Ҷӯра Ҳошимӣ, адиби кӯдакону наврасон дар 78-солагӣ даргузашт
Иштироки Матлубахон Сатториён дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ»
Дар Тоҷикистон 1050-солагии Робиаи Балхиро таҷлил карданд
Ҷашнвораи VIII байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» оғоз гардид. Тоҷикистонро кадом театрҳо намояндагӣ мекунанд?
Донишмандон устухонҳои қадимитарин инсонҳои ибтидоиро кашф карданд
Бостоншиносон дар Аврупои Ғарбӣ устухонҳои қадимтарин навъи инсонро кашф кардаанд. Гуфта мешавад, ки ин устухонҳо қадимтарин навъи инсонҳо дар дунёро бозгӯ мекунанд.
Хабаргузории “Телеграф” иттилоъ медиҳад, ки устухони ҷоғ ва чеҳраи одами болиғ, ки 1, 1 то 1, 4 миллион сол таърих доранд, дар ғоре дар Серра-де-Атапуэрка, воқеъ дар шимоли Испания кашф шудааст.
Археологҳо аввал фикр мекарданд, ки ин пораҳои устухонҳо ба навъи “Homo antecessor” тааллуқ доранд. Вале баъди пажӯҳиш маълум шуд, ки шакли чеҳраи ин устухонҳо ибтидоитар аз он мебошад. “Homo erectus” – навъи хеле қадимитар, ки тақрибан 1, 8 миллион сол пеш дар ҷанубу шарқи Аврупо ворид шудааст.
Ин устухонҳо, ки муваққатан “Homo affinis erectus” номгузорӣ шуд, қадимитарин устухонҳои ёфташуда дар Аврупои Ғарбӣ ба ҳисоб меравад. Табиб Роза Ҳугоэ, аз Маркази каталонии палеоэкологияи инсонӣ ва эволютсияи иҷтимоӣ мегӯяд:
“Ин таҳқиқот шахсияти наверо дар таърихи эволютсияи инсон дар Аврупо нишон медиҳад. Дар давраи плейстотсени ибтидоӣ, бар хилофи он чи ки қаблан гумон мекардем, ки беш аз як навъи инсон дар Аврупо зиндагӣ мекард, аввалин навъи инсонӣ “Homo antecessor” набудааст”.
Гуфта мешавад, ки пораҳои устухонҳои чеҳра соли 2022 дар коплекси ғорҳои Сима-дел-Элефтанте дар Атауэрка ёфт шудаанд. Донишмандон то кунун онҳоро ҷамъоварӣ ва таҳқиқ мекунанд, то пайдоиши онҳоро муайян намоянд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Тоҷикистон ва Қазоқистон дар эраи нави робитаҳои сиёсиву иқтисодӣ
Чин аз Русия хост эътирофи расмии Толибонро лағв кунад
Ба Президенти мамлакат ордени Хоҷа Аҳмади Ясавӣ тақдим гардид
Ба оилаи афсари ҳалокшуда дар сарҳад хонаи истиқоматӣ тақдим гардид