Зеленский: “Сӯзишвории Русия наметавонад ба коҳиши назарраси нархҳо дар Амрико мусоидат кунад”
Ҳорун Самарқандӣ: “Ояндаи тоҷикони Афғонистон ба ташаккули стратегияи мустақили сиёсӣ вобаста аст
26 сухани афкорсози устод Иброҳим Усмонов дар бораи зиндагӣ, сулҳ, журналистика ва сиёсат
Ифшои расонаҳои Амрико: Сенатори мусалмон бо бародараш издивоҷ кардааст
Вазири дифои Толибон ба Русия рафтааст
Гурӯҳи террористии Толибон аз сафари Муҳаммад Яъқуб Муҷоҳид, вазири дифои ин гурӯҳ барои иштирок дар як нишасти амниятӣ ба Русия, хабар додаанд.
Вазорати дифои Толибон, рӯзи сешанбе, 26-уми май дар саҳифаи худ дар шабакаи иҷтимоии “Х” навиштааст, ки ин конфронс бо иштироки мақомҳои амниятӣ ва дифоии шуморе аз кишварҳои минтақа ва ҷаҳон баргузор мешавад.
Толибон афзудаанд, ки амнияти минтақавӣ, чолишҳои муштараки амниятӣ ва ҳамкориҳои мутақобил, аз мавзуъҳои мавриди баҳси конфронс хоҳад буд.
Русия ягона кишвари ҷаҳон аст, ки гурӯҳи Толибонро ба унвони ҳукумати қонунӣ дар Афғонистон ба расмият мешиносад.
Бо ин ҳол, Маскав ҳамвора аз фаъолияти гурӯҳҳои террористӣ дар Афғонистони таҳти контроли Толибон изҳори нигаронӣ кардааст.
Сергей Шойгу, дабири Шурои амнияти Русия, чанде қабл дар нишасти дабирони ниҳодҳои амниятии кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай эълом карда буд, ки ҳудуди аз 18 то 23 ҳазор ҷангҷӯи вобаста ба беш аз 20 гурӯҳи мухталиф, дар Афғонистон фаъолият доранд.
Ӯ афзуда буд, ки таҳдидҳои терроризм ва қочоқи маводи мухаддир аз хоки Афғонистон ҳамчунон яке аз нигарониҳои аслии амниятӣ дар минтақа аст.
Дабири Шурои амнияти Русия таъкид карда буд, ки ҳарчанд бархе иқдомҳо барои контроли ин таҳдидҳо анҷом шудааст, аммо ҳанӯз бахше аз ин гурӯҳҳо хориҷ аз назорати комили ниҳодҳои амниятии Толибон дар хоки Афғонистон фаъолият мекунанд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Аз 6-моҳа то 5-сола. Дар кишвар зидди бемориҳои сурхча ва гулафшон рӯзҳои иммунизатсияи иловагӣ баргузор мегардад
Пешвои миллат дар шаҳри Ваҳдат маркази ташхисӣ ва табобатии Лормедро ифтитоҳ намуданд
Боздошти марде бо гумони қаллобӣ: "Ваъда мекард, ки тавассути никоҳи сохта ба Амрико равон мекунад"
Дидгоҳи як тоҷик дар Синхуа. Наздикшавии Чин ва Осиёи Марказӣ ояндаи СҲШ шакл медиҳад