Қазоқистон содироти гандум ба Тоҷикистонро зиёд мекунад
Тоҷикистон ва Покистон дар Черат машқҳои муштараки низомӣ баргузор намуданд
Русия барои Тоҷикистон 100 ҳазор тонна сӯзишвории дизелии иловагӣ ҷудо мекунад
Эмомалӣ Раҳмон: Тоҷикистон ислоҳоти иқтисодӣ ва иҷтимоии Қазоқистонро муҳим арзёбӣ мекунад
Пешвои миллат: "Фаъолият дар мақомоти корҳои дохилӣ рамзи садоқат ба давлату миллат, эҳтиром ба қонун, ҳимояи сулҳу субот ва қонунияту тартибот мебошад"
Имрӯз, 10-уми ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷамъомади тантанавӣ ба ифтихори Рӯзи милитсияи тоҷик иштирок ва суханронӣ намуданд.
Иттилоъ дода мешавад, ки Сарвари давлат зимни суханронӣ таъкид доштанд, ки фаъолият дар мақомоти корҳои дохилӣ рамзи садоқат ба давлату миллат, эҳтиром ба қонун, ҳимояи сулҳу субот ва қонунияту тартибот мебошад. Яъне милитсияи содиқ ба қонун сипари боэътимоди ҷомеа ва кафили зиндагии ороми мардум аст.
Таъкид мегардад, ки Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд, ки кормандони мақомоти корҳои дохилӣ ва воҳидҳои махсуси ин ниҳоди муҳимми давлатӣ рисолати касбии худро содиқона иҷро карданд ва дар барқарорсозии ҳокимияти конститутсионӣ, ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, таъмини оромиву осоиши мардум ва мубориза бо ҷинояткорӣ саҳми таърихӣ гузоштанд.
"Дар робита ба шароити муосир, ки шаклу усулҳои ҷинояткорӣ пайваста тағйир меёбанд, роҳбарони мақомот ва сохторҳои онҳо вазифадор шуданд, ки дар самти тарбияи кадрҳои ҷавон, баланд бардоштани донишу малакаи касбии кормандон, риояи қатъии интизоми хизматӣ ва одобу фарҳанги муносибат бо шаҳрвандон тадбирҳои доимӣ андешанд", - зикр мегардад дар иттилоияи хадамоти матбуоти Президенти мамлакат.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Пешвои миллат: "Фаъолият дар мақомоти корҳои дохилӣ рамзи садоқат ба давлату миллат, эҳтиром ба қонун, ҳимояи сулҳу субот ва қонунияту тартибот мебошад"
Литсеи Дурахшандагони Вазорати корҳои дохилӣ ифтитоҳ гардид
Қазоқистон содироти гандум ба Тоҷикистонро зиёд мекунад
Боздошти шаш ноболиғ: аз хонаи шаҳрвандон пулу ҷавоҳирот ва телефони мобилӣ дуздидаанд