Зеленский: “Сӯзишвории Русия наметавонад ба коҳиши назарраси нархҳо дар Амрико мусоидат кунад”
Ҳорун Самарқандӣ: “Ояндаи тоҷикони Афғонистон ба ташаккули стратегияи мустақили сиёсӣ вобаста аст
26 сухани афкорсози устод Иброҳим Усмонов дар бораи зиндагӣ, сулҳ, журналистика ва сиёсат
Ифшои расонаҳои Амрико: Сенатори мусалмон бо бародараш издивоҷ кардааст
Трамп: “Эрон дар дастёбӣ ба тавофуқ бо Амрико “манофеъ” дорад
Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико, гуфтааст, ки Эрон дар дастёбӣ ба тавофуқ “манофеъе” дорад, зеро музокирот бар сари барномаи ҳастаии ин кишвар ва даргириҳои ҷорӣ бидуни ҳеч роҳҳалле идома дорад.
Хабаргузориҳои Амрико рӯзи шанбе, 16-уми май гузориш доданд, ки Трамп гуфтааст ҳанӯз мушаххас нест, ки ба зудӣ тавофуқе ҳосил хоҳад шуд ё на: “Ман ҳеч идеяе надорам. Агар онҳо ин корро накунанд, даврони бисёр баде хоҳанд дошт. Онон дар дастёбӣ ба тавофуқ, манофеъе доранд”.
Бар асоси гузоришҳои матбуотӣ эҳтимол дорад Трамп дар соатҳои оянда дар бораи азсаргирӣ ё таваққуфи ҳамлаҳо алайҳи Эрон тасмим бигирад.
Ин дар ҳолест, ки музокирот барои поён додан ба даргирӣ ва ҳалли мавзуи ҳастаии Эрон то кунун бенатиҷа будааст.
Танишҳои минтақаӣ аз замони ҳамлаҳои Амрико ва Исроил алайҳи Эрон дар 28-уми феврал ҳамчунон идома дорад ва бовуҷуди оташбас ва баргузории музокирот бо миёнҷигарии Покистон, ду тараф ба тавофуқи поядор даст наёфтаанд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Аз 6-моҳа то 5-сола. Дар кишвар зидди бемориҳои сурхча ва гулафшон рӯзҳои иммунизатсияи иловагӣ баргузор мегардад
Пешвои миллат дар шаҳри Ваҳдат маркази ташхисӣ ва табобатии Лормедро ифтитоҳ намуданд
Боздошти марде бо гумони қаллобӣ: "Ваъда мекард, ки тавассути никоҳи сохта ба Амрико равон мекунад"
Дидгоҳи як тоҷик дар Синхуа. Наздикшавии Чин ва Осиёи Марказӣ ояндаи СҲШ шакл медиҳад