Зеленский: “Сӯзишвории Русия наметавонад ба коҳиши назарраси нархҳо дар Амрико мусоидат кунад”
Ҳорун Самарқандӣ: “Ояндаи тоҷикони Афғонистон ба ташаккули стратегияи мустақили сиёсӣ вобаста аст
26 сухани афкорсози устод Иброҳим Усмонов дар бораи зиндагӣ, сулҳ, журналистика ва сиёсат
Ифшои расонаҳои Амрико: Сенатори мусалмон бо бародараш издивоҷ кардааст
Ҷанги нави тиҷоратии Амрико бар зидди Канада
Дар идомаи ҷанги тарифии Вашингтон алайҳи кишварҳои гуногун, Кохи Сафед эълом кардааст, ки Амрико бар доираи васеи молҳои Канада 50 дарсад боҷ ҷорӣ мекунад.
Ба гузориши расонаҳои байналмилалӣ 5 рӯз пас аз оғози ҷанги тиҷоратии Амрико алайҳи Бразилия, ҳукумати Доналд Трамп аз ҷорӣ кардани тарофаи 50-дарсадӣ алайҳи Канада хабар додааст.
Бар асоси эъломи мақомоти амрикоӣ, ин тарофаҳо шомили маҳсулоте аз қабили шароб, чӯби хоккей ва семент мешаванд.
Ин иқдом охирин мавриди ҷанги тиҷоратии Амрико алайҳи ҳамсояи шимолии худ - Канада дар давлати Трамп ба шумор меравад. Вашингтон ҳафтаи гузашта низ алайҳи Бразилия ҷанги тарифӣ оғоз карда буд.
Кохи Сафед гуфтааст, ки боҷҳои нав алайҳи Канада дар муддати 30 рӯз ба иҷро хоҳанд даромад. Трамп ҷорӣ кардани ин боҷҳоро бо истинод ба бахши 338-уми Қонуни тарифии соли 1930 имзо кардааст.
Қонуни тарифии соли 1930 як қонуни тиҷоратии Амрико аст, ки тақрибан як қарн пеш қабул шудааст ва ба давлат иҷоза медиҳад, ки бар воридоти баъзе кишварҳо то 50 дарсад боҷ ҷорӣ кунад.
Ба тарифаҳои нави Амрико алайҳи Канада энержӣ, нуриҳои кишоварзӣ, моҳӣ ва маводи маъдан шомил нахоҳанд шуд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Аз 6-моҳа то 5-сола. Дар кишвар зидди бемориҳои сурхча ва гулафшон рӯзҳои иммунизатсияи иловагӣ баргузор мегардад
Пешвои миллат дар шаҳри Ваҳдат маркази ташхисӣ ва табобатии Лормедро ифтитоҳ намуданд
Боздошти марде бо гумони қаллобӣ: "Ваъда мекард, ки тавассути никоҳи сохта ба Амрико равон мекунад"
Дидгоҳи як тоҷик дар Синхуа. Наздикшавии Чин ва Осиёи Марказӣ ояндаи СҲШ шакл медиҳад