Эрон: Исроил барои оғози ҷанг хабарҳои бардурӯғ паҳн мекунад
Чаҳор кишвар аз Исроил хостанд, ки ба вуруди кумакҳои башардӯстона ба Ғазза иҷозат диҳад
Эрон: Кишти маводи мухаддир дар Афғонистон афзоиш ёфтааст
Кремлин: Агар Аврупо ба сулҳ омада набошад, Русия аз неруи низомӣ истифода мекунад
Як мақоми олирутбаи ВКХ-и Амрико рӯзҳои оянда ба Тоҷикистон сафар мекунад
Муовини котиби давлатии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Кристофер Ландау дар доираи сафари минтақавӣ аз 16 то 24-уми ноябр ба Тоҷикистон, Туркия ва Туркманистон сафар мекунад. Дар Душанбе ӯ бо мақомоти баландпояи Тоҷикистон ва намояндагони бахши хусусӣ мулоқот карда, густариши ҳамкориҳои дуҷонибаро баррасӣ мекунад.
Дар ин бора дафтари матбуоти Вазорати корҳои хориҷии Амрико хабар дода, гуфт, ки яке ҳадафҳои асосии сафари Кристофер Ландау тақвияти ҳамкориҳо дар самтҳои робитаҳои минтақавӣ, рушди иқтисодӣ, технологияҳои ҳуши маснуӣ ва навовариҳо мебошад.
Интизор меравад, ки муовини котиби давлатӣ ҳамчунин, масъалаҳои амниятӣ, аз ҷумла мубориза бо терроризм ва ҷинояткории фаромиллиро баррасӣ карда, аҳамияти шарикии амниятии Вашингтон ва Душанберо таъкид намояд.
Дар ҷараёни сафар ҷонибҳо ҳамчунин, ёддошти тафоҳум дар соҳаи тандурустиро дар доираи Стратегияи ҷаҳонии тандурустии ҳукумати президенти ИМА баррасӣ мекунанд. Ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии Амрико, Кристофер Ландау ҳамзамон манфиатҳои тиҷоратии ИМА-ро пеш бурда, аз ҳифзи мероси фарҳангӣ ва нақши сармоягузориҳои амрикоӣ дар фароҳам овардани имкониятҳои иқтисодӣ барои ҳар ду кишварро ҳимоят хоҳад кард.
Пас аз анҷоми боздид аз Тоҷикистон, Ландау ба Истанбул меравад. Ӯ дар Туркия бо мақомоти баландпояи давлатӣ ва намояндагони бахши тиҷорат мулоқот карда, роҳҳои густариши ҳамкориҳои дуҷониба, рушди робитаҳои тиҷоратӣ ва таъмини амнияти энергетикӣ ва занҷираҳои таъминотро баррасӣ мекунад.
Марҳилаи ниҳоии сафари муовини котиби давлатии ИМА дар Ашқобод баргузор мешавад. Қарор аст ӯ бо роҳбарони Туркманистон ва намояндагони ширкатҳои туркманиву амрикоӣ мулоқот кунад.
Ба гуфтаи Вазорати корҳои хориҷии ИМА, Вашингтон ҷонибдори густариши ҳамкорӣ бо Ашқобод дар самти диверсификатсияи содироти энергия тавассути долони фарохазарӣ ва тарҳи “Масири Трамп барои сулҳ ва шукуфоии байналмилалӣ” мебошад.
Дар ин мулоқотҳо ҳамчунин, масъалаҳои афзоиши тиҷорат, сармоягузорӣ ва тақвияти робитаҳои иқтисодии минтақавӣ баррасӣ хоҳанд шуд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Тими футболи Тоҷикистон барои ба даст овардани Ҷоми шоҳ бо тими Тайланд рақобат мекунад
Як мақоми олирутбаи ВКХ-и Амрико рӯзҳои оянда ба Тоҷикистон сафар мекунад
Путин баъди дидор бо Трамп ва Ҷинпин рӯзҳои 18 ва 19-уми ноябр ба Душанбе меояд
Эрон: Исроил барои оғози ҷанг хабарҳои бардурӯғ паҳн мекунад