


Суди Олии Ӯзбекистон овозаи аз зиндон озод шудани Гулнора Каримоваро рад кард

Панҷ назар: “ Созишномаи марзӣ метавонад замина барои ҳалли масъалаҳои баҳсталаб дар минтақа шавад ”

“Инқилоби ороми ҳаҷ”. Арабистон ҳоҷиёнро бо зеҳни сунъӣ ва коди AQ назорат мекунад

Ҳукумати Трамп дастрасии “Радио Свобода” ба спутникро қатъ кард
“Инқилоби ороми ҳаҷ”. Арабистон ҳоҷиёнро бо зеҳни сунъӣ ва коди AQ назорат мекунад
Арабистони Саудӣ - мизбони хоҷиёни ҷаҳон дар се соли ахир, бо ҷорӣ намудани қоидаҳои нав ва истифoда аз технологияҳои муосир, бахусус зеҳни сунъӣ ва коди AQ чораҳои шадиди назорати сафари хоҷиёнро роҳандозӣ кардааст.
Бар асоси қоидаҳои нави мақомоти Арабистони Саудӣ як қатор қоидаҳои нав, аз ҷумла назорат бо коди AQ, назорати саҳифаҳои иҷтимоӣ бо зеҳни сунъӣ, ҷамъоварии иттилооти электронӣ, роҳандозии хизматрасонии ҳушманди электронӣ, тасдиқномаи ваксинаҳо – ваксинаи КОВИД -19 ва менингитро ҷорӣ намудааст. Агар қоидаҳои ҷоришударо ҳоҷиён риоя накунанд, ба хатари таҳдиди депорт ва ҳатто ҷавобгарии маъмурӣ рӯ ба рӯ мешаванд.
Мақомоти интизомии Арабистони Саудӣ гуфтаанд, ки истифода аз технологияҳои муосир ва ҷорӣ кардани қоидаҳои нав барои пешгирӣ аз ноамнӣ, фароҳам намудани амнияти комил ва риояи қоидаҳои беҳдоштӣ сурат мегирад.
Ҳаҷ дар гирдоби тағйир. Роҳ ба сӯи идоракунии муосир
Сафари ҳаҷ ё зиёрати хонаи Худо, ки дар тӯли садсолаҳо бо усули суннатӣ баргузор мегардид, ҳоло дар чанд соли ахир ба як таҷрибаи комилан нави муосир табдил ёфтааст. Арабистони Саудӣ бо ба роҳ мондани барномаи «Vision 2030» саъй мекунад, ки ҳаҷро бо истифода аз навтарин технологияҳо, аз ҷумла зеҳни сунъӣ ва системаи рақамӣ зери назорат гирад ва амнияту осоиши беш аз 2 миллион зоирро таъмин намояд.
Дар хусуси тағйир ва қоидаҳои нав вазири ҳаҷ ва умраи Арабистони Саудӣ мегӯяд, ки “Имрӯз ҳаҷ танҳо як ибодат нест, балки як амалиёти бузурги миллист, ки бо такя ба технологияи нав ва идоракунии оқилона сурат мегирад”.
Ин усули нав дар мудирияти ҳаҷ ба коҳиши издиҳом ва хатари садамаҳо мусоидат мекунад ва он қадамест ба сӯйи таҷдиди кулии таҷрибаҳои динӣ дар асри XXI.
Ҳоҷиён дар “чашм ва қалб”-и технологияи муосир
Яке аз навтарин ва барҷастатарин тағйирот, ки дар тӯли се соли ахир сурат гирифт, истифодаи зеҳни сунъӣ барои назорати доимии ҳаракати хоҷиён аст. Шабакаи пешрафти камераҳои рақамӣ бо алгоритмҳои махсус, фаъолиятҳои ҳоҷиёнро пайгирӣ мекунад, нақтаҳои ҳасосро мушаххас месозад ва дар сурати эҳтимоли издиҳом фавран чораҳои зарурӣ меандешад.
Муовини вазири корҳои дохилии Арабистон дар суҳбат бо шабакаи телевизионии “Ал-Арабия” гуфтааст: “Мо аз зеҳни сунъӣ истифода мекунем, то ҳаракати ҳоҷиёнро зери назорати доимӣ қарор диҳем ва бехтарии онҳоро дар ҳама ҳолат таъмин намоем”.
Усули нави назорати электронии ҳаҷ, ки баъзан “ҳаҷи рақамӣ” низ номида мешавад, дар таърихи Ислом бесобиқа мебошад.
Яке аз қоидаҳои дигаре, ки риояи он барои ҳоҷиён ҳатмӣ мебошад, гирифтани ваксина ва гузаштан аз ташхисҳои ҳатмии тиббӣ мебошад. Баъди пандемияи КОВИД-19 барои зоирони ҳаҷ талаботи қатъии тиббӣ ҷорӣ шуд, ки то имрӯз идома дорад. Ҳар як ҳоҷӣ бояд шаҳодатномаи ваксинаҳои ҳатмӣ, аз ҷумла зидди КОВИД-19, менингит ва зукомро қабл аз ворид шудан ба Арабистони Саудӣ пешниҳод намоянд. Инчунин, ташхиси умумии тиббӣ ва санҷишҳои пешакӣ низ аз ҳар як зоир талаб карда мешавад.
