иншооти энергетикии кишвар гуфтугӯ кардаанд.
Масъалаҳои зикршуда дар мулоқоти роҳбарияти Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳайати ширкати чинӣ баррасӣ шудааст.
Бар асоси иттилои ин вазорат, ду ҷониб имкониятҳои истифодаи технологияҳои муосир барои рушди инфрасохтори энергетикӣ, баланд бардоштани самаранокии кори иншоот ва беҳтар намудани эътимоднокии таъминоти барқро муҳокима кардаанд.
Зикр шудааст, ки густариш додани истифодаи сарчашмаҳои барқароршавандаи энергия яке аз самтҳои эҳтимолии ҳамкории Тоҷикистон бо ширкатҳои чинӣ мебошад.
Бар асоси иттилоъ, дар моҳи августи соли 2026 Тоҷикистон бо як ширкати дигари чинӣ дар мавриди бунёди неругоҳи офтобии дорои иқтидори 200 мегавват дар вилояти Суғд, дар шимоли кишвар ба созиш расида буд.
Дар бараи иқтидои неругоҳҳои бунёдшавандаи офтобӣ ва бодӣ иттилоъ дода нашудааст.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Ироқчӣ ба Амрико бори дигар ҳушдор дод
Тоҷикистон мехоҳад бо ширкатҳои чинӣ неругоҳҳои офтобӣ ва бодӣ бунёд кунад
Бо фармони Эмомалӣ Раҳмон гули лола ва сиёҳгӯш гулҳои миллӣ эълон шуданд
Тавҳини Трамп бар миллати Эрон: “Эрониҳо бадтарин миллати рӯи заминанд”