9 Ноябр 2026,
душанбе, 12:06, Душанбе
09.11.2026 11:53

Гади Айзенкот ба ҷои Нетаняҳу сарвазири нави Исроил мешавад

Президенти Исроил Исҳоқ Ҳерсог, раҳбари ҳизби “Яшар” Гади Айзенкотро барои ташкили ҳукумати нави кишвар вазифадор кардааст. Ин тасмим дар пасманзари ихтилофҳои сиёсӣ ва идомаи буҳронҳои амниятӣ дар минтақа гирифта шудааст.

Бино ба гузоришҳо, Айзенкот аз ҷониби 67 намояндаи ҳизбҳо ва гурӯҳҳои парлумонӣ барои ин вазифа пешниҳод шудааст. Ҳерсог баъд аз машварат бо намояндагони аҳзоб номзадии ӯро тасдиқ кардааст.

Президенти Исроил дар ҷараёни эълони ин қарор гуфт, ки кишвар ба ҳукумати устувор ниёз дорад, то тавонад бо мушкилоти амниятӣ ва сиёсӣ дар дарозмуддат рӯбарӯ шавад. Ӯ вазъи Эрон, Ғазза ва Лубнонро аз масъалаҳои муҳимми пешорӯи ҳукумати оянда ном бурдааст.

Айзенкот пас аз гирифтани ин масъулият гуфтааст, ки Исроил дар шароити фавқулода қарор дорад. Ба гуфтаи ӯ, ҳадафҳои ҷанг ҳанӯз пурра иҷро нашудаанд ва ҳамзамон ихтилофҳои дохилии сиёсӣ вазъи кишварро печидатар кардаанд.

Ӯ ҳамчунин, ба танишҳо дар муносибатҳои Исроил бо шарикони байналмилалӣ ишора карда, гуфтааст, ки кишвар ҳатто аз ҷониби муттаҳидони худ низ бо мушкилот рӯбарӯ шудааст.

Таҷрибаи низомӣ ва ворид шудан ба сиёсат

Гади Айзенкот аз чеҳраҳои собиқадори низомии Исроил ба шумор меравад. Ӯ соли 2015 раҳбари ситоди кулли артиши ин кишвар шуд ва то соли 2019 дар ин вазифа фаъолият кард. Дар тӯли фаъолияти ҳарбӣ ба амалиётҳои Исроил дар Лубнон, Сурия ва сарзаминҳои Фаластин иртибот дошт.

Номи ӯ бо доктринаи низомии “Зоҳия” низ пайванд дорад. Ин равиш истифодаи неруи густурдаи низомӣ ва тахриби инфрасохтори минтақаҳоеро дар назар мегирад, ки Исроил онҳоро манбаи ҳамлаҳо медонад. Ин доктрина пас аз ҷанги соли 2006 бо Лубнон мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифт.

Айзенкот соли 2022 ба сиёсат ворид шуда, ба эътилофи “Лагери миллӣ”-и Бени Гантс пайваст. Пас аз оғози ҷанг дар Ғазза дар моҳи октябри соли 2023 ӯ ба ҳукумати изтирории Бенямин Нетаняҳу шомил шуд ва дар Шурои ҷанг иштирок кард.

Аммо моҳи июни соли 2024 ҳамроҳ бо Гантс аз ҳукумат хориҷ шуд. Ӯ Нетаняҳуро танқид карда буд, ки қарорҳои муҳимро ба таъхир мегузорад ва манфиатҳои сиёсиро аз идораи ҷанг болотар мегузорад.

Мавқеъ дар масъалаи Эрон ва Ғазза

Айзенкот дар масъалаи Ғазза ҷонибдори хотима додан ба ҳокимияти ҲАМОС ва таъсиси сохтори нави идоракунӣ бо пуштибонии байналмилалӣ ва минтақавӣ мебошад. Ҳамзамон, ӯ бо идораи доимии низомии ин минтақа аз ҷониби Исроил мухолифат мекунад.

Дар мавриди Эрон бошад, ӯ аз берун овардани урани ғанишуда ва ҷорӣ кардани назорати сахттар ба барномаи ҳастаии ин кишвар ҷонибдорӣ мекунад. Айзенкот ҳамчунин, истифодаи фишори низомиро барои расидан ба созиш дар масъалаи ҳастаии Эрон яке аз роҳҳои таъсиррасонӣ медонад.

Ӯ, инчунин, хостори густариши муносибатҳои Исроил бо кишварҳои арабӣ дар доираи Созишномаи Иброҳим аст.

