Трамп: “Ҷанг бар зидди Эрон ва норозигии мардум аз Исроил омили шикаст дар интихобот буд”
Вазири хориҷии Эрон мегӯяд миллатҳои минтақа ва Амрико аз фиребкории Исроил ба танг омадаанд
Ироқчӣ: “Акнун навбати Кохи Сафед аст, ки интихоб кунад”
Трамп аз музокирот бо Си Ҷинпин ва Путин барои поён додан ба ҷанги Эрон хабар дод
Вазири хориҷии Эрон мегӯяд миллатҳои минтақа ва Амрико аз фиребкории Исроил ба танг омадаанд
Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон мегӯяд, ки норозигӣ аз сиёсати Исроил дар миёни сокинони кишварҳои минтақа ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико афзоиш ёфтааст. Тибқи гуфтаи ӯ, амрикоиҳо дигар намехоҳанд Исроил ҳукумати кишварашонро ба ҷангҳои беохир ҷалб намояд.
Бар асоси иттилои расонаҳои эронӣ Сайид Аббос Ироқчӣ, вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон дар вокуниш ба изҳороти Доналд Трамп дар саҳифаи худ дар шабакаи иҷтимоии “Х” навишт, “президенти ИМА хуб дарк кардааст, ки аксарияти кулли шаҳрвандони Амрико ва Исроил сахт норозӣ мебошанд, вале зоҳиран ҳанӯз сабаби аслии ин норозигиро нафаҳмидааст”.
Тибқи навиштаи Аббос Ироқчӣ мардуми Иёлоти Муттаҳидаи Амрико аз он норозӣ мебошанд, ки Исроил ҳукуматҳои Иёлоти Муттаҳидаи Амрикоро фиреб дода, онҳоро ба ҷангҳои беохир мекашонанд.
Вазири корҳои хориҷии Эрон таъкид кардааст, ки мардуми минтақа низ аз чунин вазъ ба танг омадаанд.
Изҳороти зикршуда баъди он садо дод, ки Доналд Трамп дар суҳбат бо шабакаи “CBS” норозигии интихобкунандагон аз ҷанг бо Эрон, болоравии нархи бензин ва мухолифати густурда бар зидди Исроилро омилҳои шикасти ҷумҳурихоҳон дар интихоботи миёндавраии ин кишвар арзёбӣ намуд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Сарвари давлат бо Комиссари Иттиҳоди Аврупо оид ба шарикии байналмилалӣ мулоқот намуданд
Гади Айзенкот ба ҷои Нетаняҳу сарвазири нави Исроил мешавад
Трамп: “Ҷанг бар зидди Эрон ва норозигии мардум аз Исроил омили шикаст дар интихобот буд”
Наздик ба 50 кишвар бо ташаббуси Бритониё алайҳи Исроил изҳороти муштарак нашр мекунанд