Боздошти шаш ноболиғ: аз хонаи шаҳрвандон пулу ҷавоҳирот ва телефони мобилӣ дуздидаанд
“Суперчемпион”-ҳо аз Тоҷикистон. Дастоварди назарраси хонандагони тоҷик аз Олимпиадаи ҷаҳонӣ
Агентии обуҳавошиносӣ: “Борону барф пешгӯӣ мешавад”
Размкорони доғистонӣ дар паҳлӯи Трамп? Президенти Амрико роҳбари UFC-ро котиби матбуотӣ таъин кардан мехоҳад
Литсеи Дурахшандагони Вазорати корҳои дохилӣ ифтитоҳ гардид
Имрӯз, 10-уми ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Шоҳмансури пойтахт бинои муассисаи давлатии таълимии литсеи Дурахшандагони Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ифтитоҳ намуданд.
Бинобар иттилои хадамоти матбуоти Президенти мамлакат, муассисаи давлатии литсеи Дурахшандагон дар шаҳри Душанбе, дорои 28 синфхона, маҷлисгоҳ бо 160 курсӣ, китобхона, ошхона бо 170 ҷойи нишаст, хобгоҳ, ҳуҷраи шоҳмот, ду толори варзишӣ барои мусобиқаҳои волейболу футболи хурд ва тамрини муҳорибаҳои тан ба тан мебошад.
Иттилоъ дода мешавад, ки дар муассисаи нави таълимӣ барои таҳсили 640 хонанда шароит фароҳам оварда шудааст. Соли 2026 бори нахуст дар литсей наврасон аз синфи 8 ба таҳсил фаро гирифта шуд ва минбаъд қабули довталабон тариқи озмун ва супоридани имтиҳонҳои хаттӣ сурат мегирад.
Гуфта мешавад, ки бинои хобгоҳи литсей дорои 69 ҳуҷра буда, барои 400 нафар пешбинӣ шудааст.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Пешвои миллат: "Фаъолият дар мақомоти корҳои дохилӣ рамзи садоқат ба давлату миллат, эҳтиром ба қонун, ҳимояи сулҳу субот ва қонунияту тартибот мебошад"
Литсеи Дурахшандагони Вазорати корҳои дохилӣ ифтитоҳ гардид
Қазоқистон содироти гандум ба Тоҷикистонро зиёд мекунад
Боздошти шаш ноболиғ: аз хонаи шаҳрвандон пулу ҷавоҳирот ва телефони мобилӣ дуздидаанд