17 Ноябр 2026,
сешанбе, 09:54, Душанбе
17.11.2026 09:36

Эрон: Исроил барои оғози ҷанг хабарҳои бардурӯғ паҳн мекунад

Мақомоти Ҷумҳурии Исломии Эрон мегӯянд Исроил барои оғоз намудани ҷанг иттилооти нодуруст дар мавриди Эрон паҳн мекунад.

Сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон рӯзи 16-уми ноябр гуфт, ки Исроил барои оғози ҷанг бар зидди Эрон даст ба нашри иттилооти бардурӯғ ва нодуруст мезанад.

Ӯ изҳор дошт, ки иддаоҳо дар бораи парвандаҳои ба истилоҳ “яхдонҳо” дар Фаронса ва талоши Эрон барои лоиҳаи сӯиқасд ба мақомоти амрикоӣ бахше аз маъракаи иттилоотии Исроил мебошад.

Тибқи гуфтаи ӯ, ҳадафи ин маърака тарсондани шаҳрвандони ИМА ва кишварҳои Аврупо ва ба даст овардани ҳимояти онҳо аз густариши ҷанг мебошад.

Исмоил Бақоӣ, сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Эрон афзуд, ки чунин иқдомҳо барои таъсир расондан ба афкори умум дар кишварҳои Аврупо ва водор намудани мардум ба ҷонибдорӣ аз сиёсати ҷангталабонаи роҳбарони худ роҳандозӣ шудаанд.

Ин изҳорот дар ҳоле нашр мешавад, ки қаблан мақомоти Амрико дар бораи қасди ҳамлаи Эрон ба мақомоти олирутбаи ин кишвар гузориш нашр карда буданд.

Мақомоти расмии Эрон чунин иддаоҳоро бепоя дониста, таъкид мекунанд, ки он бо ҳадафи оғози ҳамлаи нав ба Эрон дар расонаҳо нашр мешавад.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

17.11.2026 09:44

Путин баъди дидор бо Трамп ва Ҷинпин рӯзҳои 18 ва 19-уми ноябр ба Душанбе меояд

Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин баъди дидор бо Доналд Трамп, президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва Си Ҷинпин, роҳбари Ҷумҳурии мардумии Чин дар Чин бо сафари расмӣ рӯзҳои 18 ва 19-уми ноябр ба шаҳри Душанбе меояд.
17.11.2026 09:24

Сироҷиддин Муҳриддин ва Муҳаммад Исҳоқ Дор масъалаҳои тиҷорат ва энергетикаро баррасӣ карданд

Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин рӯзи 16-уми ноябр дар ҳошияи Иҷлоси 30-юми Шурои вазирони корҳои хориҷии Созмони ҳамкории иқтисодӣ (СҲИ) бо вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Покистон Муҳаммад Исҳоқ Дор мулоқот кард.
17.11.2026 09:19

Даври ниҳоии озмуни ҷумҳуриявии «Доирабазм» доир мегардад

Тибқи иттилои маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар даҳаи сеюми моҳи ноябр дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи А. Ҷӯраев даври ниҳоии озмуни ҷумҳуриявии созҳои зарбӣ «Доирабазм» баргузор мегардад.
17.11.2026 09:18

Сироҷиддин Муҳриддин таҳкими ҳамкориҳои кишварҳои узви СҲИ-ро амри зарурӣ донист

16-уми ноябр вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Муҳриддин дар 30-умин ҷаласаи Шурои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви Созмони ҳамкории иқтисодӣ (СҲИ) иштирок намуд.
17.11.2026 09:17

Тоҷикистону Қазоқистон ҳамкориҳои дуҷониба дар самти ҳифзи муҳити зистро муҳокима карданд

Дар ҳошияи Конфронси 31-уми тарафҳои Конвенсияи қолабии Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим (COP31) раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳодур Шерализода бо вазири экология ва захираҳои табиии Ҷумҳурии Қазоқистон Алибек Куантиров мулоқот намуд.
16.11.2026 13:48

Трамп, Путин ва Ҷинпин дар дидори таърихӣ дар Чин баҳси атомӣ ва Украинаро ҳал мекунанд?

Қарор аст раҳбарони Иёлоти Муттаҳида, Русия ва Чин ҳафтаи оянда дар шаҳри Шэнҷени Чин мулоқот кунанд. Ин нишаст, ки метавонад ба яке аз рӯйдодҳои муҳимми дипломатии солҳои охир табдил ёбад, дар ҳоле баргузор мешавад, ки се кишвар дар мавриди масъалаҳои калидии байналмилалӣ мавқеъҳои гуногун доранд.
16.11.2026 13:40

Масъалаи иштироки ҳунармандони Тоҷикистон дар чорабиниҳои байналмилалӣ баррасӣ гардид

Имрӯз, 16-уми ноябр вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён бо намояндагони Шӯрои ҷаҳонии ҳунармандӣ ва Бозори байналмилалии ҳунарҳои мардумии Санта-Фе вохӯрӣ намуд.
16.11.2026 13:37

Чаҳор кишвар аз Исроил хостанд, ки ба вуруди кумакҳои башардӯстона ба Ғазза иҷозат диҳад

Вазирони корҳои хориҷии Австралия, Канада, Британияи Кабир ва Италия дар як изҳороти муштарак аз Исроил даъват карданд, ки барои ворид шудани кумакҳои башардӯстона ба навори Ғазза иҷозат диҳад.
16.11.2026 10:13

Кремлин: Агар Аврупо ба сулҳ омада набошад, Русия аз неруи низомӣ истифода мекунад

Дмитрий Песков, сухангӯи Президенти Федератсияи Русия ҳушдор дод, ки агар Иттиҳоди Аврупо барои расидан ба созиши сулҳ дар масъалаи Украина омодагӣ надошта бошад, Русия метавонад барои амалӣ намудани ҳадафҳои худ аз неруи низомӣ истифода кунад.