Филми эронии “Қиморбоз” дар ҷашвораи “Тоҷи Сомон”-и Душанбе намоиш дода мешавад
Соро Муҳаммад: Романи “Сармаддеҳ”-и Баҳманёр бо забони арабӣ нашр мешавад. Ман дар бораи ин роман рисолаи докторӣ дифоъ намудам
Дар Туркманистон Фестивали таомҳои миллӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва намоиши маҳсулоти саноатию кишоварзӣ доир шуд
Фестивали ҷумҳуриявии фалаксароён «Садои дил» баргузор мегардад
Ифтитоҳи Қасри фарҳанги ноҳияи Рӯдакӣ, ки ба номи Кароматулло Қурбонов гузошта шудааст
19-уми октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Рӯдакӣ, бинои нави Қасри фарҳангро, ки ба номи Кароматулло Қурбонов гузошта шудааст, ифтитоҳ намуданд.
Гуфта мешавад, ки зимни боздид ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки дар ин ҷо 130 ҷойи корӣ таъсис ёфта, барои кормандони соҳаи фарҳанг шароити мусоиди кору фаъолият фароҳам гардид.
Хадамоти матбуоти Сарвари давлат навиштааст, ки барои арҷгузорӣ ба гиромидошти хотираи Ҳунарманди шоистаи Тоҷикистон Кароматулло Қурбонов, дар назди бино пайкараи ин овозхони маҳбуби тоҷик гузошта шудааст.
Тибқи иттилои манбаъ, Қасри фарҳанг дорои як толори барҳаво бо 700 ҷойи нишаст буда, шароити фароҳамгардида имкон медиҳад, ки аҳли фарҳангу ҳунари ноҳия фаъолияти худро боз ҳам беҳтар ба роҳ монанд. Иншооти тозабунёд аз 50 ҳуҷраи корӣ ва ёрирасон, аз ҷумла, ҳуҷраҳои машқу тамрин, сабти овоз, коргардонҳову кормандони техникӣ, пардозгарӣ ва либосивазкунӣ иборат буда, барои баргузории мулоқоту чорабиниҳои гуногуни маърифатию фарҳангӣ мусоидат мекунад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Дар Самарқанд таҳкими ҳамкориҳои минтақавӣ ва густариши шарикии кишварҳои Осиёи Марказӣ бо Амрико баррасӣ гардид
Рӯзномаи Британия: Сайёҳон ва блогерони хориҷӣ аз Толибон чеҳраи мусбат ва гумроҳкунанда месозанд
Ҷияни Солеҳ Муҳаммади Регистонӣ то охирин тир бар зидди Толибон ҷангида, кушта шуд
Ифтитоҳи Қасри фарҳанги ноҳияи Рӯдакӣ, ки ба номи Кароматулло Қурбонов гузошта шудааст