Вазорати тандурустии Арабистони Саудӣ гуфтааст: “Вуруд ба Макка ва Мадина бидуни шаҳодати ваксинаҳои тасдиқшуда мумкин нест. Ин амр барои ҳифзи ҷон ва саломатии худи ҳоҷиён ва дигарон муҳим ба ҳисоб меравад”.
Тадбирҳои тиббӣ, инчунин, дар вақти адои маносик низ идома меёбад, аз дезинфексияи маконҳо гирифта, то хизматрасониҳои тиббии сайёр дар майдонҳои васеи ҳаҷ.
Солҳои қабл, хоҷиён дар навбатҳои тӯлонӣ барои ба қайд гирифтан ва ба даст овардани иҷозатномаи ҳаҷ интизор мешуданд. Имрӯз тамоми раванд ба таври рақамӣ сурат мегирад. Барномаи Нусук (Nusuk), як замимаи расмии электронии ҳукумати Арабистони Саудӣ аст ва ба зоирони хонаи Худо имкон медиҳад, ки аз сабти ном то интихоби хизматрасониҳо ва пардохти хидматҳои онлайнро ба таври рақамӣ анҷом диҳанд.
Рӯзномаи “Шарқ” –и Эрон навиштааст, ки “Системаи “Нусук” бар пояи асосии идоракунии ҳаҷ ташкил шудааст, ки равандҳоро шаффоф ва таъсирбахш месозад”.
Ин усул ба таври бесобиқа мудирияти издиҳом ва танзими иҷозатномаҳоро осон намуда, имкони сӯйистифода ва издиҳомро кам мекунад.
Саҳифаҳои ҳоҷиён дар шабакаҳои иҷтимоӣ дар зери чашми зеҳни сунъӣ
Яке аз усулҳои нави назорати ҳаҷ дар соли 2025 назорати фаъолияти зоирон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аст. Тибқи гузоришҳои расмии расонаҳои арабӣ мақомоти амниятии Арабистони Саудӣ барои пешгирии ҳар гуна таблиғ, ақидаҳои тундравона ё ҳаракатҳои сиёсӣ аз системаҳои зеҳни сунъӣ барои таҳлили коментҳо, матнҳо, аксҳо ва видеоҳое, ки ҳоҷиён дар шабакаҳои иҷтимоӣ, ба мисли фейсбук, ютуб, истаграм, тик-ток ва ғайра бозрасонӣ мекунанд, истифода мебаранд.
Рӯзномаи “Ал-Ҳаёт” дар ин хусус менависад: “Ҳар гуна сухан ё амале, ки бо нияти таҳрики мазҳабӣ, сиёсӣ ё ҷамъиятӣ дар рӯзҳои ҳаҷ анҷом дода шавад, дарҳол аз ҷониби системаҳои таҳлилгар сабт ва арзёбӣ мегардад”.
Дар замоне, ки ҳаҷ ба як таҷрибаи бисёрҷанбаи мазҳабӣ, иҷтимоӣ ва фанноварӣ табдил ёфтааст, Арабистони Саудӣ як қадами дигари муҳим дар роҳи таъмини амният ва субот гузошт, ки ин назорати фаъолияти зоирон дар шабакаҳои иҷтимоӣ бо истифода аз зеҳни сунъӣ мебошад.
Системаҳои технологие, ки тавоноии таҳлили паёмҳо, навиштаҳо ва ҳатто эҳсосоти зоҳиршудаи корбаронро доранд, дар марказҳои назоратии Макка ва Мадина фаъол гардидаанд. Ин шабакаи назоратӣ, ки аз сӯйи Вазорати корҳои дохилии Арабистони Саудӣ роҳандозӣ шудааст, он гурӯҳҳоеро ҳадаф қарор медиҳад, ки метавонанд нооромӣ, таблиғоти мазҳабӣ ва ҳарфҳои зиддиамниятиро дар фазои маҷозӣ паҳн намоянд. Рӯзномаи маъруфи “Ал-Шарқ ал-Авсат” шарҳ медиҳад, ки “Ҳар гуна паём ё акси бадахлоқона, таҳриккунанда ва ё мазмуни сиёсидошта, ки аз сӯйи зоирон дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн мешавад, ба воситаи системаҳои худкори шиносоии зеҳни сунъӣ таҳлил мешавад ва фавран барои арзёбӣ ба мақомоти амниятӣ ирсол мегардад”.
Ин иқдом, бешӯбҳа баҳсбарангез аст, вале мақомот онро ҳамчун як воситаи ногузир барои ҳифзи амният ва муқаддасоти исломӣ дар рӯзҳои маросими ҳаҷ муаррифӣ кардаанд. Ба зоирон тавсия дода мешавад, ки ҳангоми нашри муҳтаво дар шабакаҳои иҷтимоӣ эҳиёткор бошанд ва аз нашри ҳарфҳои номатлуб, шиорҳои сиёсӣ ё акси фаъолиятҳои гурӯҳӣ парҳез кунанд.
