9 Ноябр 2026,
душанбе, 11:56, Душанбе
09.11.2026 09:01

Ироқчӣ: “Акнун навбати Кохи Сафед аст, ки интихоб кунад”

Вазири корҳои хориҷии Эрон аз маъмурияти ИМА хост, ки пешниҳоди дурӯзаи Теҳронро қабул кунад ё роҳи ҷангро интихоб намояд.

Сайид Аббос Ироқчӣ, вазири корҳои хориҷии Эрон, дар вокуниш ба натиҷаҳои интихоботи миёндавраии ахири Конгресси ИМА изҳор дошт, ки акнун тасмимгирӣ ба дӯши Кохи Сафед аст.

Ироқчӣ дар паёми худ таъкид кардааст, ки раъйдиҳандагони амрикоӣ интихоби худро анҷом додаанд ва ҳоло навбати мақомоти Вашингтон аст, ки роҳи минбаъдаро муайян кунанд.

Вазири корҳои хориҷии Эрон ҳамчунин, аз мавҷуд будани пешниҳоди дурӯзаи кишвараш хабар дода, аз Кохи Сафед даъват кардааст, ки талаботи дар он зикршуда, аз ҷумла қатъи ҷанг дар тамоми ҷабҳаҳоро, бипазирад.

Ӯ дар идомаи паёми худ ҳушдор додааст, ки дар сурати интихоби роҳи ҷанг, неруҳои Эрон дар майдони набард вокуниш нишон хоҳанд дод.

Ироқчӣ дар ин бора навиштааст: “Раъйдиҳандагони амрикоӣ интихоби худро анҷом додаанд. Акнун навбати Кохи Сафед аст, ки интихоб кунад.

Пешниҳоди дурӯзаи мо рӯйи миз аст: талаботи он, аз ҷумла қатъи ҷанг дар тамоми ҷабҳаҳоро бипазиред ва натиҷаи онро бубинед.

Ё ҷангро интихоб кунед ва бубинед, ки чӣ гуна размандагони ҳушёр ва корозмӯдаи мо дар майдони набард ҷаҳаннаме аз оташ бар саратон фурӯ хоҳанд рехт”.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

09.11.2026 11:55

Сарвари давлат бо Комиссари Иттиҳоди Аврупо оид ба шарикии байналмилалӣ мулоқот намуданд

Имрӯз, 9-уми ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Комиссари Иттиҳоди Аврупо оид ба шарикии байналмилалӣ Йозеф Сикеларо ба ҳузур пазируфтанд.
09.11.2026 11:53

Гади Айзенкот ба ҷои Нетаняҳу сарвазири нави Исроил мешавад

Президенти Исроил Исҳоқ Ҳерсог, раҳбари ҳизби “Яшар” Гади Айзенкотро барои ташкили ҳукумати нави кишвар вазифадор кардааст. Ин тасмим дар пасманзари ихтилофҳои сиёсӣ ва идомаи буҳронҳои амниятӣ дар минтақа гирифта шудааст.
09.11.2026 11:45

Трамп: “Ҷанг бар зидди Эрон ва норозигии мардум аз Исроил омили шикаст дар интихобот буд”

Президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико таъкид кард, ки норогизии интихобкунандагон аз ҷанг бо Эрон, афзоиши нархи бензин ва мухолифати густурда бар зидди Исроил аз омилҳои шикасти Ҷумҳурихоҳон дар интихоботи миёндавраии Амрико буд.
09.11.2026 10:24

Вазири хориҷии Эрон мегӯяд миллатҳои минтақа ва Амрико аз фиребкории Исроил ба танг омадаанд

Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон мегӯяд, ки норозигӣ аз сиёсати Исроил дар миёни сокинони кишварҳои минтақа ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико афзоиш ёфтааст. Тибқи гуфтаи ӯ, амрикоиҳо дигар намехоҳанд Исроил ҳукумати кишварашонро ба ҷангҳои беохир ҷалб намояд.
09.11.2026 10:13

Чину Русия дар канори ҳам дар умқи Афғонистон. Ё Чин чӣ гуна ба бозгашти Русия ба Афғонистон монеа мегузорад?

Раванди ба расмият шинохтани гурӯҳи террористии Толибон аз ҷониби кишварҳои ҷаҳон коҳиш ёфтааст. Он кишварҳое, ки Толибонро ба расмият шинохтаанд, сатҳи равобити худро бо тиҷорату иқтисод маҳдуд мекунанд. Толибон бо сиёсати саркӯбгарона ва қабул накардани меъёрҳои пешниҳодии ҷомеаи ҷаҳонӣ нишон медиҳанд, ки ҳанӯз аз чорчӯби як гурӯҳи террористӣ берун наомадаанд.
09.11.2026 08:45

Трамп аз музокирот бо Си Ҷинпин ва Путин барои поён додан ба ҷанги Эрон хабар дод

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, гуфтааст, ки эҳтимол дорад ҳафтаи оянда дар ҳошияи нишасти “Ҳамкории иқтисодии Осиё ва Уқёнуси Ором” бо Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия ва Си Ҷинпин, роҳбари Чин, барои поён додан ба ҷанги Эрон мулоқот кунад.
07.11.2026 16:36

Тоҷикистон ва Қазоқистон дар эраи нави робитаҳои сиёсиву иқтисодӣ

Чанд ҳафта қабл иттилое нашр шуд, ки таваҷҷуҳи аксари коршиносони масоили хориҷиро ба худ ҷалб кард. Ин иттилоъ дар бораи ҳаҷми тиҷорати Тоҷикистону Қазоқистон буд. Гуфта шуд, ки ҳаҷми тиҷорати Тоҷикистон ва Қазоқистон дар давоми 9 моҳи соли 2026 ба 1 миллиарду 130 миллион доллар расидааст. Ин рақам баёнгари тақвият ва густариши равобити сиёсӣ ва иқтисодии Тоҷикистону Қазоқистон аст.