7 Ноябр 2026,
шанбе, 17:43, Душанбе
07.11.2026 16:36

Тоҷикистон ва Қазоқистон дар эраи нави робитаҳои сиёсиву иқтисодӣ

Чанд ҳафта қабл иттилое нашр шуд, ки таваҷҷуҳи аксари коршиносони масоили хориҷиро ба худ ҷалб кард. Ин иттилоъ дар бораи ҳаҷми тиҷорати Тоҷикистону Қазоқистон буд. Гуфта шуд, ки ҳаҷми тиҷорати Тоҷикистон ва Қазоқистон дар давоми 9 моҳи соли 2026 ба 1 миллиарду 130 миллион доллар расидааст. Ин рақам баёнгари тақвият ва густариши равобити сиёсӣ ва иқтисодии Тоҷикистону Қазоқистон аст.

5-уми ноябр Пешвои миллат, президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари расмӣ, бо даъвати ҷониби Қазоқистон ба шаҳри Остонаи ин кишвар сафар карданд. Расонаҳои қазоқӣ қабл аз оғози ин сафар навиштанд, ки сафари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 то 7 –уми ноябр дар Қазоқистон идома карда, роҳбарони ду кишвар дурнамои сиёсиву иқтисодии ду кишварро ба шакли васеъ баррасӣ ва арзёбӣ хоҳанд кард.

Далелҳои оморӣ ва таҳлилҳои коршиносон нишон медиҳанд, ки Қазоқистон аз ҷойгоҳи хоса дар сиёсати хориҷии Тоҷикистон бархӯрдор аст. Агар ба факти 1 миллиарду 130 миллион доллар ҳаҷми тиҷорати миёни ду кишвар таваҷҷуҳ кунем, Қазоқистон баъди Чину Русия севумин кишварест, ки бо Тоҷикистон равобити амиқ дорад.

Баъди президент интихоб гардидани Қосим- Ҷомарт Тоқаев равобити Тоҷикистону Қазоқистон дар эраи нав қарор гирифт. Яъне, дар давраи президентии Қосим-Ҷомарт Тоқаев робитаҳои сиёсиву иқтисодӣ аз нав таъриф шуда, шакл гирифт. Сафарҳои пай дар пай ва дуҷонибаи роҳбарони ду кишвар паёми рӯшани дурнамои нави равобити хориҷии ду кишвар аст.

Дар давоми чанд соли ахир робитаҳои Тоҷикистон ва Қазоқистон аз доираи ҳамкориҳои маъмулии дуҷониба берун рафт, ба марҳилаи нави сиёсӣ ворид шуд. Имзои аҳдномаи ҳампаймонӣ, афзоиши гардиши тиҷорат, густариши робитаҳои нақлиётӣ ва ҳамкориҳои соҳаҳои маорифу фарҳанг аз наздикшавии бештари ду кишвар дарак медиҳанд. Бо вуҷуди ин, миёни имкониятҳои мавҷуд ва ҳаҷми воқеии ҳамкориҳои иқтисодӣ то ҳанӯз фосила вуҷуд дорад.

Равобит аз сатҳи шарикӣ ба ҳампаймонӣ расид

Ҷумҳурии Қазоқистон аз ҷумлаи кишварҳоест, ки Тоҷикистон баъди ба даст овардани истиқлолият бо он равобити дипломатӣ барқарор кард. Робитаҳои расмии ду кишвар 7-уми январи соли 1993 оғоз шуданд. Дар солҳои баъдӣ ҳамкориҳо тадриҷан густариш ёфта, ба соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, амниятӣ ва фарҳангӣ доман паҳн намуданд.

Марҳилаи муҳимми раванди зикршуда соли 2015 фаро расид: вақте ду кишвар шартномаи шарикии стратегиро имзо намуданд. Ин санад заминаи ҳуқуқии робитаҳои наздиктари Душанбе ва Остонаро фароҳам кард. Соли 2023 бошад, ду ҷониб эъломия дар хусуси ҳамкории ҳампаймонӣ қабул намуданд, ки аз нияти онҳо барои ба сатҳи баландтар бардоштани муносибатҳо шаҳодат медод.

Қадами муҳимтар дар ин самт, моҳи августи соли 2024 гузошта шуд. Дар ҷараёни сафари давлатии Қосим-Ҷомарт Тоқаев ба шаҳри Душанбе президентҳои ду кишвар Аҳднома дар хусуси робитаҳои ҳампаймониро имзо намуданд. Ҳамзамон 16 санади дигари ҳамкорӣ дар бахшҳои мухталиф ба имзо расид.

Баъди имзои санад барои ба иҷро даромадани он, расмиёти дохилӣ дар таърихи робитаҳои ду кишвар саҳифаи нав кушод ва барои таҳким додани шарикии стратегӣ ва ҳампаймонӣ заминаи устувор фароҳам кард.

