Тоҷикистон ва Покистон дар Черат машқҳои муштараки низомӣ баргузор намуданд
Русия барои Тоҷикистон 100 ҳазор тонна сӯзишвории дизелии иловагӣ ҷудо мекунад
Эмомалӣ Раҳмон: Тоҷикистон ислоҳоти иқтисодӣ ва иҷтимоии Қазоқистонро муҳим арзёбӣ мекунад
Сарвари давлат бо Комиссари Иттиҳоди Аврупо оид ба шарикии байналмилалӣ мулоқот намуданд
Қазоқистон содироти гандум ба Тоҷикистонро зиёд мекунад
Ҷумҳурии Тоҷикистон мехоҳад ҳаҷми воридоти гандум аз Қазоқистонро зиёд кунад. Мақомоти ду кишвар барои воридоти гандум ва густариши ҳамкориҳо дар соҳаи кишоварзӣ бо ҳам гуфтугӯ намудаанд. Ин раванд дар ҳоле баррасӣ мешавад, ки Қазоқистон аз ҳоло яке аз таъминкунандагони асосии бозори Тоҷикистон бо ғалладона ба шумор меравад.
Масъалаи афзоиши интиқоли гандум дар мулоқоти вазири кишоварзии Қазоқистон Айдарбек Сапаров бо ҳамтои тоҷикаш Қурбон Ҳакимзода дар Остона баррасӣ шудааст. Ин вохӯрӣ дар рӯзҳои сафари давлатии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Қазоқистон баргузор гардид.
Яке аз масъалаҳои асосии гуфтугӯ иҷрои қарордоди интиқоли 100 ҳазор тонна гандум будааст. Ин созиш миёни ширкати давлатии «Корпоратсияи озуқаворӣ»-и Қазоқистон ва Агентии захираҳои моддии давлатии Тоҷикистон ба имзо расидааст. То кунун аз ҳаҷми пешбинишуда 50 ҳазору 800 тонна ба Тоҷикистон расонида шудааст.
Ҷонибҳо ба мувофиқа расидаанд, ки барои идомаи интиқол ва зиёд кардани ҳаҷми он чораҳои зарурӣ андешанд. Ҳаҷми минбаъдаи таҳвил бояд бо назардошти талаботи бозори Тоҷикистон муайян шавад.
Воридоти маҳсулоти кишоварзӣ рӯ ба афзоиш дорад
Миқёси тиҷорати кишоварзии ду кишвар нишон медиҳад, ки робитаҳои онҳо дар ин бахш аз доираи хариду фурӯши гандум фаротар рафтаанд.
Дар моҳҳои январ–сентябри соли 2026 гардиши савдои маҳсулоти кишоварзиву саноати хӯрокворӣ байни Тоҷикистон ва Қазоқистон аз 564 миллион доллар гузаштааст. Ин нишондиҳанда дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта 32,5 дарсад афзоиш ёфтааст. Ҳиссаи асосии ин тиҷорат ба содироти маҳсулоти Қазоқистон рост меояд, ки арзиши он 550,2 миллион долларро ташкил додааст.
Тибқи омори Вазорати кишоварзии Қазоқистон, ин кишвар дар соли ҷорӣ ба Тоҷикистон тақрибан 1,1 миллион тонна ғалладона фиристодааст. Аз ин миқдор наздики 900 ҳазор тонна гандум будааст.
Маҳсулоти дигари содиротӣ равғани офтобпараст ва лӯбиё, инчунин, гӯштро дар бар мегирад. Соли 2025 Қазоқистон ба Тоҷикистон 83 ҳазор тонна равғани офтобпараст содир кардааст, ки нисбат ба соли қаблӣ 23 дарсад зиёд аст.
Содироти гӯшти гӯсфанд ба Тоҷикистон низ дар соли гузашта 26 баробар ва гӯшти гов ду баробар бештар шудааст.
Дар маҷмуъ, гардиши савдои маҳсулоти кишоварзӣ миёни ду кишвар дар соли 2025 тақрибан ба 600 миллион доллар расидааст. Ин рақам нисбат ба соли 2024 11 дарсад зиёд буда, тақрибан нисфи гардиши умумии савдои Тоҷикистону Қазоқистонро ташкил додааст.
Аз фурӯши ашёи хом то рушди коркард
Дар баробари зиёд кардани ҳаҷми интиқоли маҳсулоти кишоварзӣ, Душанбе ва Остона мехоҳанд шакли ҳамкориҳои худро низ тағйир диҳанд. Ҳадафи эълоншудаи онҳо густариши истеҳсол ва савдои маҳсулоти дорои арзиши иловашуда аст, на танҳо мубодилаи ашёи хом.
Барои ин ду кишвар таҳияи харитаи роҳ оид ба ҳамкориҳои кишоварзӣ дар солҳои 2027–2028-ро дар назар доранд. Ин барнома бояд рушди зироаткорӣ, тухмипарварӣ, беҳтар кардани зотҳои чорво, баланд бардоштани маҳсулнокии чорводорӣ ва ҳамкориҳои байторию фитосанитариро фаро гирад.
Дар доираи ин сафар Қурбон Ҳакимзода аз корхонаи кишоварзии «Родина» низ боздид кардааст. Ба ҳайати Тоҷикистон маҷмааи муосири ширҷӯшӣ бо таҷҳизоти автоматии ширкати “DeLaval” нишон дода шудааст. Тибқи маълумоти Вазорати кишоварзии Қазоқистон, ин низом метавонад дар панҷ соат аз то ду ҳазор гов шир гирад. Дар як басти корӣ 12 нафар фаъолият мекунанд.
Барои Тоҷикистон, ки дар таъмини бозори дохилӣ ба воридоти ғалла такя мекунад, идомаи интиқоли гандум аз Қазоқистон метавонад аҳамияти иқтисодӣ ва амниятӣ дошта бошад. Барои истеҳсолкунандагони қазоқӣ бошад, густариши ин бозор имкони нигоҳ доштани талабот ба маҳсулоти кишоварзии онҳоро фароҳам меорад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Қазоқистон содироти гандум ба Тоҷикистонро зиёд мекунад
Боздошти шаш ноболиғ: аз хонаи шаҳрвандон пулу ҷавоҳирот ва телефони мобилӣ дуздидаанд
“Суперчемпион”-ҳо аз Тоҷикистон. Дастоварди назарраси хонандагони тоҷик аз Олимпиадаи ҷаҳонӣ
Тоҷикистон ва Покистон дар Черат машқҳои муштараки низомӣ баргузор намуданд