Тоҷикистону Қазоқистон ҳамкориҳои дуҷониба дар самти ҳифзи муҳити зистро муҳокима карданд
Мақомот дар чор рӯз 159 ҳолати ғайриқонунӣ машғул шудан ба мусофиркашониро ошкор кард
Вазорати мудофиа: “Нақшаи даъвати тирамоҳӣ пурра иҷро шуд”
Аз хонае 23 ҳазор сомонӣ рабуд. Судшуда боз ба ҷиноят даст зад
Тими футболи Тоҷикистон барои ба даст овардани Ҷоми шоҳ бо тими Тайланд рақобат мекунад
Мунтахаби Тоҷикистон рӯзи 17-уми ноябр дар бозии ниҳоии мусобиқаи байналмилалии “Ҷоми шоҳ” (King’s Cup) бо тими миллии Тайланд рақобат мекунад. Вохӯрӣ дар варзишгоҳи музофотии Сисакети Тайланд, соати 19:30 ба вақти маҳаллӣ (17:30 ба вақти Душанбе) оғоз мешавад.
Дастаи мизбон пас аз пирӯзии бузург бо ҳисоби 6:0 бар Бруней ба финал роҳ ёфт. Мунтахаби Тоҷикистон бошад дар бозии ниманиҳоӣ Умонро бо ҳисоби 1:0 мағлуб карда, ҳаққи ширкат дар бозии ҳалкунандаро ба даст овард.
Сармураббии мунтахаби Тоҷикистон Игор Ангеловский дар нишасти матбуотии пеш аз бозӣ аз сатҳи футболбозони Тайланд ва маҳорати сармураббии ин даста Энтони Ҳадсон ситоиш кард.
“Мо ба тими миллии Тайланд, ки сармураббии босалоҳият ва бозигарони хуб дорад, эҳтиром мегузорем. Аммо ба футболбозони худ бовар дорем ва мутмаинем, ки метавонем қаҳрамони ин мусобиқа шавем” – таъкид кард Игор Ангеловский.
Мусобиқаи имсолаи “Ҷоми шоҳ” бори 52-юм баргузор шуда, дар он тимҳои миллии Тайланд, Тоҷикистон, Умон ва Бруней иштирок доранд. Барои Тоҷикистон ин бозӣ имкониятест, ки бо пирӯзӣ бар мизбонон унвони қаҳрамониро ба даст орад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Тими футболи Тоҷикистон барои ба даст овардани Ҷоми шоҳ бо тими Тайланд рақобат мекунад
Як мақоми олирутбаи ВКХ-и Амрико рӯзҳои оянда ба Тоҷикистон сафар мекунад
Путин баъди дидор бо Трамп ва Ҷинпин рӯзҳои 18 ва 19-уми ноябр ба Душанбе меояд
Эрон: Исроил барои оғози ҷанг хабарҳои бардурӯғ паҳн мекунад