Ин аҳднома фақат як эъломияи сиёсӣ нест. Он доираи васеи самтҳоро фаро гирифта, ҳамкориҳоро дар бахшҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, саноатӣ, кишоварзӣ, нақлиёт, энергетика, об, ҳифзи муҳити зист, маориф, илм ва фарҳанг муайян мекунад. Ҳамчунин, масъалаҳои амниятӣ ва муҳоҷирати меҳнатӣ дар он ҷойгоҳи махсус доранд. Қазоқистон аҳдномаро 5-уми майи соли 2026 ба тасвиб расонд ва санад аз 14-уми майи ҳамон сол эътибор пайдо намуд. Ҳамин тавр, муносибатҳои ду кишвар расман ба марҳилаи ҳампаймонӣ ворид шуд.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

07.11.2026 16:36

Тоҷикистон ва Қазоқистон дар эраи нави робитаҳои сиёсиву иқтисодӣ

Чанд ҳафта қабл иттилое нашр шуд, ки таваҷҷуҳи аксари коршиносони масоили хориҷиро ба худ ҷалб кард. Ин иттилоъ дар бораи ҳаҷми тиҷорати Тоҷикистону Қазоқистон буд. Гуфта шуд, ки ҳаҷми тиҷорати Тоҷикистон ва Қазоқистон дар давоми 9 моҳи соли 2026 ба 1 миллиарду 130 миллион доллар расидааст. Ин рақам баёнгари тақвият ва густариши равобити сиёсӣ ва иқтисодии Тоҷикистону Қазоқистон аст.
07.11.2026 16:13

Ба Президенти мамлакат ордени Хоҷа Аҳмади Ясавӣ тақдим гардид

Тавре ки хадамоти матбуоти Президенти мамлакат иттилоъ медиҳад, барои саҳми барҷаста дар таҳким ва рушди пайвастаи муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкорӣ миёни ду кишвар, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҷоизаи олии давлатии Қазоқистон - ордени Хоҷа Аҳмади Ясавӣ сарфароз гардонида шуданд.
07.11.2026 15:12

Ба оилаи афсари ҳалокшуда дар сарҳад хонаи истиқоматӣ тақдим гардид

Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид дар ноҳияи Панҷ ба оилаи афсари ҳалокшудаи Раёсати Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон калиди хонаи истиқоматиро тақдим намуд.
07.11.2026 10:21

Президенти кишвар бо Подшоҳи Шоҳигарии Ҳошимии Урдун Абдуллоҳи II ибни Ал-Ҳусайн мулоқот намуданд

6-уми ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон бо Подшоҳи Шоҳигарии Ҳошимии Урдун Абдуллоҳи II ибни Ал-Ҳусайн мулоқот намуданд.
07.11.2026 10:20

Сарвари давлат: “Гурӯҳу созмонҳои ҷиноятпеша метавонанд зеҳни сунъиро барои ихтироъ ва истеҳсоли аслиҳаи муосир истифода намоянд”

6-уми ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон дар ҷаласаи “Раванди Ақаба” оид ба масъалаҳои таъмини амният дар соҳаи зеҳни сунъӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.
07.11.2026 08:32

Амрико ҳашт ширкати молиявии Канадаро ба далели анҷоми муомилот бо Эрон таҳрим кард

Вазорати молияи Амрико эълон кардааст, ки ҳашт ширкати хидматрасонии молиявии мустақар дар Канадаро, ки ба гуфтаи ин вазоратхона, муомилот бо ниҳодҳои таҳримшудаи Эронро осон кардаанд, таҳрим кардааст.
07.11.2026 07:23

Мақоми Созмони Милали Муттаҳид хостори иқдоми фаврӣ барои ҳимоят аз таҳсили духтарони Афғонистон шуд

Мелисса Флеминг, муовини дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид дар умури равобити ҷаҳонӣ, хостори иқдоми фаврӣ барои ҳимоят аз таҳсили духтарон дар Афғонистон шудааст.
05.11.2026 17:27

Ҳушдори Русия ба Аврупо: ҷойгир кардани неру ва амалиётӣ низомӣ Баҳри Сиёҳро ноором мекунад

Вазорати корҳои хориҷии Федератсияи Русия гуфт, талошҳои Иттиҳоди Аврупо барои оғози амалиёти низомӣ дар Баҳри Сиёҳ боиси афзоиши танишҳо мешавад. Русия ҳушдор дод, ки чунин иқдом метавонад боиси ноамнии бештар дар минтақа шавад.
05.11.2026 17:18

Муовини Трамп: Ҷанг бар зидди Эрон ва ҳамкорӣ бо Исроил далели шикаст дар интихобот аст

Ҷей Ди Вэнс, муовини президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико гуфт, ҷанг бар зидди Ҷумҳурии Исломии Эоон ва ҳамкории Вашингтон бо Исроил омилҳои асосии шикасти Ҷумҳурихоҳон дар интихоботи миёндавраии Амрико аст.
05.11.2026 17:12

Сафири Русия: Тақрибан 40 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар донишгоҳҳои Русия таҳсил мекунанд

Семён Григорев, cафири Федератсияи Русия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мегӯяд, ҳамкориҳои Тоҷикистону Русия дар соҳаи маориф барои нигоҳ доштани робитаҳои наздик ва ҳампаймонӣ дар оянда замина фароҳам мекунанд.