“Суперчемпион”-ҳо аз Тоҷикистон. Дастоварди назарраси хонандагони тоҷик аз Олимпиадаи ҷаҳонӣ
Агентии обуҳавошиносӣ: “Борону барф пешгӯӣ мешавад”
Размкорони доғистонӣ дар паҳлӯи Трамп? Президенти Амрико роҳбари UFC-ро котиби матбуотӣ таъин кардан мехоҳад
Ба оилаи афсари ҳалокшуда дар сарҳад хонаи истиқоматӣ тақдим гардид
Боздошти шаш ноболиғ: аз хонаи шаҳрвандон пулу ҷавоҳирот ва телефони мобилӣ дуздидаанд
Мақомоти интизомии пойтахт шаш ноболиғро дастгир кард, ки ба содир намудани ҷинояти дуздӣ гумонбаранд.
Бинобар иттилои Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе, ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти дуздӣ аз ҷониби кормандони ШВКД-2 дар ноҳияи Сино ноболиғон Сиддиқов А., Ғоибов М., Мусулмонов М., Яқубов О., Салоев М. ва Нарзуллоев М., сокинони шаҳри Душанбе дастгир карда шуданд.
Манбаъ навиштааст, ки гумонбарон пинҳонӣ ба манзили истиқоматии шаҳрвандон ворид шуда, маблағ, ҷавоҳирот, телефони мобилӣ ва ҳатто ҳуҷҷатҳои шахсии онҳоро рабудаанд.
“Ба манзили истиқоматии Дилшодов М., воқеъ дар кӯчаи Зафар ворид шуда, аз дохили ҷевони либосҳо маблағҳои пулӣ, ҷавоҳирот, телефон ва дигар ашёи арзишмандро, ки дар маҷмуъ зиёда аз 163 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, тасарруф кардаанд”, - зикр мегардад дар иттилоия.
Гуфта мешавад, ки ҳоло се ҳолати ҷинояти дуздии номбурдагон ошкор карда шуда, тафтишоти пешакӣ идома дорад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Қазоқистон содироти гандум ба Тоҷикистонро зиёд мекунад
Боздошти шаш ноболиғ: аз хонаи шаҳрвандон пулу ҷавоҳирот ва телефони мобилӣ дуздидаанд
“Суперчемпион”-ҳо аз Тоҷикистон. Дастоварди назарраси хонандагони тоҷик аз Олимпиадаи ҷаҳонӣ
Тоҷикистон ва Покистон дар Черат машқҳои муштараки низомӣ баргузор намуданд