Зеленский: “Сӯзишвории Русия наметавонад ба коҳиши назарраси нархҳо дар Амрико мусоидат кунад”
Ҳорун Самарқандӣ: “Ояндаи тоҷикони Афғонистон ба ташаккули стратегияи мустақили сиёсӣ вобаста аст
26 сухани афкорсози устод Иброҳим Усмонов дар бораи зиндагӣ, сулҳ, журналистика ва сиёсат
Ифшои расонаҳои Амрико: Сенатори мусалмон бо бародараш издивоҷ кардааст
Теҳрон аз баррасии посухи Амрико ба охирин пешниҳоди худ хабар дод
Вазорати корҳои хориҷаи Эрон гуфт, ки дар ҳоли баррасии посухи Амрико ба охирин пешниҳоди Теҳрон дар пайванд ба музокирот аст.
Шабакаи “Ал-Ҷазира”, рӯзи панҷшанбе, 21-уми май гузориш додааст, ки Эрон ва Амрико ба воситаи Покистон, дар бораи матни як санади пешниҳодии оташбас, дар ҳоли табодули паём ҳастанд.
Бар асоси гузориш, Исмоил Бақоӣ, сухангӯи Вазорати корҳои хориҷаи Эрон, гуфтааст: “Бар асоси матни аслии 14-банди Эрон, табодули паёмҳо дар чандин навбат анҷом шудааст”.
Сухангӯи Вазорати хориҷаи Эрон ҳамчунин, афзудааст, ки Теҳрон дидгоҳҳои Амрикоро дарёфт карда ва дар ҳоли баррасии он аст.
Исмоил Бақоӣ ин мавзуъро дар ҷараёни сафари тозаи Муҳсин Нақвӣ, вазири дохилаи Покистон ба Теҳрон, баён кардааст.
Бо ин ҳол, Исломобод дар ҳоли миёнҷигарии гуфтугӯҳо миёни Вашингтон ва Теҳрон аст ва дар ҳамин росто, Муҳсин Нақвӣ барои бори дувум дар чанд рӯзи ахир ба Эрон сафар кардааст.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Аз 6-моҳа то 5-сола. Дар кишвар зидди бемориҳои сурхча ва гулафшон рӯзҳои иммунизатсияи иловагӣ баргузор мегардад
Пешвои миллат дар шаҳри Ваҳдат маркази ташхисӣ ва табобатии Лормедро ифтитоҳ намуданд
Боздошти марде бо гумони қаллобӣ: "Ваъда мекард, ки тавассути никоҳи сохта ба Амрико равон мекунад"
Дидгоҳи як тоҷик дар Синхуа. Наздикшавии Чин ва Осиёи Марказӣ ояндаи СҲШ шакл медиҳад