Зеленский: “Сӯзишвории Русия наметавонад ба коҳиши назарраси нархҳо дар Амрико мусоидат кунад”
Ҳорун Самарқандӣ: “Ояндаи тоҷикони Афғонистон ба ташаккули стратегияи мустақили сиёсӣ вобаста аст
26 сухани афкорсози устод Иброҳим Усмонов дар бораи зиндагӣ, сулҳ, журналистика ва сиёсат
Ифшои расонаҳои Амрико: Сенатори мусалмон бо бародараш издивоҷ кардааст
Вазири пешини корҳои хориҷии Австрия: Амрико бояд таҷовуз алайҳи Эрон ва Лубнонро қатъ кунад
Карин Кнайсл, вазири пешини корҳои хориҷии Австрия, гуфтааст, ки нигаронии асосии президенти Иёлоти Муттаҳида, Доналд Трамп, тангаи Ҳурмуз аст, на барномаи ғанисозии ураниуми Эрон.
Ба гузориши “РИА Новости”, ки онро ИРНА рӯзи чоршанбе, 15-уми июл, нашр кардааст, Кнайсл дар суҳбат бо хабарнигорон гуфтааст, ки ба назари ӯ тамоми масъалаҳои марбут ба сиёсати Трамп нисбат ба Эрон ба тангаи Ҳурмуз рабт доранд.
Ӯ гуфтааст, ки мавзуи ғанисозии ураниум авлавияти Исроил аст, аммо барои Трамп масъалаи асосӣ тангаи Ҳурмуз мебошад, зеро вай намехоҳад қимати ҷаҳонии нафт ба таври шадид боло равад ва Амрикоро ба гунае “нигаҳбони тангаи Ҳурмуз” медонад.
Кнайсл ҳамчунин, гуфтааст, ки Эрон хостори татбиқи ҳокимияти худ бар тангаи Ҳурмуз буда, мехоҳад барои убури киштиҳо аз ин масир ҳаққи гузар дарёфт кунад.
Вазири пешини корҳои хориҷии Австрия дар идома аз Иёлоти Муттаҳида хостааст, ки барои ҳаллу фасли бӯҳрони минтақа, “таҷовуз алайҳи Эрон ва Лубнон”-ро қатъ кунад.
Кнайсл қаблан низ дар изҳоротҳои худ гуфта буд, ки Эрон ба яке аз қудратҳои муҳимми ҷаҳони чандқутбӣ табдил шудааст ва талошҳои Амрико ва Исроил барои пирӯзӣ бар Эрон ноком мондааст. Ӯ ҳамчунин, гуфта буд, ки тангаи Ҳурмуз ҳамоно баста боқӣ монда, ин вазъ ба болоравии қимати ҷаҳонии энержӣ ва коҳиши содироти кишварҳои минтақа таъсир расондааст.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Аз 6-моҳа то 5-сола. Дар кишвар зидди бемориҳои сурхча ва гулафшон рӯзҳои иммунизатсияи иловагӣ баргузор мегардад
Пешвои миллат дар шаҳри Ваҳдат маркази ташхисӣ ва табобатии Лормедро ифтитоҳ намуданд
Боздошти марде бо гумони қаллобӣ: "Ваъда мекард, ки тавассути никоҳи сохта ба Амрико равон мекунад"
Дидгоҳи як тоҷик дар Синхуа. Наздикшавии Чин ва Осиёи Марказӣ ояндаи СҲШ шакл медиҳад