Барномаи сиёсии Айзенкот нишон медиҳад, ки масъалаҳои амниятӣ ва сиёсати минтақавӣ дар маркази таваҷҷуҳи ӯ қарор доранд. Дар масъалаҳои Эрон ва Ғазза мавқеи ӯ дар чанд самти асосӣ ба сиёсати ҳукумати пешини Нетаняҳу наздик аст. Аммо дар масъалаи идоракунии дохилии кишвар ва тарзи қабули қарорҳо дар давраи ҷанг миёни онҳо ихтилоф вуҷуд дошт.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

09.11.2026 11:55

Сарвари давлат бо Комиссари Иттиҳоди Аврупо оид ба шарикии байналмилалӣ мулоқот намуданд

Имрӯз, 9-уми ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Комиссари Иттиҳоди Аврупо оид ба шарикии байналмилалӣ Йозеф Сикеларо ба ҳузур пазируфтанд.
09.11.2026 11:53

Гади Айзенкот ба ҷои Нетаняҳу сарвазири нави Исроил мешавад

Президенти Исроил Исҳоқ Ҳерсог, раҳбари ҳизби “Яшар” Гади Айзенкотро барои ташкили ҳукумати нави кишвар вазифадор кардааст. Ин тасмим дар пасманзари ихтилофҳои сиёсӣ ва идомаи буҳронҳои амниятӣ дар минтақа гирифта шудааст.
09.11.2026 11:45

Трамп: “Ҷанг бар зидди Эрон ва норозигии мардум аз Исроил омили шикаст дар интихобот буд”

Президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико таъкид кард, ки норогизии интихобкунандагон аз ҷанг бо Эрон, афзоиши нархи бензин ва мухолифати густурда бар зидди Исроил аз омилҳои шикасти Ҷумҳурихоҳон дар интихоботи миёндавраии Амрико буд.
09.11.2026 10:24

Вазири хориҷии Эрон мегӯяд миллатҳои минтақа ва Амрико аз фиребкории Исроил ба танг омадаанд

Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон мегӯяд, ки норозигӣ аз сиёсати Исроил дар миёни сокинони кишварҳои минтақа ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико афзоиш ёфтааст. Тибқи гуфтаи ӯ, амрикоиҳо дигар намехоҳанд Исроил ҳукумати кишварашонро ба ҷангҳои беохир ҷалб намояд.
09.11.2026 10:13

Чину Русия дар канори ҳам дар умқи Афғонистон. Ё Чин чӣ гуна ба бозгашти Русия ба Афғонистон монеа мегузорад?

Раванди ба расмият шинохтани гурӯҳи террористии Толибон аз ҷониби кишварҳои ҷаҳон коҳиш ёфтааст. Он кишварҳое, ки Толибонро ба расмият шинохтаанд, сатҳи равобити худро бо тиҷорату иқтисод маҳдуд мекунанд. Толибон бо сиёсати саркӯбгарона ва қабул накардани меъёрҳои пешниҳодии ҷомеаи ҷаҳонӣ нишон медиҳанд, ки ҳанӯз аз чорчӯби як гурӯҳи террористӣ берун наомадаанд.
09.11.2026 08:45

Трамп аз музокирот бо Си Ҷинпин ва Путин барои поён додан ба ҷанги Эрон хабар дод

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, гуфтааст, ки эҳтимол дорад ҳафтаи оянда дар ҳошияи нишасти “Ҳамкории иқтисодии Осиё ва Уқёнуси Ором” бо Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия ва Си Ҷинпин, роҳбари Чин, барои поён додан ба ҷанги Эрон мулоқот кунад.
07.11.2026 16:36

Тоҷикистон ва Қазоқистон дар эраи нави робитаҳои сиёсиву иқтисодӣ

Чанд ҳафта қабл иттилое нашр шуд, ки таваҷҷуҳи аксари коршиносони масоили хориҷиро ба худ ҷалб кард. Ин иттилоъ дар бораи ҳаҷми тиҷорати Тоҷикистону Қазоқистон буд. Гуфта шуд, ки ҳаҷми тиҷорати Тоҷикистон ва Қазоқистон дар давоми 9 моҳи соли 2026 ба 1 миллиарду 130 миллион доллар расидааст. Ин рақам баёнгари тақвият ва густариши равобити сиёсӣ ва иқтисодии Тоҷикистону Қазоқистон аст.