Зеленский: “Сӯзишвории Русия наметавонад ба коҳиши назарраси нархҳо дар Амрико мусоидат кунад”
Ҳорун Самарқандӣ: “Ояндаи тоҷикони Афғонистон ба ташаккули стратегияи мустақили сиёсӣ вобаста аст
26 сухани афкорсози устод Иброҳим Усмонов дар бораи зиндагӣ, сулҳ, журналистика ва сиёсат
Ифшои расонаҳои Амрико: Сенатори мусалмон бо бародараш издивоҷ кардааст
Назарсанҷии Рейтерз: Амрикоиҳо бар ин назаранд, ки ҷанги миёни Амрико ва Эрон барои муддати тӯлонӣ идома хоҳад ёфт
Як назарсанҷии тоза дар Иёлоти Муттаҳида нишон медиҳад, ки 79 дарсади посухдиҳандагон бар ин боваранд, ки ҷанги миёни Амрико ва Эрон барои муддати тӯлонӣ идома хоҳад ёфт.
Хабаргузории “Рейтерз” рӯзи душанбе, 13-уми июл, гузориш додааст, ки ин назарсанҷӣ ба таври муштарак аз сӯйи Рейтерз ва ширкати “Ипсос” миёни 1019 шаҳрванди болиғи амрикоӣ дар саросари Иёлоти Муттаҳида анҷом шудааст.
Бар асоси натиҷаҳои назарсанҷӣ, 37 дарсади посухдиҳандагон аз ҳамлаҳои низомии Иёлоти Муттаҳида алайҳи Эрон ҷонибдорӣ кардаанд. Ҳамчунин, сатҳи интизори идомаи даргирии тӯлонӣ аз 65 дарсад дар поёни моҳи март ба 79 дарсад афзоиш ёфтааст.
Дар ин назарсанҷӣ танҳо 18 дарсади посухдиҳандагон гуфтаанд, ки ба назари онҳо ҷанг “хеле зуд ва дар тӯли чанд ҳафта” ба поён хоҳад расид.
Ҳамчунин, натиҷаҳои назарсанҷӣ нишон медиҳад, ки тақрибан 37 дарсади иштироккунандагон ҳамлаҳои низомии Иёлоти Муттаҳидаро алайҳи Эрон таъйид кардаанд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Аз 6-моҳа то 5-сола. Дар кишвар зидди бемориҳои сурхча ва гулафшон рӯзҳои иммунизатсияи иловагӣ баргузор мегардад
Пешвои миллат дар шаҳри Ваҳдат маркази ташхисӣ ва табобатии Лормедро ифтитоҳ намуданд
Боздошти марде бо гумони қаллобӣ: "Ваъда мекард, ки тавассути никоҳи сохта ба Амрико равон мекунад"
Дидгоҳи як тоҷик дар Синхуа. Наздикшавии Чин ва Осиёи Марказӣ ояндаи СҲШ шакл медиҳад