Ҷашнвораи VIII байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» оғоз гардид. Тоҷикистонро кадом театрҳо намояндагӣ мекунанд?
80 нигораи нодири таърихию фарҳангии Тоҷикистон дар Италия муаррифӣ шуд
Синамоҷоизаи миллии «Тоҷи Сомон» ҷамъбаст шуда, ғолибон қадрдонӣ шуданд
Ифтитоҳи Қасри фарҳанги ноҳияи Рӯдакӣ, ки ба номи Кароматулло Қурбонов гузошта шудааст
Филми “Дурахши ахтарон: Ҷомӣ ва Навоӣ” ба роҳбарони Тоҷикистону Узбекистон муаррифӣ карда шуд
Аввали моҳи ҷорӣ Файзулло Файзов, коргардони филми муштараки Тоҷикистону Узбекистон “Дурахши ахтарон: Ҷомӣ ва Навоӣ” дар мусоҳиба бо Dialog.tj гуфта буд, ки дар назар аст, филми мазкур дар ҳаҷми 14 дақиқа ба Сарони давлатҳо муаррифӣ гардад.
Ҳамин тавр, 26-уми март дар доираи сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Узбекистон дар Қасри ҳамоишҳои байналмилалии “Узбекистон” барномаи фарҳангии “Шоми дӯстӣ” бо иштироки Роҳбарони давлатҳо доир гашт ва филми бадеӣ-таърихии “Дурахши ахтарон: Ҷомӣ ва Навоӣ” муаррифӣ гардид.
Мо дар суҳбати кӯтоҳ аз коргардони тоҷик Файзулло Файзов дар мавриди ин муаррифӣ пурсидем.
- Филми “Дурахши ахтарон: Ҷомӣ ва Навоӣ” дар оғози барномаи фарҳангии “Шоми дӯстӣ” ба Роҳбарони Тоҷикистону Узбекистон ва умуман тамоми толор тариқи монитор муаррифӣ гардид, - гуфт ӯ.
Файзулло Файзов иброз дошт, ки дар вақти муаррифии филм ба Сарони давлатҳо дар толор ҳузур надошт, балки ба чорабиниҳои Рӯзҳои кинои Тоҷикистон дар Узбекистон банд буд.
- Вақти муаррифӣ дар толор ҳузур надоштам, балки аз ҷониби мо директори “Тоҷикфилм” Маҳмасаид Шоҳиён ва аз тарафи Узбекистон 12 нафар аз ҷумла коргардони ҷониби “Узбекфилм” даъват шуда буданд, - афзуд ҳамсуҳбати мо.
Тавре ки хонандагон иттилоъ доранд, ба дастандаркорони филми муштараки “Дурахши ахтарон: Ҷомӣ ва Навоӣ” супориш шуда буд, ки филми мазкурро дар ҳаҷми 10-15 дақиқа омода карда, барои муаррифӣ ба Сарони давлатҳо пешниҳод намоянд. Дар ин маврид Файзулло Файзов чунин гуфт:
- Мо хатти асосии достонро, ки аз ҷое оғозу ҷойи дигар тамом мешавад, гирифта, бо ёрии ровӣ, ки ҷараёни достонро нақл мекунаду саҳнаҳои мувофиқ нишон дода мешаванд, як навори 14 дақиқаӣ омодаву пешниҳод кардем. Дар рӯзҳои охир, супориш дода шуд, ки наворро аз 14 дақиқа кӯтоҳ кунем. Ҳамин тавр, барои муаррифии филм дар барномаи “Шоми дӯстӣ” мо наворе пешниҳод кардем, ки наздики панҷ дақиқа буд.
Соли 2021 “Тоҷикфилм” ва “Узбекфилм” муваззаф шуда буданд, ки доир ба Абдураҳмони Ҷомӣ ва Алишер Навоӣ филми таърихие таҳия кунанд. Ҳамин тавр, филми “Дурахши ахтарон: Ҷомӣ ва Навоӣ” аз 1-уми августи соли 2025 то 5-уми феврали соли 2026 дар Тоҷикистон ва Узбекистон наворбардорӣ шуд. Филм бо ду забон тоҷикӣ ва узбекӣ сабт гардид ва тибқи нақша, пас аз оне ки пурра омода мешавад, дар Тоҷикистон бо забони тоҷикӣ ва дар узбекистон бо забони узбекӣ дубляж шуда, намоиш дода мешавад. Дар назар аст, ки дар арафаи 35-умин солгарди Истиқлоли давлатӣ филм пурра намоиш дода шавад.
Ҳафизуллоҳ Тоҳирӣ
Хатти хабарҳо
Аз 6-моҳа то 5-сола. Дар кишвар зидди бемориҳои сурхча ва гулафшон рӯзҳои иммунизатсияи иловагӣ баргузор мегардад
Пешвои миллат дар шаҳри Ваҳдат маркази ташхисӣ ва табобатии Лормедро ифтитоҳ намуданд
Боздошти марде бо гумони қаллобӣ: "Ваъда мекард, ки тавассути никоҳи сохта ба Амрико равон мекунад"
Дидгоҳи як тоҷик дар Синхуа. Наздикшавии Чин ва Осиёи Марказӣ ояндаи СҲШ шакл медиҳад