Ин усули нави назорат ба назар каме сахтгирона менамояд, вале дар асл ин як бахши равандест, ки ҳаҷро аз як маросими анънавии динӣ ба як системаи ҳушманди назоратшаванда табдил додааст. Дар чунин шароит зоирон бояд на фақат бо нияти пок, балки бо омодагии технологӣ ва ахлоқи баланд ба сафари ҳаҷ раванд.
Технологияи AQ ва дигар навгониҳо дар соли 2025
Муҳимтарин навгонии имсол, истифодаи технологияи AQ дар ҷараёни сафари зоирон аст. Ин як системаи таҳлилии рақамӣ мебошад, ки бар асоси зеҳни сунъӣ фаъолият мекунад. Система барои назорати ҳолати равонӣ ва ҷисмонии хоҷиён, ҳамчунин, санҷиши фаврии тағйирот дар ҳангоми издиҳом, назорати корвонҳо ва ҳатто ҳолати эҳсосии ҳоҷиён равона карда шудааст. Ин технология бо браслетҳои электронии нав пайваст карда мешавад, ки ҳар як зоир онро мебандад.
Дигар қоидаҳои нав инҳоянд:
Муайян намудани вақти мушаххас барои адои маносик ба воситаи барномаҳои мобилӣ;
Ҷудо намудани гурӯҳҳо бо ранг ва либоси махсус;
Манъ будани истифодаи баъзе лавозимоти электронӣ бе иҷозати расмӣ;
Санҷиши дубораи солимии равонӣ ва рӯҳӣ қабл аз сафари ҳаҷ...
Барои кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Қазоқистон ва Қирғизистон талабот шадидтар шудааст. Аз ҷумла, фақат шахсе метавонад ба ҳаҷ равад, ки дар дафтари электронии “Нусук” сабти номи комил дошта бошад.
Иҷрои санҷишҳои тиббии қабл аз сафар ва пешниҳоди санади ваксина ҳатмӣ мебошад;
Донистани забони англисӣ ё арабӣ дар сатҳи ибтидоӣ барои роҳат фаҳмидани дастурҳои электронӣ тавсия дода мешавад.
Ҳар як кишвар бо квотаи маҳдуд ва мувофиқ бо ҳамоҳангсозии расмии сафар метавонад гурӯҳ фиристад;
Кумитаи дин ва танзими ҷашну маросимҳои Тоҷикистон иттилоъ дода буд, ки “Фақат зоирони сабтиномшуда ба воситаи низоми ягонаи рақамӣ иҷозаи сафар мегиранд. Ҳар гуна сафар бо роҳҳои ғайрирасмӣ комилан манъ аст”.
Ҳар як ҳоҷие, ки қоидаҳои нави ҳаҷро вайрон мекунад, бо паёмадҳои ҷиддӣ рӯ ба рӯ мегардад, аз ҷумла:
- Баргардонидани фаврии ҳоҷӣ аз Макка;
- Манъи сафар барои 5 то 10 соли оянда;
- Ҷаримҳои вазнин то 10 ҳазор риёли саудӣ;
Дар ҳолатҳои махсус боздошт ва тафтишоти амниятӣ сурат мегирад.
Бар асоси иттилои расмии Вазорати корҳои дохилии Арабистони Саудӣ “Ҳифзи тартибот ва муқаддасоти ҳаҷ аз ҳама авлотар аст. Риоя накардани дастурҳо, на танҳо ба шахс, балки ба тамоми гурӯҳ латма мезанад”.
Паёмадҳои вайрон кардани қоидаҳои нав
Риоя накардани муқаррароти расмӣ дар сафари ҳаҷ на фақат боиси саргардонии шахсӣ мешавад, балки метавонад бо паёмадҳои сахт, ҳатто аз сафари ҳаҷ маҳрумсозӣ анҷом ёбад. Аз ҷумла:
- Дипортатсия аз Арабистони Саудӣ дар вақти адои маросими ҳаҷ;
- Манъи сафари ҳаҷ аз 5 то 10 сол;
- Ҷарима аз 10 000 риёл боло.
Ҳатто боздошт ва таҳқиқ дар ҳолати қонуншиканӣ ва таблиғоти мамнуъ муқаррар шудааст;
Нашрияи расмии Вазорати корҳои дохилии Арабистони Саудӣ навиштааст: “Муҳим нест, ки ҳоҷӣ аз куҷост, ҳар шахсе, ки амният, низом ва муқаддасоти Маккаро зери хатар қарор диҳад, бо посухи қонунӣ рӯ ба рӯ хоҳад шуд”.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Дар форуми Қазон ҳамкориҳои иқтисодии Русия бо кишварҳои исломӣ баррасӣ шуд
Мушовири Хоманаӣ: “Мо омодаем ғанисозиро маҳдуд кунем”
Қазоқистон дар Осиёи Миёна аз рӯйи сифати зиндагӣ дар мақоми аввал қарор гирифт
Меҳрнигори Рустам дар ҷузвдонаш чӣ дорад?
